Вазорати хоҷагии коммуналии хонаву ҷой ва сохтмон дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияи «Ӯзсаноатстройматериаллари» ба ҶММ «ИЧАНКИ-ЛонгЁнг»-и ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд сафари матбуотӣ ташкил намуд.
Чорабинӣ таҳти мавзӯи «Маҳсулоти сохтмонии сарфакунандаи энергия - талаби замон» баргузор гардид. Дар он роҳбарону ходимони ширкат, коршиносони соҳа ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Маъмурияти корхона дар суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ доир ба лоиҳаи сармоягузорӣ, истеҳсоли 3D-панелҳои энергетикӣ ва гулкоғази моеъ, намуд ва сифати маҳсулот, раванди истеҳсолот ва иқтидори содиротӣ маълумот доданд.
Тавре роҳбари корхона Азизҷон Ҳоҷиев таъкид кард, ҷамъияти мазкур соли 2022 таъсис ёфта, бо кишвари Чин лоиҳаи муштарак дорад. Арзиши лоиҳа 3 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин корхона ба истеҳсоли гулкоғази 3D ихтисосонида шуда, яке аз корхонаҳои муосир ва инноватсионӣ дар Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ин ҷо 4 миллион метри мураббаъ панелҳои 3D ва 7,5 миллион метри мураббаъ гулкоғази моеъ истеҳсол мекунанд. Гулкоғази 3D аз маҳсулоти пенополиэтиленӣ истеҳсол шуда, нисбат ба гулкоғази анъанавӣ бартариҳои зиёд дорад. Баробари хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза будан дар худ ширеш низ дорад, ки он хусусияти осони часпондан ва канданро дорост. Инчунин, ба он намӣ ва оташ таъсир намерасонад.
– Ҳаҷми истеҳсолот дар як шабонарӯз 20 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои истеҳсоли гулкоғази деворӣ таҷҳизоти замонавӣ ва маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мешавад, – иброз дошт муовини роҳбари корхона Санҷарбек Собиров. – Ҳоло дар корхона 3 навъи гулкоғаз бо ғафсии 7 миллиметр – дар шакли рулон, 3,5 миллиметр – панел, 2,5 миллиметр – панели борик истеҳсол мешавад. Зиёда аз 100 намунаи нақши онҳо мавҷуданд. Дар оянда боз истеҳсоли 30 намуди гулкоғаз пешбинӣ шудааст, ки талаботи харидоронро қонеъ мегардонад.
Дар ҷамъият барои аҳолии маҳаллӣ 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Маҳсулоти корхона ба стандартҳои байналмилалӣ комилан мувофиқанд.
Алҳол маҳсулоти тайёр ба кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Русия содир мешавад. Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 содирот 500 ҳазор долларро ташкил дод. Имсол то ба 1 миллион доллар расондани ин рақам дар назар аст.
Барои маълумот, панелҳои 3D дар зимистон хароҷоти гармидиҳӣ ва дар тобистон хароҷоти хунуккуниро кам мекунанд. Сохтори асосии онҳо гармӣ ва хунукиро нигоҳ медорад.
Дар ҷараёни сафари матбуотӣ намояндагони ВАО дар бораи ашёи хоми панелҳои 3D ва гулкоғази моеъ, технологияҳои муосир, шароит барои кормандон ва нақшаҳои ояндаи корхона маълумот гирифтанд.
Г. Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Тошканд.