ҚАЛБИ ИНСОНРО БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД!

Имрӯзҳо одамонро ранҷондан кори осон шудааст. Як сухан, як нигоҳ, як беэҳтиромӣ – дили инсонро мешиканад. Аммо оё ягон бор фикр кардем, ки қалби инсонро на ба монанди телефон таъмир карда мешавад, на ба мисли либос иваз?

Аммо чаро имрӯзҳо мо ба қалби инсон аҳамият намедиҳем? Чаро ранҷондани диле, ки Худо дар он назар дорад, барои баъзеҳо муҳим нест?

Биёед як мисоли одӣ орем.

Агар телефонамон аз даст афтад, мо дарҳол ба ташвиш афтода, онро мебардорем, хокашро метаконем, агар зарур шавад, ҳатто пул сарф мекунем, то таъмир шавад. Вале агар инсонеро бо сухан ё рафтори баде ранҷондем, гӯё, ки ҳеч чиз нашудааст, ҳеч гоҳ намепурсем, «хафа нашудӣ?» ё «мебахшед».

Мутаассифона, дар зиндагии ҳаррӯза мо борҳо беэҳтиётӣ мекунем – бо сухан, бо рафторе, ки ба дили як инсон озор медиҳад.

Вақте мактабхон будем, ҷамъомади падару модарон баргузор шуд. Барои назорат аз тарафи роҳбарияти мактаб, ба мо – талабаҳо роҳбар таъин карданд. Яке аз вазифаҳо ин буд, ки қайд бояд шавад, падару модари кадом хонанда меояд ва кӣ намеояд. Ҷамъомад гузашт. Падару модари як хонанда наомад. Роҳбари таъиншуда назди ӯ рафт ва гуфт:

– Чаро падару модарат наомаданд? Баъди ин ҳама таъкид? Шояд ба ту аҳамият намедиҳанд ё барои онҳо муҳим нестӣ?

Он хонанда сар хам кард. Сухане нагуфт. Лекин дар гӯшае истода, ором-ором ашк рехт. Яке аз ҳамсабақон пурсид:

– Барои чӣ гиря мекунӣ?

Ҷавоби ӯ танҳо як ҷумла буд, ки дилро пора мекард:

– Агар падару модарам зинда мебуданд, албатта меомаданд...

Он лаҳза ҳама хомӯш шуданд. Шояд шармиданд. Шояд пушаймон шуданд. Вале он қалб мисли гуле, ки зери по монда бошад, аллакай шикаста буд. Қалби инсонро бояд эҳтиёт кунем. Зеро на ҳама дардашро ба забон меорад. Баъзеҳо дар хомӯшӣ месӯзанд, баъзеҳо бо табассум.  Пас, агар як инсонро шод карда натавонем, ақаллан сабабгори гиряаш нашавем.

Ситораи НАЗАРИЁН,

донишҷӯйи соли сеюми гурӯҳи тоҷикии ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: