Розия (ҳамсари Раҳим Ҷалил) чун актрисаи театр ва сароянда ба равнақи санъати тоҷик саҳм гузошт. Айни вақт вай дар оила вазифаҳоеро, ки ба зиммаи зан аст, чун бонуе, ки мардро мард мекунад, ба иҷро мерасонд.
Маълум, ки нависанда Раҳим Ҷалил фаъолияти мустақилонаи худро аз театр ба сифати ходими адабӣ оғоз кардааст. Баъди роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон таъин шуданаш ҳам, гуфтан мумкин, як пояш дар театр буду ҳамкориро ба ҷамоаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хуҷанд, ки он вақт номи Пушкинро дошт, идома медод.
Розия баъди ношито шавҳарро бо чеҳраи кушод ба кор гусел мекард. Вале на ҳар бегоҳирӯз имкон дошт ӯро дар хона, дар дами дарвоза истиқбол намояд: вақте дами бегоҳ Раҳим Ҷалил аз кор ба хона меомад, ба ҳамсараш дар театр «рӯзи корӣ» ҳамон идома меёфт. Вай бевақтии шаб бармегашт.
Истироҳат мекард? Аз куҷо... Дӯхтудӯз, шустушӯй ва иҷрои ҳазору як кори дигари рӯзгор. Дар либосовезаки шкафи барқад либосҳои Раҳим Ҷалил ва аъзои дигари хонадон ҳамеша тоза ва озода, дарзмолхӯрда. Шавҳар ҳатто пай намебурд кай занаш аз театр баргашт ва ҷомашӯйӣ кард.
Актриса модар низ ҳаст. Парваришу калон кардани кӯдак осон? Вақте ба кор рафт, тифли худро ба кӣ мегузорад?
Актриса-модарҳо маҷбуранд бачаи хурдсоли худро ҳамроҳ ба театр баранд. Он ҷо кӣ нигоҳубин мекунад кӯдакро? Хайр, як соат нигоҳ карданаш мумкин, ду соат...
Модар-актриса ин тараф дар репетитсия ё дар саҳна нақш мебозаду ҳушу хаёлаш ба он тараф – ба кӯдак ё кӯдаконаш.
Калон кардани ду-се тифл, эҳтимол, он қадар мушкил нест. Вале актриса серфарзанд бошад-чӣ?
Розия Арслоноваи серфарзанд, дар ҳамин гуна шароит, бачаҳои худро калон кард...
Писари ӯ Муин чунин нақл карда буд:
– Мо, фарзандон, дар театр калон шудем. Бачаҳое, ки дар хона калон мешаванд, ҳар қадар хоҳанд шӯхиву бозӣ карданашон мумкин. Вале дар театр ба бачае, ки ҳамроҳи модараш омадааст, ин хел имконият мавҷуд нест. Бошад ҳам ниҳоят маҳдуд. Бо ҳазору як насиҳат баъзан розӣ мешуданд спектаклҳоро тамошо намоем. «Фарҳод ва Ширин», «Тоҳир ва Зуҳро», «Тошболтаи ошиқ»...
Вақте модарамон нақш мебозид, аз он чӣ дар пеши назарамон рӯй медод, сахт нороҳат шудаву ба ташвиш афтода, додзанон аз ҷой мехестем: «Ҳой, модари маро накуш! Буваҷон!!!»
Спектакл вайрон мешуд...
***
Рӯзҳои истироҳат аз дуру наздик меҳмонҳо меомаданд. Он тарафаш аз Душанбе (дӯстони ҳамқалами Раҳим Ҷалил бо аҳли хонаводаашон), ин тараф аз Бухоро қудову пайвандон (Розия аз Қалъаи Вардонзеи ноҳияи Шофиркон буд).
Розияхонум дасту дили кушод дошт. Ташвиши қабулу гусел ӯро монда намекард. То дастархон банур шавад, худаш ба бозор метохт!
Баъди келиндор шудан корҳои хона як қадар сабук гашт. Арӯсҳои хонадон Қумриву Кимиё ба бахти Розияхонуму шавҳараш «духтар»-ҳои нағз баромаданд. Духтарҳо баробари хидмати падару модар дар меҳмондорӣ ҳаваси ҳамсоягонро меоварданд. Келинҷонҳо, ин қадар меҳмонҳоятон бисёр, мегуфтанд онҳо шӯхиомез, шумо давутоз мекунеду мо монда мешавем.
Дар байни ӯзбекон низ дӯст ва бародарони зиёд дошт Раҳим Ҷалил. Хусусан, байни ӯву адиби ӯзбек Ғафур Ғулом «қил намегузашт».
Назар ба нақли Муин, роҳи Ғафур Ғулом аз Тошканд ба Қӯқанд ба воситаи Хуҷанд буд. Ҳамсари Ғафурака (Муҳаррамахонум) хӯқандист. Вақте зану шавҳар баҳри хабаргирии пайвандон роҳи водиро пеш гирифтанд, як сари қадам ба Хуҷанд, ба хонадони Раҳим Ҷалил даромада, баъд ба Қӯқанд мерафтанд.
Боре Алмос – духтари Ғафур Ғулом ҳамроҳи падараш ба хонаи Раҳим Ҷалил рафта будааст. Вай нақл мекунад, мошини мо ба дами дарвозаи Раҳимака қарор гирифту падарам ҳанӯз аз мошин нафуромада: «Ҳой, кӣ ҳаст?» гӯён садо бароварданд. Чанд бача тозон баромад. «Ғафурамакамон омаданд!»
Дар гуна табассум, Розияапаву Раҳимака низ ба кӯча баромаданд. Вохӯрии ду адиб дидорбинии ду бародарро ба хотир меовард.
Ба ҳавлӣ даромадем. Ман аллакай дугонаҳои худро ёфта будам. Ба болои кате, ки атрофаш бо гулҳо печонда шуда буд, ҷой андохтанд. Бо имои падарам савғотиҳои овардаамонро дароз кардам. Духтарон зуд дастпонаҳоро андохтанд, хурсандиашонро андоза набуд. Розияапа ба пухтупаз андармон гашт...
Мо, духтарон, барои он ки ба суҳбати падарҳо халал нарасонем, ба хонае даромадем, нисф тоҷикӣ, нисф ӯзбекӣ, чун гунҷишкакон чириққос мезадем.
Як номаи ба падарам навиштаи Раҳим Ҷалилро ҳанӯз эҳтиёт мекунем, идома медиҳад Алмосапа. «Муҳтарам Ғафур Ғулом! Имрӯз ману Розия ба Тошканди шариф наздик шуда истода, аз радио овози шуморо шунидем. Шумо ба пахтакору чорводорон насиҳат мекардед...»
Дар поёни нома «Раҳим Ҷалил. 24 феврали соли 1962» навишта шудааст.
Яке аз номаҳои шеърии Ғафур Ғулом ба Раҳим Ҷалил бо истифода аз санъати «ширу шакар» иншо шудааст:
Ҷӯраи жонам Раҳимҷони Ҷалил,
Бандага бир илтифоте айлагил.
Меҳмон бӯлгил уйимга як-ду рӯз,
Келину Пӯлоду Гулрӯ бирла кел.
Моҳи декабри соли 1962, вақте Алмос баъди табобат аз беморхонаи Маскав ба Тошканд баргашт, Раҳим Ҷалилу ҳамсараш бо духтарҳояшон хабаргирӣ меоянд. Боз Алмосапа аз он мамнуну миннатдор, ки вақте нахустфарзандаш ба дунё омад (соли 1963), Раҳим Ҷалилу Розияапа баҳри табрик ба Тошканд омаданд. Чун Ғафур Ғулом даргузашт, зану шавҳар зуд расида омаданд. Раҳим Ҷалил, об дар чашму нолаҳо дар дил, як пояи тобути дӯст ва бародари ҳамқаламашро бардошт.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва артисткаи хидматнишондодаи Тоҷикистон Розия Арслонова, тавре ишора рафт, дар оиладорӣ низ ба дигарон мактаб буданд.
Дар бораи ҳамсари аввалаи Раҳим Ҷалил ҳам, ки Ҳалима ном дошт, суханҳои нек мегӯянд. Нависанда Ҷалол Икромӣ мегуфт, Ҳалима воқеан зани ҳалим буд...
Фарзандоне, ки Раҳим Ҷалил тарбия кардааст, раҳматовар шуданд. Аз писарҳо Манзур – академик, Шариф – доктори фан, Камол – матбаачии номдор, Пӯлод –рӯзноманигор, аз духтарҳо Фотима – духтур...
Хулоса, ҳама шахсони зиёӣ ва соҳибмаърифат. Чанд нафари онҳо, афсӯс, ҳоло дар қайди ҳаёт не.
***
Чун Розияхонум бонувони ба шавҳарашон фидоӣ бисёр, албатта. Вале раҳматӣ садоқат ва ғамхории хос дошт нисбати соҳиби сар. Писарҳо шӯхӣ кунанд ва директор падари онҳоро ба мактаб ҷеғ занад, Розияапа худро сипар мекард. Ба мактаб мерафт ва мегуфт: «Ҷазои бачаро худам медиҳам, илтимос, додош нафаҳманд!»
Ҳаракат мекард ҳар масъалаеро, ки боиси ташвиши хонадон шуданаш мумкин, худаш ҳал кунад. Намехост шавҳараш нороҳат шавад. Дилтаппону пурҳаяҷон такрор мекард: «Падарашон нафаҳманд!»
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