САРНАВИШТИ ЯК СӮХИДУХТАРИ ПАНҶЕКАТӢ

Юлдузхон Ҳусейнхонова зодаи деҳаи Сарикандаи ноҳияи Сӯх аст. Аммо модараш – Зебо аз шаҳри Панҷекат буда, ба Ҳусейнхон Олчинови сарикандагӣ расидааст.

Апаи Юлдузхон – духтари ӯ бо шавҳараш – Тӯрабек Муродов дар шаҳри Панҷекат зиндагӣ мекунад. Издивоҷи падар бо Зебо ва духтари онҳо бо Тӯрабек Муродов таърихи ба худ хос дорад. Ин ҳама дар меҳвари гузориши мо қарор хоҳанд гирифт.

Ҳар бор ба шаҳри бостонии Панҷекат сафар кунам, албатта ба ҳавлии онҳо саре зада, аз аҳволашон бохабар мешавам ва салому паёми пайвандони сӯхиву тошкандиашонро ба акои Тӯрабек ва апаи Юлдузхон мерасонам. Зиндагӣ ин зану шавҳарро аз санҷишҳои сахти худ гузаронидааст, бо вуҷуди ин ҳарду сабру қаноат пеша карда, ба хотири духтарону набера ва абераҳо бурдборона зиндагии худро давом медиҳанд.

Бароям ҳамеша он нукта мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифт, ки чи тавр тақдир вайро бо Тӯрабек Муродов пайвастааст ва ӯ сокини шаҳри Панҷекат шудааст.

Иттифоқ афтод, ки моҳи апрели соли равон зану шавҳар ба шаҳри Тошканд омаданд. Тӯрабек Муродов гуфт, ки мехоҳад аз муоинаи ягон пизишки соҳибтаҷриба гузарад. Барои ҳамин ӯро дотсенти Донишкадаи тиббии бемориҳои кӯдакони Тошканд Баҳодур Одилов, ки фарзанди Сӯхи шариф мебошад, аз муоина гузаронд.

– Дар ҷисму ҷони шумо ягон бемории хавфнок ба мушоҳида нарасид. Баъзе норасоиҳои ҷисмоние, ки ба назари шумо мисли аломати беморист ва шумо аз он нороҳат мешавед, танҳо асорати пиронсолӣ аст. Агар доруҳои навиштаро дар вақташ истеъмол кунед, худро сабук ҳис хоҳед кард, – гуфт Баҳодур Одилов. Аз чунин ранг гирифтани кор Тӯрабек Муродов хеле шоду масрур гардид ва мо бо хотири ҷамъ ба хона баргаштем.

Вақте ки таоми шом хӯрда шуд, апаи Юлдузхонро ба суҳбат кашида, ҷавоби матлаберо пурсидам, ки чанд муддат посухашро меҷустам.

– Падарам – Ҳусейнхон Олчинов баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров) ба ихтиёри шуъбаи маорифи шаҳри Панҷекат фиристода мешаванд. Он касро дар мактаби деҳае директор тайин мекунанд, ки модарам зиндагӣ мекард. Вақте ки ҷанги зидди фашизм сар мешавад, падарам ҳам директор ва ҳам вазифаи ҳисобчии колхозро бар ӯҳда мегиранд ва ду солро ҳамин гуна сипарӣ мекунанд, – гуфт апаи Юлдуз.

Баъд Ҳусейнхон Олчинов азми ба деҳаи худ баргаштанро мекунанд. Аммо дӯстонаш, аз ҷумла Мисоққул Икромов ӯро аз ин райъаш мегардонад ва мегӯяд, ки ҳамин ҷо мемонӣ ва хонадор мешавӣ.  Ҳамон солҳо падари шавҳари апаи Юлдуз – Мурод Ӯринов прокурори шаҳр шуда кор мекардааст. Бо ташаббуси ӯ ва дӯстони дигар Ҳусейнхон Олчинов ба Зебо ном духтар издивоҷ ва ҳарду дар ҳавлии Ёқуббой Азимов ном сардори бригада зиндагиро оғоз мекунанд.

Ҷанг бо пирӯзии аскарони сурх ба охир мерасад. Аз деҳаи Сариканда аво – Ҳоҷӣ ном амаки Ҳусейнхон ба суроғи ӯ меояд ва мегӯяд, ки ҳамсару духтари худро гирифта, ба назди модар баргардад. То фарорасии таътили тобистона Ҳусейнхон Олчинов сабр мекунад ва баъд ҳамсари худро гирифта ба назди модар меравад. Он замон ба кадрҳои соҳибмаълумот эҳтиёҷ хеле калон будааст. Барои ҳамин бо қарори идораи маорифи вилояти Фарғона Ҳ. Олчиновро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сӯх тайин мекунанд. 

– Соли 1948 ман ба дунё меоям ва падарам номи маро Юлдузхон мегузоранд. Дар ин миён байни хушдоману келин носозӣ пайдо мешавад. Хабари носозии хушдоману келин ба гӯши тағоям – Наҷмиддин Ҳасанов мерасад ва ӯ ба Сӯх меояд. Тағоям мегӯяд, ваъдаву қарор шудааст, ки Ҳусейнхон ва Зебо дар шаҳри Панҷекат зиндагӣ мекунанд, аммо ҳоло мебинам, ки ин ваъдаву қарор ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Сонӣ модарамро пеш андохта гирифта мебарад. Аммо маро дар Сариканда нигоҳ медоранд. Зеро падарам дар синни 40-солагӣ соҳиби фарзанд шуда, ман фарзанди ягонаи падару модарам будам, – иброз дошт Юлдузхон Ҳусейнхонова. 

Ба гуфтаи апаи Юлдузхон модаркалонаш – Бибӣ – Аморат аз рафтани модари ӯ шод мешавад ва Оминахон ном духтари хонаро аз деҳаи ҳамсоя ба писараш–Ҳусейнхон никоҳ карда медиҳад ва хотирҷамъ мешавад.

Ҳамсари дуввуми падарам – Оминахон зани биҳиштӣ буданд. Бо ҳама муносибати хуб мекарданд. Махсусан маро ба ҳеч кас бовар намекарданд ва ҳамеша аз пайи хӯрондану пӯшонданам буданд. Ёдашон гиромӣ ва маъвои охираташон обод бод! – чашмон лиққи об гуфт апаи Юлдуз.

Юлдузхон таҳсилро дар мактаби шаҳри Панҷекат давом дода, соли 1964 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ин шаҳр дохил шудааст ва онро бо дипломи сурх ба фарҷом расонидааст. Баъд дар мактаб муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст. Модараш – Зебо ҳанӯз соли 1952 мактаби ҳамширатайёркуниро хатм намудааст ва аз аввалин ҳамшираҳои шафқати зани маҳаллӣ дар шаҳри Панҷекат маҳсуб меёфтааст. Зебо бо касе дубора издивоҷ накардааст ва то дами нафақа дар вазифаи ҳамшираи шафқат фаъолият намудааст.

– Гоҳ-гоҳ падарам аз Сӯх ба аёдати ману модарам омада мерафтанд. Он касро модарам хеле хуш қабул мекарданд. Ман соли 1975 танҳо бо супурдани як имтиҳони қабул ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи педагогии Самарқанд дохил шудам. Тақрибан чаҳор даҳсола фаъолият карда, соли 2014 ба нафақа баромадам. 34 соли фаъолияти кориам дар як мактаб сипарӣ шудааст. Ғайр аз омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик солҳои дароз вазифаи ҷонишини директори мактаб оид ба тарбияро бар дӯш доштам, – мегӯяд Юлдузхон Ҳесейнхонова.

Ӯ соли 1989 барои дастовардҳош дар кори таълиму тарбия ба гирифтани нишони «Аълоии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шудааст. Дар айни ҳол 17 нафар шогирдони ӯ дар макотиби гуногуни шаҳри Панҷекат аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳанд. Гузашта аз ин, рӯзномаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар бораи фаъолияти Юлдузхон Ҳусейнхонова чандин матолиби пурмуҳтаво интишор намудаанд ва ӯро ҳамчун омӯзгори соҳибтаҷриба васф кардаанд. 

Шавҳараш – Тӯрабек Муродов соли 1972 факултаи химия ва биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро хатм кардааст. Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 15-и шаҳри Панҷекат ва муассисаҳои дигари таълимӣ муваффақона фаъолият намудааст. Ӯ низ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Тақдир зану шавҳар – Тӯрабек Муродов ва Юлдузхон Ҳусейнхоноваро аз санҷишҳои сахт гузаронидааст. Бо вуҷуди ин, онҳо сабуриро аз даст намедиҳанд ва келинҳову набераҳоро дар атрофи худ ҷамъ карда, ба онҳо дарси ибрат мегарданд. Аз даст додани ду писари ҳузарб – Бахтиёрҷону Ихтиёрҷон барои падару модар дарду ранҷи сахт шуд. Онҳо дар айни авҷи камолот ин дунёро падруд гуфтаанд.

Бахтиёрҷони ронанда аз ғайрифаъол гаштани гурда ҷон ба Ҷонофарин супурдааст ва зану фарзандонашро бесаробон гузошта рафтааст. Ихтиёрҷони техник-технолог ва баъдан муҳосиби «Ориёнбонк», ки ба хастагии ҷигар мубтало шуда буд, ба аёдати пайвандони худ дар деҳаи Сариканда рафта, дигар ба канори падару модар ва зану фарзанд барнагаштааст. Доду фиғони волидайн ба осмонҳо дакка хӯрд ва то мағз-мағзи устухони ҳар шунаванда рафта расид. Аммо фалак кори худро карда буд.

Мегӯянд, ки марги падару модар назди фарзандон меросист. Аммо марги фарзанд барои ҳар падару модар сахту сангин аст. Ин буд, ки бо ҳаёт падруд гуфтани бародарон дили падару модари онҳоро ду бор шикаст, аммо онҳо ба хотири келинҳову наберагон тавонистанд худро ба даст гиранд.

– Ба кори Худованд ҳаргиз шакк овардан намешавад, – мегӯянд зану шавҳар Тӯрабек Муродов ва Юлдузхон Ҳусейнхонова. – Шукр мегузорем, ки додаронам Илҳомҷон, Қуддусхон, Мирзохон, Муқаддасхон Олчиновҳо ва ҷиянҳо аз ҳоламон хабар мегиранд ва ба дардамон дармон мешаванд. Як пои мо – зану шавҳар низ дар Сӯх аст. Ҳар ҷашну маросим барпо шавад, моро даъват мекунанд. Танҳо ҳамин роҳи рафту омад ба эксклави Сӯх содатар гардад, нур болои нур хоҳад шуд, – меафзоянд онҳо.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: