Муҳтарам, роҳбарони ҳайатҳо!
Ба суханони миннатдорӣ, ки ба шарафи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои ташкили нишаст дар сатҳи олӣ ва меҳмондӯстии анъанавӣ баён гардиданд, ҳамроҳ мешавам.
Бори дигар ба раиси Шӯрои Вазирони Италия, хонуми муҳтарам Ҷорҷа Мелони барои ташаббус дар бораи гузарондани мулоқоти имрӯза ташаккур мегӯям.
Мехоҳам таъкид намоям, ки мо ин анҷуманро натиҷаи тавофуқҳо дар бораи шарикии стратегӣ миёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо медонем, ки дар нишасти ахири Самарқанд ба даст омадаанд.
Ҷониби Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳои самарабахши амалиро дар ин формат, пеш аз ҳама, бо назардошти иқтидори технологӣ, саноатӣ ва зеҳнии мамлакатҳоямон ривоҷ диҳад.
Муҳтарам, иштирокдорони нишаст!
Рӯзномаеро, ки барои мулоқоти мо пешниҳод гардидааст, комилан дастгирӣ мекунам.
Дар шароити воқеияти кунунии равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дар замоне, ки таҳдидҳои умумӣ ба амният ва рушд пурзӯр мешавад, роҳандозӣ кардани майдони муколамаи бисёрҷонибаро бо Италия хеле зарур меҳисобам.
Мехоҳам алоҳида қайд намоям, ки мамлакатҳои моро таърихи чандинасраи равобити тиҷорӣ ва фарҳангӣ мепайвандад. Аввалин мубодилаи дипломатӣ ба давраи шоҳигарии Кушониён ва замони ҳукмронии император Август рост меояд. Ҳазорон сол муқаддам солноманависон, шоир ва мутафаккирон сатҳи баланди тараққиёти тамаддуни шаҳрҳои моро қайд карда буданд.
Боз як далел: аз асри XII сар карда, олимони итолиёӣ осори бебаҳои Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ ва Абӯалӣ Ибни Синоро омӯхтаанд ва тарҷума кардаанд. Нусхаҳои нодири асарҳои Абӯнаср Форобӣ, Абурайҳон Берунӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, Махтумқулӣ Фироқӣ ва дигар мутафаккирони бузург, ки дар минтақаи мо ба камол расидаанд, дар китобхонаҳои Италия ҳифз мешаванд.
Чунин таърихи ғании муносибатҳои мо барои шарикии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат мекунад.
Хамкасбони муҳтарам!
Мехостам назари худро дар бораи паҳлуҳои устувори ҳамкорӣ дар формати “Осиёи Марказӣ – Италия” мухтасар пешниҳод намоям.
Дар соҳаи сиёсӣ ҷонибдори идомаи мулоқотҳои доимӣ дар сатҳи идораҳои сиёсии хориҷӣ ҳастем. Дар рӯзномаи байналхалқӣ як қатор масъалаҳои муҳиме мавҷуданд, ки ҳамоҳангсозии байниҳамдигарӣ ва муносибатҳои мувофиқро тақозо мекунанд.
Мо саъю кӯшиши фаъоли Сарвазири Италия, хонуи муҳтарам Мелониро барои зудтар оғоз намудани гуфтушуниди мустақим оиди бо роҳи осоишта рафъи вазъи атрофи Украина истиқбол менамоем.
Барои назари шумо оид ба мушкилоти Ховари Миёна ва дурнамои ҳамкорӣ бо Афғонистон миннатдорӣ баён мекунам.
Дирӯз дар Самарқанд мо ин масъалаҳои нозукро батафсил муҳокима кардем ва ҳамонанд будани бархурдҳоямонро таъкид намудем.
Пешниҳод менамоям, ки дар мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ механизмҳои кории шарикии бисёрҷониба ва табодули иттилоот байни хадамоти махсусро роҳандозӣ намоем.
Ёдовар мекунам, ки дар соҳаи иқтисодиёт дар се соли охир ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ миёни Ӯзбекистон ва Италия қариб се баробар афзоиш ёфтааст.
Якҷоя бо ширкатҳои пешрафтаи Италия лоиҳаҳои ҳамкориҳои технологӣ татбиқ мешаванд.
Бо назардошти мавқеъи анъанавии устувори ҷомеаи корчаллонҳои Италия дар рушди инноватсионии мамлакат, пешниҳод менамоем, ки таҳти сарпарастии палатаҳои савдо ва саноат майдони доимӣ барои муколамаи тиҷоратӣ – Клуби корчаллонҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” таъсис дода шавад. Ҳамасола дар пойтахтҳои мамлакатҳои мо баргузор гардидани чунин мулоқотҳо бо иштироки васеи соҳибкорон, мумкин аст барои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад.
Мо инчунин таҳия ва қабул гардидани Барномаи ҳамкории саноатӣ ва технологии бисёрҷанбаро хеле муҳим меҳисобем. Дар ин маврид, сухан дар бораи трансфери технологияҳо, ҷорӣ кардани донишҳои пешқадам ва беҳтарин таҷрибаҳо, ташаккули шароити мусоид барои офаридани корхонаҳои саноатии дорои технологияи баланд меравад.
Бо назардошти таҷрибаи мавҷудаи бомуваффақият, коркарди амиқи захираҳои маъданӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли таҷҳизоти муосир барои саноати электротехникӣ, кимиёвӣ, нассоҷӣ, чарму пойафзор, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои коркард, маҳаллисозии қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти саноатӣ, ташкили марказҳои тарроҳӣ дар ҳамкорӣ бо брендҳои пешқадами Италия метавонад ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ табдил ёбанд.
Барои татбиқи лоиҳаҳои молики аҳамияти минтақавӣ дар ҳудуди Тошканд таҳти роҳбарии оператори аврупоӣ корҳо оид ба ташкили парки махсуси саноатӣ оғоз гардиданд.
Барои дастгирии лоиҳаҳои ҳамкорӣ ҷалб намудани агентиҳои давлатии «SACE» ва «SIMEST»-и Италия, инчунин фондҳои муштараки сармоягузориро зарур мешуморем.
Мо ба ҳамкории самарабахш бо ҳукумати Италия дар соҳаи дигаргунсозии “сабз” баҳои баланд медиҳем. Умед дорем, ки тавассути ба кор даровардани платформаи бисёрҷониба, ки барои мусоидат ба иҷрои барномаҳои миллӣ оид ба коҳиш додани истеҳсоли газҳои зарарнок, шарикии ҳамаҷонибаро рушд медиҳем.
Бо ҷалби истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои муҳандисии пешқадами Италия барои татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, аз ҷумла интиқоли нерӯи «сабз» ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, аудит ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии корхонаҳо, навсозии объектҳои инфрасохтори обӣ ва рушди технологияҳои гидрогенӣ омода ҳастем..
Ҳангоми дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ҳарф задан, мехостам фаъолияти босамари филиалҳои донишгоҳҳои политехникии турин ва Пизаро дар Тошкандро, ки барномаҳои таълимии худро дар сатҳи назаррас густариш медиҳанд, алоҳида таъкид намоям. То рафт афзудани таваҷҷуҳи дигар муассисаҳои таълими олии пешқадами Италияро ба минтақаи мо истиқбол менамоям.
Барои офаридан ва маблағгузорӣ кардани коркардҳои илмӣ дар самтҳои муҳандисӣ, тарҳрезӣ, ҳифзи об ва биотехнология, барномаи табодули академӣ ва омодасозии кадрҳо ташаббуси таъсиси Консорсиуми илмию таълимии «Осиёи Марказӣ – Италия»-ро пешбарӣ менамоем.
Барои роҳандозии робитаҳои шарикӣ байни операторони пешбар ва офаридани маҳсулоти муштараки сайёҳӣ аз таъсиси як иттиҳоди сайёҳӣ манфиатдор хоҳем буд.
Намоишгоҳ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ки чанде пеш дар шаҳрҳои Рим ва Флоренсия гузаронида шуд, бояд гуфт, ки дар дӯстони итолёии мо завқмандии зиёдро пайдо кард.
Ба ин муносибат, пешниҳод менамоям, ки соли оянда дар Хива Форуми ҷавонон оид ба иқтисодиёти созанда ва табодули фарҳангии мамлакатҳои минтақа ва Италия гузаронида шавад.
Муҳтарам, роҳбарони ҳайатҳо!
Дар анҷоми суханронии худ мехоҳам бори дигар содиқ будани Ӯзбекистонро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бисёрҷониба дар формати «Осиёи Марказӣ – Италия» изҳор намоям.