БОРИ ҚАЛАМИ ШАРИФ

Дар байни одамон гашта, бо дарду ранҷи онҳо аз наздик ошно шудан, заҳмату саъю давутози мардумро бо чашми худ дида, хулоса бароваран ва низ каму кости амалкардҳои норавои атрофиёнро пай бурда, аз онҳо бо назари интиқодӣ пайгирӣ кардан аз ҷумлаи бархурдҳои доимии эҷодкорони асил аст.

Шариф Халил нависандаест, ки аксари вақти хешро дар ҳузури мардум мегузаронад. Хеле дӯст дорад бо тарзи зиндагӣ, орзую ҳавасҳои одамон шинос шавад ва қаламиҳояшро маҳз аз дидаю ҳискардаҳои худ офарад. Ва он чӣ Шариф меофарад, на танҳо бадеъият ва назокат дорад, ҳамчунин танзомез аст, суханҳоеро бо лутфу мутоиба дар қолаби адабӣ фаро мегирад.

Ӯ дар эҷодиёти худ ба мавзуъҳое рӯ меоварад, ки тӯли солҳои зиёд доғ буда, аз ҷиҳате дили мардумро сӯзондаанд. Ҳаёти одамон бо тақозои замон ба чандин ранг сурат мегирад. Чунончи, дар замони салтанати Шуравӣ касе набуд, ки гузаштагони начандон дури худ, аз ҷумла, қозию муллоҳоро интиқод накарда бошад. Авом чунин мепиндоштанд, ки тамоми қозиҳо инсонҳои ҷоҳил, ситамгар, бадзот ва муллоҳо низ диндори ифротӣ, чаласавод, мардумфиреб ва ҳоказо ҳастанд. Онҳо инсонҳои кордону донои замони худ ҳам буданд. Муллоҳо Каломи шариф мехонданд, на танҳо қироат, балки онро аз ёд медонистанд ва инро кофӣ надониста адабиёти пешинаро мутолиа мекарданд, барои тасдиқи фикру мулоҳизаҳои худ аз «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Хамса»-ҳо, ашъори Саъдиву Ҳофизу Камолу Бедил ва ғайра иқтибос меоварданд ва ба маврид ҷавонҳоро ба хондану омӯзиши илмҳои дигар раҳнамун месохтанд. Ҳикояи «Қурбони мулӯҳ»-и нависанда ин ҳолро дар тимсоли Мулло Абдуллоҳ хеле равшан ва муассир бозгӯ мекунад. Ба вижа, солҳои бистуму сиюми асри гузашта дар байни халқи мо хоиноне мисли Шукруллоҳи комсомол бисёр буданд. Онҳо ба мисли ангалҳои музир бештар то дили одамони зиёӣ роҳ меёфтанд ва аъмолу асрори онҳоро ифшо карда, худашонро ба мақомоти мустабид мефурӯхтанд.

Китоби тозаи Шариф Халил, ки бо номи «Дар орзуи рӯшноӣ» аз тариқи нашриёти «Китоб нашр»-и Тирмиз ба чоп расидааст, ҳамчунин қиссаи «Як шаби боронӣ», ҳикояҳои «Маро як бор модар гӯй», «Мазори Нинӣ», «Ангеза», «Ҳарза», чандин ҳикояти муҷаз ва очерку мақолаҳои адибро дарбар мегирад.

Ин муждаи баҳорӣ дар фазои адабиёти Варорӯд шоистаи истиқбол ва гӯёи идомати каломи ноби форсӣ дар ин сарзамин аст. Интишори китоби нави нависандаи хушзавқ, хабарнигори фаъоли «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил ба ҳар яки мо хуҷаста бод!

Юнуси ИМОМНАЗАР,

адиб.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: