ЗАНЕ, КИ МОДАРАШ ЧУН МАРД ЗОДАСТ

Аввалин вохӯрӣ ва шиносоиамро бо апаи Ӯғилой ростӣ дар ёд надорам. Зеро аз ин солҳо сипарӣ шудааст. Аниқтараш на кам аз 30 сол мешавад, ки бо ӯ шинос ҳастам.

Ӯ аз аксар шахсони эҷодкоре, ки ман мешиносам билкул фарқ мекунад. Дидаам бисёр эҷодкоронеро, ки дар боби одаму одамгарӣ ҳарф мезананд, вале худ аз ин кӯча боре ҳам нагузаштаанд, аз ҳалимӣ, меҳрубонӣ, хоксорӣ сухан гуфтаанду вале худ беҳад дағал, дуруштгуфтор ва басе мағруранд, аз садоқат, меҳру муҳаббат, сидқу вафо бо эҳтирос гап мезананду дар асл худ аз чунин фазилатҳо фарсахҳо дуранд, аз боби забону миллат, худшиносӣ лофи беҳад мегӯянду сина мекӯбанд, ки «ман ҷони худро дар ин роҳ қурбон мекунам», вале худ ин арзишҳои волову муқаддасро помол месозанду қотили забону миллат мешаванд. Вале Ӯғилой Ҷӯрабоева чунин эҷодкор нест – қавл, лафз ва амалаш якест. «Ҷоннисорам баҳри забону миллат» намегӯяд, вале пайваста месӯзаду ҷон нисор мекунад.

Ӯғилой Ҷӯрабоева 21 марти соли 1954 дар деҳаи Янгибоғи ноҳияи Сариосиё (ҳозира Узун) дар оилаи деҳқон дида ба дунё кушодааст. Дар оилаи онҳо ҷамъ 10 нафар фарзанд ба дунё омадаанд. Ба ваҷҳи он ки то таваллуд шудани Ӯғилой шаш нафар фарзандони волидайни раҳматиаш Ҷӯрабой Ҳасанов ва холаи Раҳима аз тифлӣ вафот мекунанд ба духтари ҳафтумини худ Ӯғил ном ниҳоданд. Ӯ ба номаш зебанда шуд, дар ҳақиқат ҳамчун писар ҷасуру нотарс, баҷуръат ва фидокор тарбия ёфт. Баъди таваллуд шудани ӯ мутаассифона, боз риштаи ҳаёти як нафар фарзанди хонадон канда шуд.

Ҳамин тавр волидайне, ки аз доғи фарзанд қалбҳояшон реш-реш шудааст, ба тарбияи Ӯғилойи хушсурату фариштахӯ эътибори беҳад ҷиддӣ доданд. Ӯ аз солҳои мактабхонӣ мақолаҳо менавишту онҳо дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») чоп мешуданд. Ӯ аз овони мактабхонӣ инҷониб шеър менависад. Устодонаш Ҳикматулло Қодиров, Азиз Қурбонмуродов ва Усмон Тағоевҳо ба ӯ дарси адабиёт ва шеър омӯхтаанд.

Инчунин, ӯ аз хурдӣ ба санъати мусиқӣ низ шавқу рағбат дошт. Дар озмунҳои мусиқӣ фаъол ширкат варзида, борҳо ғолиб гардидааст ва соли 1969 дар озмуни ҷумҳуриявии санъатдӯстони ҷавон, ғолиби озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ шудааст. Ҳамин тавр ӯ соли 1970 мактаби рақами 33-юми ноҳияи Узун (ҳозира 12-уми ноҳия)-ро бо баҳои аъло хатм намуд.

Солҳои 1970-1975 дар риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил гирифт. Муҳити адабии Тоҷикистон барои дониши комил гирифтани ӯ мусоидат кард. Солҳои донишҷӯӣ низ мақолаву шеърҳояш дар матбуоти даврии Тоҷикистон дарҷ мешуданд. Имкон дошт, ки дар шаҳри азим кору фаъолият, эҷод кунад, вале чунон ки мегӯянд шароиту муҳити оилавӣ садди он шуд. Ӯро лозим буд, ки бо нугоҳубин ва парастории падару модари худ машғул шавад.

