ҲАЙКАЛТАРОШОНИ ҶАВОН КАМОЛ МЕЁБАНД

Дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз 23 январи соли 1997 “Дар бораи таъсиси Академияи бадеии Ӯзбекистон” ва қарори Девони Вазирон аз 11 марти соли 1997 “Дар бораи ташкили фаъолияти Академияи бадеии Ӯзбекистон” дар заминаи факултети мусаввирии Донишкадаи давлатии санъати Тошканд ба номи Маннон Уйғур Донишкадаи миллии мусаввирӣ ва тарроҳии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил гардид.

Донишкада ба номи бузургтарин мусаввир, наққош Камолиддин Беҳзод, ки мактаби минётураи Шарқро таъсис додааст, гузошта шуда, факултети санъати тасвирӣ ҳамчун пояи асосии донишкада ташкил карда шуд. Ҳоло дар ин факултет шаш кафедра – рангтасвири дастгоҳӣ, рангтасвири маҳобатнок, минётура ва хаттотӣ, рангтасвири ороиши театр, ҳайкалтарошӣ амал мекунанд.

Кафедраи ҳайкалтарошии факултет яке аз кафедраҳои куҳантарини боргоҳи таълимӣ ба шумор меравад, ки тӯли солҳо дар ин ҷо омӯзгорони ботаҷриба фаъолият намуда, ба рушди санъати ҳайкалтарошӣ дар Ӯзбекистон саҳми шоиста гузоштаанд.

Дар ин кафедра ба масъалаи таҷдиди соҳаи таълим тибқи талаботи замон, омодасозии кадрҳои дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ ва рақобатпазир диққати махсус дода мешавад.

Тӯли солҳо дар ин ҷо Улуғбек Курёзов, Ӯктам Саидов, Анвар Ӯроқов, Улуғбек Юсупов, Нафиса Гилманова ва Нодирбек Усмоновҳо ҳамчун мудири кафедра фаъолият намуда, барои таҳкими робитаҳои таълимӣ, рушди соҳа, омодасозии мутахассисони варзидаи ҳайкалтарош, инкишофи методика ва педагогикаи санъати ҳайкалтарошӣ, роҳандозии таҳқиқоти илмӣ ҷиҳати роҳандозии технологияҳои рақамӣ дар ин самт саҳм гузоштанд.

Натиҷаи заҳмати устодон аст, ки шогирдони самтҳои “Ҳайкалтарошии маҳобатнок” ва “Ҳайкалтарошии хурди пластикӣ”-и кафедра дар намоишгоҳ, ҳамоиш, чорабиниҳои соҳаи ҳайкалтарошии мамлакат ва ҷаҳон, инчунин, дар озмуну мусобиқаҳои маҳалливу байналмилалӣ фаъол иштирок мекунанд.

Аз ҷумла, чанде пеш кафедраи мазкур дар Фестивали байналмилалии анъанавии санъати тасвирӣ ва амалӣ” фаъол иштирок карда, дар номинаи “Беҳтарин ташкилотчӣ” пирӯз гардиданд.

Инчунин, магистранти курси якуми кафедра Тоҳирҷон Аҳмадов дар ҷодаи таҳсил ва эҷод ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст. Ӯ соли 2020 дар озмуни байналмилалӣ, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба муносибати 175-солагии шоир, файласуфи бузурги қазоқ Абай Қӯнонбоев аз рӯйи самтҳои рангтасвир, графика ва ҳайкалтарошӣ гузаронида шуд, соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Соли 2021 стипендияи давлатӣ ба номи Камолиддин Беҳзодро ба даст овард.

Боиси эътироф аст, ки дар кафедра теъдоди чунин ҷавонони заковатманд ва боистеъдод зиёданд.

Ғайр аз ин, бо мақсади афзунсозии таваҷҷуҳ ва завқмандии шогирдон, ҳамзамон ҳамватанон ба соҳа, таҳти ташаббуси донишкада мунтазам намоишгоҳи асарҳои устодони ҳайкалтарош гузаронида мешавад. Баргузории намоишгоҳи шахсии устоди калони кафедра Ӯктам Саидов таҳти унвони “Тафаккур ва тасвир” дар Осорхонаи санъати минётураи Шарқи Академияи бадеии Ӯзбекистон, намоишгоҳи устоди дигари кафедра Улуғбек Усмонов дар мавзӯи “Сарчашма” дар корвонсаройи байналмилалии фарҳангии ба номи Икуо Хираяма аз ин ҷумлаанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дастпарварони соҳаи ҳайкалтарошӣ дар коллеҷҳои махсуси соҳаи санъати тасвирӣ, галереяҳои санъат, осорхонаҳо, масканҳои ҳунармандӣ, инчунин, мавзеъҳои таърихӣ фаъолият намуда, барои рушди мактаби ҳайкалтарошии мамлакат саҳм мегузоранд.

Турсунпӯлат ҚОДИРОВ,

донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи миллии мусаввирӣ ва тарроҳии ба номи Камолиддин Беҳзод

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: