Президент Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ дар хиёбони Маркази конгресс якҷоя ниҳоли дуб шинонданд.
Маросим рамзи дӯстии халқҳои ду мамлакат ва саъю кӯшиши устувор ба рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Италия гардид.
Меҳмони олиқадр сафари худро ба мамлакати мо бо тамошои ёдгориҳои таърихии Самарқанд давом дод.
Сарвари давлатамон сафари худро ба Самарқанд анҷом дода, ба Тошканд баргашт.