РӮЗНОМАНИГОРИ ВАРЗИДА

Баъди хатми донишгоҳ Ӯғилой Ҷӯрабоева соли 1975 дар рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» фаъолияти рӯзноманигории хешро ба ҳайси мухбири шуъбаи хоҷагии қишлоқ шурӯъ кард. Кор дар ин шуъба беҳад вазнин буд: алалхусус, барои як зани ҷавону кӯдакдор. Барои омода намудани матолиб саҳро ба саҳрову кӯҳ ба кӯҳ мегашт. Ҳатто баъзан бо тақозои вазифа то шабҳангом ҷойи кор монда, дер ба хона меомад. Дар чунин шароит бо ду фарзанди кӯчак кор кардан албатта мушкилоти зиёд эҷод мекард. Ӯ то соли 1980 дар ин рӯзнома босамар кор кард. Тӯли чанд сол дар соҳаи мактабу маориф фаъолият намуда, аз соли 2016 боз ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохт. Барои ба чоп омода намудани саҳифаи тоҷикии «Субҳи Боботоғ», ки масъули он духтари рӯзноманигораш Заррина Қурбонова буд, ба кор омад. То соли 2024 дар ин ҷо ройгон ва беминнат кор кард. Дӯст доштани касб, пос доштани забони модарӣ ва меҳру садоқати беандоза нисбат ба миллат ӯро ба чунин фидокорӣ ҳидоят намуд.

Лекин афсӯс, ки зиндагӣ на ҳама вақт бар муроди мо хоҳад буд. Он талхиву ширинӣ, пастиву баландиҳо дорад. Ӯғилой чун падару модари ҷигарсӯхтааш низ ду нафар фарзанди ҷигарбандашро сӯхтаву пухта талаф дод. Соли 2017 Диловар ва соли 2023 духтараш Зебуннисо аз ин дунё реҳлат намуданд. Ғамҳову дардҳои носур қалби шоираро реш-реш намуданд, ки садои қалбу гиряҳои дарунсӯзи ӯро тавассути шеърҳояш метавон идрок кард.

ОМӮЗГОРИ ФИДОКОР

Ӯғилой Ҷӯрабоева солҳои 1980-1982 дар мактаби рақами 62-юми ноҳияи Сариосиё ба ҳайси тарбиячӣ кор кард. Соли 1982 дар деҳа мактаби нави 77 (ҳозира 12) бунёд ёфту дар ин мактаб то соли 1996 ва аз соли 1996 то соли 2004 дар мактаби рақами 14-уми ноҳия фаъолияти омӯзгории худро идома дод. Дар ин муддат шогирдони зиёд, аз ҷумла, як зумра қаламкашони ҷавонро тарбия намуд, ки чанде аз онҳо ҳоло соҳибкитобанд. Дар ҷараёни кор дар сохтори мактабу маориф баробари таълиму тарбияи насли наврас як лаҳза ҳам аз эҷод даст накашид. Дар матбуоти даврии марказиву маҳаллӣ: «Овози тоҷик», «Садои Сурхон», «Бохтар», «Ховар» ва дигарҳо мунтазам шеъру мақолаҳояш низ дарҷ гаштаанд.

Як хидмати бузурги Ӯғилой Ҷӯрабоева ҳамчун рӯзноманигор ва омӯзгор дар он аст, ки соли 2013, вақте ду-се нафар низоъангезандагони миллат мактабу синфҳои тоҷикиро бастанд, аввалин шуда садо баланд кард ва барои барқарор кардани мактабу синфҳои тоҷикӣ часпу талош намуд. Ононе, ки «ман барои миллат ҷони худро медиҳам» гуфта бонг мезаданд, аз пайи ҳифзи ҷони худ шуданд. Ӯ чун мард ба майдон баромад. Ҳам тариқи шеър бонги бедории миллат мезаду ҳам ба сари фурӯшандагони забону миллат борону жолаи нафрат мерехт ва ҳам ба мактабҳо рафта, дар вохӯриҳо мардумро ба худшиносӣ даъват месохт ва ин ҳама шукр, ки натиҷаҳои дилхоҳ ҳам доданд. Вале Ӯғилой Ҷӯрабоева ҳамеша аз он дар ташвиш аст, ки имрӯзҳо ғуруру ифтихори ҳамзабонон хеле коҳиш ёфтааст, мактабҳо чун пештара симои тоҷикӣ надоранд, ба матбуоти тоҷикӣ майлу рағбат гӯё ки намондааст.

