Аз 5 то 17-уми июни соли ҷорӣ дар шаш шаҳри Британияи Кабир фестивали фарҳанг ва таомҳои миллии ӯзбек бо номи «Карвони Ӯзбекистон» баргузор мегардад.
Ин чорабинии фарҳангӣ шаҳрҳои калони Эдинбург, Манчестер, Ливерпул, Кардиф, Оксфорд ва Лондонро дарбар мегирад. Дар назар дошта шудааст, ки доираи «Карвони Ӯзбекистон» ба меҳмонон таомҳои миллӣ пешниҳод гардида, инчунин Ӯзбекистон ҳамчун макони сайёҳӣ муаррифӣ карда мешавад.
Мақсади ин сафари фарҳангӣ намоиш додани имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон дар сатҳи байналмилалӣ, афзун гардондани таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Британияи Кабир ба кишвари мо, инчунин инкишоф додани алоқаҳои фарҳангӣ бо ҷомеаи Британияи Кабир мебошад.
Ин чорабинӣ аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Британияи Кабир, тарабхонаи миллии «ОshPaz» ва ошпази машҳур Баҳриддин Чустӣ роҳандозӣ шудааст.
«Корвони Ӯзбекистон» ҳамчунин дар ҷашнвораи «Фарҳангу таомҳои миллии Ӯзбекистон», ки 21-22 июни соли ҷорӣ дар маркази таърихии Лондон ва дар назди яке аз ҷойҳои сайёҳии машҳур – «Tower Bridge» баргузор мегардад, муаррифӣ карда хоҳад шуд.
АИ «Дунё»,
шаҳри Лондон.