Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 май дар нишасти сарони кишварҳо дар формати «Осиёи Марказӣ – Италия», ки дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок кард.
Дар чорабиние, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев баргузор шуд, инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ширкат варзиданд.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Италия баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои рушди шарикӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва технология, иқтисодиёти «сабз», инчунин татбиқи барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос дода шуд.
Дар оғози суханронии худ сарвари давлат таъкид кард, ки ҷониби Ӯзбекистон ин чорабиниро дар ҷанбаи тавофуқот оиди шарикии стратегии Осиёи Марказӣ бо Аврупо, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳамоиши Самарқанд ҳосил гардида буд, арзёбӣ мекунад.
Мавҷуд будани рӯҳияи рушди ҳамкории сермаҳсули амалӣ дар ин формат, бо назардошти иқтидори технологӣ, саноатӣ ва зеҳнии кишварҳоямон таъкид гардид.
Зарурати ин минбари муколамаи бисёрҷониба бо Италия дар пасманзари вазъияти муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, пурзӯр шудани таҳдидҳои умумии амниятӣ ва рушди босуръат боз ҳам афзун мегардад.
Дар ин замина таърихи бисёрасраи робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии минтақа бо Италия ҳамчун заминаи боэътимод барои шарикии васеъмиқёс дар ин марҳила хидмат мекунад.
Ба масъалаҳои рӯзнома дахл карда, сарвари Ӯзбекистон дидгоҳи худро оид ба афзалиятҳои ҳамкорӣ дар формати «Осиёи Марказӣ – Италия» баён намуд.
Пеш аз ҳама зарурати идомаи равобити мунтазам дар сатҳи идораҳои сиёсати хориҷӣ барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар як қатор масъалаҳои муҳими байналмилалӣ таъкид шуд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки механизми кори шарикии бисёрҷониба ва мубодилаи иттилооти хидматҳои махсус ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ роҳандозӣ шавад.
Дар соҳаи иқтисодиёт сарвари кишварамон бо қаноатмандӣ афзоиши секаратаи ҳаҷми мол ва сармоягузориҳоро байни Ӯзбекистон ва Италия дар тӯли солҳои охир зикр намуд. Лоиҳаҳои кооператсияи технологӣ бо ширкатҳои бонуфузи Италия бомуваффақият амалӣ мешаванд.
Бо дарназардошти мавқеи анъанавии қавии ҷомеаи соҳибкории Италия дар рушди инноватсионии кишвар пешниҳод гардид, ки майдончаи доимии муколамаи тиҷоратӣ – Клуби соҳибкории «Осиёи Марказӣ – Италия» таҳти сарпарастии палатҳои савдо ва саноати кишварҳои мо таъсис дода шавад. Чунин мулоқотҳо бо иштироки васеи соҳибкорон ҳамасола дар пойтахтҳои кишварҳои минтақа ва Италия баргузор хоҳанд шуд.
Президенти Ӯзбекистон инчунин зарурати таҳия ва қабул намудани Барномаи фарогири бисёрҷонибаи кооператсияи саноатии технологиро таъкид кард, ки ташаккули шароит мусоидро барои интиқоли технологияҳо, ҷорӣ кардани дониш ва таҷрибаи пешрафта, инчунин созмон додани истеҳсолоти саноатии баландтехнологиро пешбинӣ менамояд.
Қайд гардид, ки бо дарназардошти таҷрибаи бомуваффақияти мавҷуда коркарди амиқи захираҳои канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли таҷҳизоти замонавӣ барои соҳаи электротехникӣ, кимиё, бофандагӣ, чармгарӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар бахшҳои коркард, маҳаллисозии базаи компонентӣ ва молҳои саноатӣ, таъсиси марказҳои дизайнӣ таҳти идораи брендҳои бонуфузи итолиёӣ метавонанд самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ гарданд.
Сарвари давлати мо изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳаҳои таъиноти минтақавӣ дар минтақаи Тошканд таҳти идораи оператори аврупоӣ парки махсуси саноатӣ таъсис дода мешавад.
Ҳамзамон аҳамияти ҷалб намудани агентиҳои давлатии Италия SACE ва SIMEST, инчунин фондҳои муштараки сармоягузорӣ барои дастгирии лоиҳаҳои ҳамкорӣ таъкид гардид.
Сарвари Ӯзбекистон ба ҳамкории судманд бо Италия дар соҳаи трансформатсияи «сабз» баҳои баланд дода, барои рушди шарикии васеъмиқёс бо роҳи таъсиси платформаи бисёрҷониба даъват намуд, ки барои иҷрои барномаҳои миллии декарбонизатсия мусоидат хоҳад кард.
Ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, аз ҷумла интиқоли энергияи «сабз» ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аудит ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии корхонаҳо, навсозии объектҳои инфрасохтори об ва рушди технологияҳои гидрогенӣ бо ҷалби истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои муҳандисии пешбари Италия омодагӣ изҳор гардид.
Сарвари давлат фаъолияти сермаҳсули филиалҳои донишгоҳҳои политехникии Турин ва Пизанро дар Тошканд таъкид намуда, таваҷҷуҳи дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Италияро ба минтақа истиқбол кард.
Президенти Ӯзбекистон бо ташаббуси таъсиси Консорсиуми илмӣ-таълимии «Осиёи Марказӣ – Италия» барои баргузорӣ ва маблағгузории тадқиқоти илмӣ, барномаҳои мубодилаи академӣ ва омодасозии кадрҳо дар самтҳое чун муҳандисӣ, дизайн, биотехнология ва технологияҳои сарфаи об баромад кард.
Барои таъсиси алянси сайёҳӣ ҷиҳати роҳандозии равобити шарикӣ байни ширкатҳои пешбари сайёҳӣ ва ташкили маҳсулоти муштараки туристӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ҷомеаи Италия ба намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангии дар Рим ва Флоренсия баргузоргардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст.
Дар ин замина пешниҳод шуд, ки соли оянда дар шаҳи Хива Форуми ҷавонони иқтисодиёти креактивӣ ва мубодилаи фарҳангии кишварҳои минтақа ва Италия баргузор гардад.
Дар ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Сарвазири Италия низ суханронӣ карданд. Дар поёни чорабинӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.