Пайдост, ки ҳар як инсон дар зиндагӣ орзуи хушбахт шудан дорад.
Вале хушбахтиро ҳар кас ба тарзи худ мефаҳмад. Он барои баъзеҳо пулу мол аст, барои дигарон саломатӣ, оила, дӯстӣ, муҳаббат... Аз назари мо хушбахтӣ, на танҳо доштани чизҳои моддӣ, балки эҳсоси оромии дил ва муҳаббати атрофиён аст. Хушбахт касест, ки ҳар рӯз субҳро бо табассум пешвоз мегирад, аз зиндагӣ лаззат мебарад, ба дигарон хайр мерасонад ва дар дил кина намепарварад. Мо метавонем аз чизҳои хурд низ хушбахтӣ ёбем, чунончӣ, муваффақият дар таҳсил ё як сухани гарми омӯзгор. Ҳатто кумак ба дигарон низ метавонад инсонро хушбахт кунад. Хушбахт касест, ки аз ҳар рӯз, ҳар лаҳза ва ҳар нафас шукр мекунад. Яъне хушбахтӣ таҷриба аз дирӯз, истифода аз имрӯз, умед ба фардост.
Мо ҳар рӯз, бо ҳар амали хуб, бо ҳар фикри нек ва бо шукргузорӣ хушбахттар мешавем. Агар дил соф бошаду ният пок, хушбахт хоҳем шуд. Беҳтарин роҳи хушбахт шудан хушбахт кардани дигарон аст. Хушбахтӣ бо сарвати зиёд не, бо меҳру муҳаббати зиёд меояд.
Хушбахт шудан осон аст, агар қадри зиндагии худро бидонем ва аз ҳар лаҳзаи он баҳра бурда тавонем. Хушбахтӣ на фақат гирифтан, балки додану бахшидан ҳам ҳаст. Хушбахт касест, ки аз он чи ки дорад, хурсанду розист.
Ман низ, хушбахттарини хушбахтон ҳастам. Чунки дар диёри офтобрӯям – Ӯзбекистон зиндагӣ мекунам. Ман хушбахтам, зеро миллату забони худро дорам. Забони модариам бо тамоми малоҳату фасоҳаташ, маро бо гузаштаам мепайвандад ва бо фарҳанги ғании халқам ошно месозад. Ман хушбахт ҳастам, зеро чашм дорам ва зебоии ҷаҳонро мебинаму мушоҳида мекунам. Гӯш дорам, ки садои модарро мешунавам. Қалб дорам, ки муҳаббатро эҳсос мекунам. Хушбахтам, ки падару модарам зиндаву саломатанд ва маслиҳатгару дуогӯйи мо – фарзандон мебошанд.
Шаҳноза Бобораҷабова,
донишҷӯйи курси савуми бахши забону адабиёти тоҷики ДДФ.