Роҳбарон аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон ва Италия: Гуфтугӯи тамаддунҳо» боздид карданд

  • Роҳбарон аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон ва Италия: Гуфтугӯи тамаддунҳо» боздид карданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони аз намоишгоҳи «Ӯзбекистон ва Италия: Гуфтугӯи тамаддунҳо», ки дар Маркази конгресси шаҳри Самарқанд ташкил шудааст, боздид ба амал оварданд.

Ин экспозитсияи нодир ба робитаҳои амиқи таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар бахшида шудааст. Он аз 9 бахши мавзӯӣ иборат буда, «Муносибатҳои тиҷоратии империяҳои Рим ва Кӯшонӣ», «Эҳёгарии аввалин», «Марко Поло», «Амир Темур», «Мирзо Улуғбек» ва «Мирзо Бобур», «Итолиёиҳо дар Ӯзбекистон дар асри XIX», «Саҳми ӯзбекистониҳо дар озодии Италия дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ», «Ӯзбекистон ва Италия: ҳифзи мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи онҳоанд.

Ба меҳмонон нусхаи нодири фрескаи Афросиёб бо номи «Қабули сафирон аз ҷониби ҳокими Самарқанд», ки намоишгоҳро ифтитоҳ мекунад ва аз ҷониби устои маъруфи итолиёвӣ Мауро Пеллитсонни дар техникаи мозаикаи флоренсиягӣ офарида шудааст, муаррифӣ гардид.

Роҳбарон ҳамчунин бо артефактҳои гуногун, прожексияҳои графикӣ, дастхатҳо ва миниатюраҳо, нусхаҳои нодири адабӣ, ҳайкалҳо, суратҳои бойгонии таърихӣ ва ҳуҷҷатҳо шинос шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: