НЕСТ БОД БЕПАРВОӢ!

Бо мушоҳида ва мулоҳизаҳои дуру дароз ба ин мақола чунин ном гузоштам. Зеро бюрократия, мансабпарастӣ ва бемасъулиятӣ нисбати рӯйдодҳои зиндагонӣ ба ҳаёти ҷомеаи мо бисёр зарар меоварад. Аз сабаби он ки, солҳои зиёд дар соҳаи таълим кор кардаам, зарари ин хислатҳои ношоистаро маҳз дар ин соҳа дарк намудаам.

Дар ин хусус чанд сол пеш мақолае ҳам бо номи «Бачаро азоб надиҳем» навишта будам, ки дар «Овози тоҷик» чоп шудааст.

Мувофиқи тартиботи ҷорикардаи Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ дар мамлакат вобаста ба ҷойгиршавии миллии аҳолӣ дар мактабҳо бо ҳафт забон таълим дода мешавад. Дар маконе, ки аҳолиаш тоҷикзабон аст, аз ин сад сол пеш ҳам мактабҳои тоҷикӣ кушода шуда буданд. Ин гуна мактабҳо дар деҳаи Варзики мо низ фаъолият доштанд. Дар давоми солҳо аз як мактаби деҳа чор мактаби миёна ташкил ёфт. Аз ин 11-12 сол пеш дар ҳамаи мактабҳои деҳа таълим бо забони тоҷикӣ буд, чунки қариб тамоми аҳолии деҳа тоҷиканд.

Лекин тахминан солҳои 2014-2015 бо супориши даҳонии роҳбарони шуъбаи таълимии вилоят дар мактабҳои тоҷикӣ ва русӣ синфҳои ӯзбекӣ кушода шуданд. Ин супориши даҳонии роҳбаронро маъмурияти мактабҳо ба ҷо оварданд. Ҳамин тавр сол аз сол миқдори синфҳои таълимашон тоҷикӣ маҳдуд гардид, дар баъзе мактабҳо, ҳатто аз байн рафт.

Борҳо дар суҳбатҳо бо омӯзгорон мешунавам, ки ба донишкадаву донишгоҳҳо хатмкунандагони синфҳои тоҷикӣ бештар дохил мешаванд. Имрӯз ҳам дар факултаҳои филологияи тоҷики донишгоҳҳои Фарғона, Тошканд, Чирчиқ, Самарқанд, Бухоро, Тирмиз дастпарварони мактабҳои деҳа таҳсил доранд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мактаббачагон берун аз дарс бо забони модариашон ҳарф мезананд. Чизи дигари аламовар он аст, ки дар синфҳои тоҷикии мавҷуда таълими баъзе фанҳо бо забони ӯзбекӣ мегузаштааст.

Дар бораи қашшоқии китобхонаҳои мактабҳо аз адабиётҳои бадеии тоҷикӣ гап назанем ҳам мешавад. Асарҳои адибони тоҷик дар онҳо башуморанд.

Муаллимро мо дар деҳот тарғиботчии маърифат медонем, вале имрӯз на ҳамаи муаллимон ба ин ном сазоворанд. Бисёри онҳо базӯр ба як номгӯй рӯзномаи соҳавӣ обуна мешаванду аз дигар рӯзномаҳо бехабар мондаанд.

Пурсиш аз дуконҳои савдои китоб (дар деҳа ду дукони китобфурӯшӣ ҳаст) нишон дод, ки муаллимон кам китобҳои бадеӣ мехаридаанд, ҳатто баъзеи онҳо ба дукони китобфурӯшӣ умуман надаромадаанд.

Имрӯз давлат барои баланд бардоштани сифату самараи таълиму тарбия ва мақоми муаллим чораҳои муфид меандешад. Вале на ҳамаи муаллимон ба ин ғамхории давлат ҷавоби шоиста медиҳанд. Дар соҳа пойдории забони миллӣ, ташаббускорӣ, масъулиятро ба зимма гирифтан мушоҳида намешавад. Ҳама фармону супоришҳои мақомоти болоиро интизоранд.

Алҳол мо бояд камбудиҳои пешинаро бартараф намоем. Зеро, агар кас аз ватан дур шавад, дар кишвари дигар ватан карда, ҳастии худро давом медиҳад, вале агар аз забонаш маҳрум монад, миллаташро гум мекунад.

Назирҷон Эргашев,

ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: