«ӮРТАТЕПА» – ЧЕМПИОНИ НОҲИЯ

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка мусобиқаи футбол барои Ҷоми Хидмати амнияти давлатӣ баргузор гардид. Дар он дастаи «Олтиш» бо дастаи «Ӯртатепа»-и ноҳия барои пирӯзӣ ва роҳхат ба зинаи вилоятӣ талош варзиданд.

Дар мусобиқа футболбозони ҳар ду даста ҳунарнамоии хуб нишон доданд ва бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Дастаи футболбозони «Ӯртатепа» пирӯзиро ба даст оварданд. 

Дар мусобиқа дастаи «Чавлисой» сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.

Дар мусобиқаи мини-футбол бошад, дастаи «Янгиҳаёт» ҷойи якумро гирифт, ҷойҳои дуюм ва сеюм ба ҷамоаҳои «Катта-равод» ва «Бунёдкор» насиб кард.

Инчунин, аз рӯйи мини-футбол миёни духтарон, ҷамоаи сектори 3-юм пирӯзиро ба даст овард. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои сектори 2-юм ва 1-ум ишғол карданд.

Бешубҳа, мусобиқаҳои футбол ва мини-футбол, ки бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди варзиш, Хидмати амнияти давлатӣ роҳандозӣ гардид, меҳру муҳаббати ҷавононро нисбат ба варзиш бедор намуд. Мусобиқаи мазкур барои муттаҳид намудани ҷавонони бешуғл, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кашфи соҳибистеъдодҳо хидмат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаҳои имсола 92 ҷамоа аз 44 маҳаллаи ноҳия барои баланд бардоштани обруи маҳаллаи худ дар ноҳия кӯшиш карданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби ташкилотчиён бо Ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

М.Қодирзода.

Вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: