Маҳфили навбатии андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» чанде пеш дар мактаби рақами 38-уми деҳаи зебоманзари Синтаб баргузор гардид. Маҳфил доир ба мазмун ва мундариҷаи китоби «Баҳористон» ва шарҳи ҳоли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ буд.
Воқеан Синтаб ҳамчун деҳаи сайёҳӣ имрӯз машҳури ҷаҳон гардида, бо табиати дилангези худ табъи ҳар як сайёҳро шод, рӯҳашро болида мегардонад. Деҳа дар бағали кӯҳистон воқеъ буда, табиати хос дорад. Аз дарвозаи қашанги бо усули ба худ хоси сангчинӣ бунёд гардида, ба деҳаи Синтаб ворид мешавед. Дар самти рости даромадгоҳ ҳавзи сероб дар бағали кӯҳ ҳаст. Роҳ мумфарш. Ду самти роҳро боғҳои сердарахт зеб медиҳанд. Он рӯзи маҳфил табиати рангини Синтаб низ меҳмононро ба таъбире хуш пазироӣ мекард. Як рӯз аввал борон борида буд. Қуллаҳо барфпӯшу дарахтон сарсабз буданд. Саҳнаи мактаб бо овезаю маҳсулоти ҳунарҳои дастии мардумӣ хуб оро дода шуда буд. Растаҳои китоб диққати ҳозиринро ба сӯйи худ мекашиданд...
Маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд», ки бо ташаббуси нависандаи шинохта Юнуси Имомназар арзи вуҷуд кардааст, имрӯз воқеан доман паҳн мекунад.
Дар нишасти навбатии он аз рӯйи анъана донишомӯзони даҳ мактаби кӯҳпояи Нурато аз вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ иштирок намуданд. Аз натиҷаҳои он хонандаи закӣ аллакай тариқи рӯзномаи «Овози тоҷик» огоҳ аст.
Боиси хушнудист, ки дар ҳар нишасти навбатии он китобҳои тозанашри адибон рӯнамоӣ ва ба иштирокдорони маҳфилу ихлосмандон тақдим карда мешаванд. Ин дафъа асосан ду китоб – «Даҳ пурсишу даҳ посух» ва «Ману мурғи чаман як нола дорем» пешниҳод гардиданд. Китоби якум як маснавии ҳамном ва ашъори шоири шинохта Паймонро фаро мегирад. Китоби дуюм ба қалами шоири маъруф Абдулло Субҳон тааллуқ дошта, асосан дубайтиҳои ӯро дар бар гирифтааст.
Ин ҷо бояд зикр кард, ки таваҷҷуҳи шахсони олиҳиммат ба рушду ривоҷи адабиёт меафзояд. Онҳо барои то ба хонандагон расидани асарҳои шоирону нависандагон саҳм мегиранд. Узви раёсати Маркази миллию фарҳангии «Ориёно»-и шаҳри Тошканд Мурод Махсудов 200 дона китоби «Даҳ пурсишу даҳ посух»-ро харидорӣ намуда, ба донишомӯзон ва китобхонаҳои мактабҳои кӯҳпояи Нурато ҳадя намуд. Ин амалест боиси таҳсин ва пайравӣ. Зеро маҳз китоб «қуфлкушои ҳама дарҳо» мебошад. Ба иштирокдорон – донишомӯзоне, ки дар маҳфил иштирок мекунанд, ҳамеша китобҳо ва маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» тақдим карда мешаванд.
Забон рукни асосии миллат аст. Пайдост, ки имрӯз сафи китобу рӯзномаву маҷаллахонон хеле костааст. Ҳол он ки маҳз онҳо манбаи асосии рушду нумӯъ ва ташаккули забон мебошанд. Ин раванд асосан ба вазифаи мактаб табдил ёфтааст. Имрӯз миқдори мактабҳо ба забони тоҷикӣ кам, вазъи кӯдакистонҳо ҳам хуб нест. Ин ҳолат боиси косташавии забон мегардад. Забони адабӣ ба забони шевагӣ мубаддал мешавад. Бисёр шоҳид шудаем, ки намояндагони ду деҳаи аҳолиашон ҳамзабон шеваи ҳамдигарро фаҳм накарда, ба забонҳои дигар муошират мекунанд.
Маҳфили «Хирадманд» дар ҳаллу фасли чунин мушкилот мавқеи муҳим пайдо мекунад. Дар ҳудуди хурд бошад ҳам, ба ташаккули забони модарӣ саҳм мегирад. Толибилмонро ба хондани китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ҳавасманд ва роҳнамун мекунад. Ҳар як иштибоҳи хонандаи иштирокдори маҳфил аз ҷониби дастаи ҳакамон шарҳу эзоҳ дода мешавад. Дар маҳфил натанҳо толибилмон, тамошобинони зиёд низ иштирок мекунанд, ки аз ин шарҳу эзоҳот бебаҳра намемонанд.
Аллакай ба мушоҳида расид, ки «Хирадманд» натанҳо ба рушду нумӯи забони модарӣ, балки ба тарғиби осори адибони бузурги адабиёти тоҷик низ саҳмгузор аст. Иштироки дастаи мактаби рақами 35-уми ноҳияи Нурато, ки он ҷо таълим пурра ба забони қазоқӣ аст, далели боэътимоди ин гуфта мебошад. Намояндаи дастаи он Шарора Шодимуродова дар сабқати шеърхонӣ ба забони қазоқӣ ғолиб омад ва сазовори ҷоиза гардид.
Ҷолиб аст, ки дар доираи маҳфил озмуни «Қаламкаши наврас» низ амал мекунад. Намунаҳои беҳтарини навиштаҳои наврасон дар маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва рӯзномаи «Ховар» ба чоп расидаанд. Ин амали нек ба сайқал додани забони хаттӣ ва шифоҳии хонандагон ва боло бурдани сатҳи фаъолияти эҷодии онҳо кӯмак мерасонад.
Дар кори маҳфили «Хирадманд» раиси Ҷамъияти милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов фаъолона иштирок намуда, ғолибонро бо сипоснома, китобу маҷалла ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдир мекунад.
Бояд зикр намуд, ки ба фаъолияти «Хирадманд» ҳокимият ва дигар муассисаҳои давлатии ноҳияи Нурато таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Дар маҳфили зикршуда ҷонишини ҳокими ноҳия Шуҳрат Вафоев, мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабӣ Камола Шамиева, муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Дӯстлик байроғи» Бобоқанд Умаров, ҷонишини раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон Баҳриддин Садриддин ширкат варзиданд ва суханронӣ карданд.
Иштироки роҳбари шуъбаи ноҳиявии Оҷонсии кор бо ҷавонон Воҳид Қобилов дар ҷараёни фаъолияти маҳфил боиси таъкиди махсус аст. Ин ҷавони боғайрати нуратоӣ бори дуюм аст, ки дар маҳфил иштирок дорад ва забони тоҷикиро хуб балад аст. Маҳз бо ташаббуси ӯ саҳнаи мусобиқа бо овезаҳои ҷолиби марбута, гӯшаҳои наққошӣ ва дастовардҳои ҳунарҳои миллӣ ороиш дода мешавад. Ҳамчунин аз ҷониби шуъбаи нуратоии оҷонсӣ тамоми дастаҳои иштироккунанда бо китобу маҷалла ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдир мешаванд.
Дар охир мехоҳем ба аъзои раёсати маҳфили «Хирадманд» як нуктаро пешниҳод кунем, ки он аз ҷониби роҳбарони дастаҳо изҳор гардид. Яъне хуб мебуд, омӯзгоре, ки шогирдонаш дар мусобиқаҳои маҳфил иштирок доранд, дар ҳайати ҳакамот набошад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.