Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни Иди мубораки Қурбон, ки тимсоли фазилатҳои наҷиби мардуми мо, аз қабили меҳру оқибат, инсондӯстӣ, шукргузорӣ, саховат ва таҳаммулпазирӣ буда, дар тӯли асрҳо дар ҳаёти маънавии мо нақши муҳим бозидааст, дар шароити имрӯза, ки равандҳои бунёди давлати иҷтимоӣ дар Ӯзбекистони Нав ба марҳилаи ҳалкунанда ворид мешавад, инчунин, бо мақсади ҳамаҷониба сазовор истиқбол намудан ва гузаронидани ин айёми муборак, ҳифз кардан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу динӣ қарор мекунам:
1. Ахбори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи дар соли 2025 ба санаи 6 июн — ҷумъа рост омадани рӯзи аввали иди Қурбон чун маълумот қабул гардида, 6 июн дар мамлакат ҳамчун рӯзи иди Қурбон васеъ ҷашн гирифта шавад.
2. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ҷиҳати муносиб пешвоз гирифтани иди Қурбон барои кормандоне, ки дар ҳафтаи кории шашрӯза кор мекунанд, 7 июни соли 2025 (шанбе) рӯзи иловагии истироҳатӣ муқаррар карда шавад.
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Кумита оид ба корҳои дин, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя бо ташкилотҳои ҳамкор барои дар ҳамоҳангӣ бо анъана ва арзишҳои миллии халқи мо гузаронидани иди мубораки Қурбон дар минтақаҳо чораҳои дахлдор андешанд.
4. Кумитаи сайёҳӣ якҷоя бо Вазорати нақлиёт барои ташкили зиёрат ба зиёртагоҳҳои муқаддас ва қадамҷойҳои таърихӣ барои ҳамватанон дар рӯзҳои иди Қурбон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад.
5. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили иди Қурбонро васеъ инъикос намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.Қ.Давлетов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