Рӯзи шанбеи гузашта – 24-уми май дар як ҳазору 291 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят, аз ҷумла дар мактаби рақами 10-уми деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд низ зери шиори «Илм – шарафи бузург!» тадбири пуршукӯҳи фарҳангӣ хотирнишон гузашт.
Аз субҳи солеҳон писаракону духтаракон, падарону модарон бо табъи болида ва гулдастаҳои тару тоза дар даст фавҷ-фавҷ рӯ ҷониби таълимгоҳ оварданд, ки саҳни он қаблан идона зебу зиннат ёфта буд.
Ақрабаки соат ба 8 наздик гардид ва бо «хайра мақдам» гуфтани баранда мадҳияи давлатӣ танинандоз шуд.
Сипас Табрикоти самимонаи Президент Ш. Мирзиёев ба хатмкунандагони мактабҳои мамлакатамон хонда шуд.
Роҳбари мактаб, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Холида Шамсиддинова таъкид намуд, ки ҳоло дар боргоҳи дониш 3 ҳазору 329 нафар хонанда таълиму тарбия гирифта, ба онҳо 158 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба сабақ медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки имсол 135 нафар синфи 11-умро хатм карда, аллакай панҷ нафар ба мактабҳои олии бонуфузи Англия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Русия тавассути онлайн қабул шудаанд.
– Соли гузашта мактаби мо дар рӯихати дохил шудан ба мактабҳои олӣ ҷойи аввалро гирифт. Натиҷаи имсол низ қаноатбахш хоҳад шуд. Зеро 18 нафар хатмкунандагони мактабамон соҳиби IELTS, яъне гувоҳномаи махсус барои дохил шудан ба мактабҳои олиро доранд, – иброз дошт Х. Шамсиддинова. 15-уми майи соли равон сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба таълиму тарбия назди мо – муаллимон вазифаҳои таъхирнопазир гузоштанд, ки таълим бояд босифат бошад. Ба маълумоти шумоён, меҳмонони олиқадру гиромӣ расонам, ки хонандагони мактабамон дар озмуну олимпиадаи фаннӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Чанде пеш дар озмуни вилоятӣ доир ба омӯхтани забони хориҷӣ ҷойи дувумро гирифтем. Қаблан се маротиба паиҳам ғолиб омада, роҳхат барои таҷрибаомӯзӣ ба Англия насибамон гашта буд.
Ҳоло аз он ифтихор дорем, ки талабагони ин маскани таълим Манижа Муҳаммадиева аз фанни биология, Чарос Бурҳонова аз забони англисӣ, Амина Қурбонова – математика ва дигарон дар олимпиадаи вилоятӣ ба шоҳсуфаи баланд баромада, мактабамонро боз ҳам машҳур карданд.
Хонандаи синфи якум Аминабону Зоҳирова дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот дар Осиёи Ғарбӣ ҷойи савумро ишғол намуд.
Инчунин дар чорабинии мазкур ғайр аз хонандагону омӯзгорони пешқадам, падару модарони фаъол низ қадршиносӣ шуданд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.