Дар поёни музокироти сатҳи олии Ӯзбекистон ва Италия дар Маркази байналмилалии Конгресс маросими тантанавии ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд гузоштани номи шаҳри Рим баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки ин қарор бо дарназардошти робитаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ, сатҳи баланди кунунии муносибатҳои шарикии стратегӣ, инчунин ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила байни халқҳои Ӯзбекистон ва Италия қабул карда шудааст.