МАСЛАКИ Ӯ ШЕЪР АСТУ ШОИРӢ

Ҷӯрабоева замоне ба машқи шеър пардохтааст, ки ҳанӯз дар синфи панҷум мехонд. Пас маълум мешавад, ки 60 сол инҷониб бо килки гуҳаррез каломи мавзун меофарад. Навиштаҳояш дар рӯзномаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мунтазам дарҷ мегарданд. «Дилошӯб»-ро дертар ба худ тахалллус интихоб кардааст. То ин дам китобҳои «Рози дил» (2017), «Харгӯшаки гурезпо» (2021), «Садои ошно» (2024), «Сизни соғиндим» (2024), «Дуоба – ту дуогӯям» (2024), бо забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ва ҳаммуаллифии Аъзамқул Бобоев), «Номаи Ифтихор» (2025) ва бо хати форсӣ ва сириллӣ «Паёми меҳр» (2025) рӯйи чопро дидаанд. Соли 2019 китоби нависандаи ӯзбек Абдулло Қаҳҳор – «Анор»-ро тарҷума ва чоп намудааст. Инчунин, романи Ҷавлон Ҷовлиев – «Нотарс»-ро низ тарҷума кардааст, ки дар дасти чоп аст. Ӯ на танҳо муаллиф ва тарҷумони китобҳо, балки муаллифи боз даҳҳо очерк, новелла, эссе, тарона, мақолаҳо ва гирдоварандаи фолклори Дараи Ниҳони ноҳияи Сариосиё мебошад.

Майдони мавзӯоти ашъори шоира хело фарох буда, меҳри Ватан, тараннуми дӯстӣ, ишқи поку беолоиши инсонӣ, дӯст ва пос доштани забону миллат ва дигар арзишҳои миллӣ, тарғиби фазилатҳои неки одамӣ ва мазаммат кардани хислатҳои бади инсонӣ ҷавҳари онро ташкил медиҳад. Ашъораш хело равону самимӣ, фаҳмо, пурмаъно, пурҷозиба ва дардноканд. Ӯ ки худ як зани меҳрубону хоксор, нарму ҳалим, хушсуҳбату хушрафтор, босабру боқаноат, шикастанафсу ботавозӯъ, илму маърифатпарвар, посдори забону миллат, инчунин муборизу пурталош аст, дар ашъораш низ ин ҳама баръало эҳсос мегардад.

РӮНАМОИИ «НОМАИ ИФТИХОР»

Хуб медонем, ки замоне аҳли қалам ҳарчанд суханро ба арши аъло мебардоштанд, вале худ зиндагии ҳақирона доштанду аз эъзозу эътибор дур афтода буданд. Вале имрӯз давру замон дигар шудааст. Алалхусус, дар даврони истиқлол қадршиносии аҳли қалам ба маротиб афзудааст. Мукофоти ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст, гуфтаанд бузургон. Ӯғилой Ҷӯрабоева, ки худ як зани қадршинос аст, хушбахтона миёни дӯстону пайвандон, аҳли қалам қадру қимат, обрӯву эътибор дорад. Ҳамоиши адабие, ки дар мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи ноҳияи Узун 28 май баргузор шуд, далели гуфтаҳои болост. Аз саҳарӣ саҳни ҳавливу толори ин маскани маърифатӣ пур аз одам буд. Дар маҳфил намояндагони Марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, вилояти Сурхондарё ва навоҳии Деҳнаву Олтинсой, Сариосиёву Узун, меҳмонон аз ҳар гӯшаву канори Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳама хешу пайвандон, ёру дӯстон, шогирдону мухлисон баҳри қадршиносии як тан аз эҷодкори соҳирқалам сарҷамъ омада буданд. Чеҳраҳои ҳама шукуфон буд аз дидорбиниву суҳбатҳои самимӣ.

Дар ин нишасти адабӣ рӯнамоии китоби тозанашри Ӯғилой Ҷӯрабоева – «Номаи ифтихор», ки ба муносибати 70-солагии шоира бо дастгирӣ ва сарпарастии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон рӯйи чопро дид, баргузор шуд. Ровии давра Саидҷон Ҳаев ҳамаро хайрамақдам гуфта риштаи суханро ба муовини ҳокими ноҳияи Узун оид ба корҳои маънавият ва маърифат Шералӣ Шерматов дод. Мавсуф дар сухани ифтитоҳии хеш доир ба дӯстии халқҳо ва муносибатҳои кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳарф зад. Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова сараввал оиди моҳият ва аҳамияти қарори Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои ташкили босамари фаъолияти Кумитаи муносибатҳои байнимиллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва масъалаҳои ҳамватанони хориҷӣ» ҳарф зад. Сонӣ, дар бораи фаъолияти пурсамари омӯзгору эҷодкор Ӯғилой Ҷӯрабоева ва се тан адибони зуллисонайни сарзамини Сурхон Истад Қосимзода, Чоршанбе Деҳнавӣ ва Исмат Ҳалим, ки ба қарибӣ дар ноҳияи Деҳнав маҳфили эҷодиашон баргузор шуд, суханҳои самимӣ иброз дошт. Аъзои фаъоли марказ, корманди рӯзномаи «Овози тоҷик», рӯзноманигори варзида ва нависанда Саодат Бекназарова дар бораи муҳити адабии воҳаи Сурхон, анъанаҳои устоду шогирдӣ, ки дар ин муҳит барқарор аст, инчунин мазмун ва муҳтавои китоби «Номаи ифтихор», ки худ дар он муҳаррирӣ кардааст, ҳарф зад.

Зимни суханронии хеш раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони Сурхондарё, олим Рамазон Абдуллоев иброз дошт, ки доир сохтани ҳар як нишасти адабӣ ё худ қадршиносӣ намудани адибони куҳансолу дастгирӣ намудани қаламкашони ҷавон кори хайру савоб мебошад.

Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии фанҳои Тоҷикистон Анзурат Маликзод, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Сафаргул Ҳалимиён, эҷодкорони ҷавон Бузургмеҳри Ҳаким (ходими маҷаллаи «Садои Шарқ) ва Насимбек Қурбонзода (корманди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат») низ зимни суханронии хеш оид ба муносибатҳои ҳарду кишвар, дӯстии халқҳо, алоқаҳои адабӣ суханҳои самимӣ арза доштанд.

Дар нишасти адабӣ яке аз фарзандони обрӯманди воҳаи Сурхон, устоди яке аз донишгоҳои бонуфузи шаҳри Ню-Йорки ИМА Фаррух Фаттоев, ки зодаи ноҳияи Сариосиёст, низ ширкат дошт. Суханронии ин ҷавони соҳибмаърифат, ки ба шеъру шоирӣ низ шавқу рағбати беш дорад, ба ҳозирин ҳузуру ҳаловат бахшид.

Ба соҳибҷашн Ӯғилой Ҷӯрабоева ва адибон Истад Қосимзода, Чоршанбе Деҳнавӣ, Исмат Ҳалим, инчунин дастандаркорони маҳфил ташаккурномаву гулдастаҳо ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

Маҳфилро ҳофизи хушадо Тоҳирҷон Зокиров, Шамшодбек Боймуродов – набераи сарояндаи мумтоз Боймурод Меликов ва шогирдони мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи ноҳия бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин мазмун ва ҳусни тоза бахшиданд. Маҳфил дар тарабхонаи «Увайс»-и ноҳия дар сари як пиёла чой бо суханрониву сурудхонӣ, рақсу бозӣ идома ёфт. Дар давоми маҳфил гӯё аҳли нишаст бо як овоз ин шеъри шоира Ӯғилой Ҷӯрабоеваро зери лаб замзама мекарданд:

Аз Бадахшону Зарафшонем мо,

Аз Ҳирот аз шаҳри Теҳронем мо.

Аз Бухорои шарифу Тирмизем,

Аз Насаф ё аз Намангонем мо.

Зодаи як модарему як падар,

Аз Самарқанду Самангонем мо.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: