МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ПУРСИШНОМА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

  • МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ПУРСИШНОМА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
  • МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ПУРСИШНОМА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
  • МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ПУРСИШНОМА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
  • МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ПУРСИШНОМА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Муштариёни рӯзнома хабар доранд, ки аз оғози соли 2025 дар саҳифаи расмии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар мессенҷери телеграм бо мақсади муайян кардани мактабҳои фаъолу пешқадам, таҳкими ҳамкорӣ бо устоду шогирдони боргоҳҳои таълимӣ, инчунин, кумак барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълими умумӣ таҳти рукни «Аз ҳаёти як мактаб» пурсишнома гузаронида мешавад.

Дар муддати сипаришудаи соли равон дар байни ҷамъ 50 мактаби ноҳияҳои Шаҳрисабз (Қашқадарё), Сариосиё (Сурхондарё), Фориш (Ҷиззах), Сӯх (Фарғона), Самарқанд (Самарқанд), Сайҳунобод (Сирдарё) ва Нурато (Навоӣ), ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, чунин назарсанҷӣ доир гардид.

Тибқи натиҷаҳо мактабҳои фаъолу пешқадами ноҳияҳо муайян гардида, дар бораи фаъолияти онҳо, дастовардҳои омӯзгорон ва донишомӯзони боргоҳҳои таълимӣ, ҳамзамон, мушкилоти мактабҳо мақолаҳои пурмуҳтаво дар «Овози тоҷик» рӯйи чоп омаданд. Инчунин, чандин навору барнома таҳия гардида, дар саҳифаи рӯзнома дар YouTube гузошта шуд.

Аз рӯйи муаммоҳое, ки дар мактабҳо ба чашм расиданд, ба ҳокимиятҳои вилоятӣ ва садоратҳои таълими томактабӣ ва мактабии вилоятҳо мактуби расмӣ ирсол гардида, ҳалли баъзе мушкилот таъмин карда шуд ва номаҳои ҷавобӣ низ дар рӯзнома чоп шуданд.

Бояд гуфт, ки дар рафти марҳилаи нахустини пурсишнома дар аксар мактабҳои ғолиб, ки бо фаъолияти онҳо ошно шудем, мушкилоти норасоии китобҳои бадеӣ ба чашм расид.

Маҳз бо мақсади бартараф кардани ин мушкил тасмим гирифтем, ки ҳамчун ҷамъбасти марҳилаи якуми пурсишнома дар соли таҳсили 2024-2025 танҳо дар байни мактабҳои фаъолу пешқадами ноҳияҳо дубора назарсанҷӣ гузаронем ва ба мактабҳое, ки ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд, бастаи китобҳои бадеиро туҳфа кунем.

Дар пурсишномаи ҷамъбастӣ ба ғайр аз ҳафт мактабе, ки дар марҳилаи аввал пирӯз шуданд, ба тариқи истисно мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошкандро низ илова кардем. Ин бесабаб набуд. Чунки мактаби мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ягона маскани таълимие мебошад, ки ба рӯзномаи ҷумҳурии «Овози тоҷик» беш аз ҳама – 25 нусха обунаи солона шудааст.

Назарсанҷии ҷамъбастӣ аз 15 май то 22 майи соли равон идома ёфта, дар он ҷамъ 8724 нафар овоз доданд.

Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ, ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах (директор Сарибой Ярашев) бо ҷамъ овардани 2317 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд ва ҳамчун мактаби фаъолу пешқадами мамлакат эътироф гардида, ба китобхонаи ин боргоҳи таълимӣ бо тамғаи «Туҳфа аз китобхонаи «Овози тоҷик» 100 дона китоби бадеӣ тақдим карда шуд.

Ҷойи дувум ба мактаби таълими умумии рақами 51-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё (директор Диловар Иззатуллоев) насиб кард. Ҷамоаи мактаб 2153 овоз ҷамъ овард ва ба онҳо 75 дона китоби бадеӣ туҳфа гардид.

Дар назарсанҷӣ ҷойи сеюмро мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона (директор Ҳабиб Ҷӯраев) бо ҷамъ овардани 1819 овоз соҳиб шуданд ва ба китобхонаи ин мактаб 50 дона китоби бадеӣ супорида шуд.

Дар ин раванд, дар байни гурӯҳҳои филологияи тоҷики панҷ донишгоҳ, инчунин, гурӯҳҳои тоҷикии таълими ибтидоии донишгоҳ ва донишкадаҳои мамлакатамон низ чунин пурсишнома гузаронида, гурӯҳҳои фаъолу пешқадамро муайян кардем. Бахшида ба фаъолияти гурӯҳи ғолиби филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ саҳифаи махсус нашр шуд ва мақола дар бораи гурӯҳи пирӯзи таълими ибтидоии Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия дар дасти чоп аст.

Бояд гуфт, ки гузаронидани пурсишнома натанҳо барои таҳкими робитаи байни рӯзнома ва муштариён хидмат кард, балки баҳри дарёфти истеъдодҳои нав, дастгирии эҷодкорони ҷавон, ҳавасманд намудани онҳо ба адабиёт, матбуот ва эҷод, инчунин, афзудани теъдоди корбарони саҳифаҳои рӯзнома дар телеграм ва YouTube мусоидат кард.

Вақте ба рақамҳо диққат мекунем, аён мешавад, ки ҳангоми оғози пурсишнома теъдоди корбарони саҳифаи телеграмии рӯзнома ҳамагӣ 1000 нафар буданд. Инак, ҳоло шумораи онҳо аз 20 ҳазор нафар афзудааст. Муштариёни мо дар YouTube низ бамаротиб зиёд гардиданд ва умед дорем, ки минбаъд низ бо дастгирии хонандагон сафи онҳо боз ҳам меафзояд.

Дар асоси натиҷаҳои бадастомада пеши худ аҳд кардем, ки ин иқдоми некро минбаъд давом дода, дар байни дигар мактабҳои тоҷикии мамлакатамон низ пурсишномаҳо гузаронем. Ҳамкориро бо боргоҳҳои таълимӣ, бахусус, бо муштариён беш аз пеш вусъат диҳем.

***

ТУҲФАИ 100 ДОНА КИТОБИ БАДЕӢ БА МАКТАБИ ҒОЛИБ

Дар назарсанҷӣ, ки бо мақсади муайян кардани беҳтарин мактаби тоҷикии мамлакат дар саҳифаи расмии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар телеграм гузаронида шуд, ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 13-уми деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ғолиб шуд.

Омӯзгорон ва шогирдони мактаб таҳти сарварии директор Сарибой Ярашев дар пурсишнома 2317 овоз ҷамъ карда, ҷойи якумро ба даст оварданд ва ба унвони мактаби фаъолу пешқадами мамлакат сазовор гардиданд.

26 майи соли равон мухбири рӯзнома дар вилояти Ҷиззах Ӯзбакбой Раҳмонов ба ин мактаб рафта, 100 дона китобҳои бадеиро бо тамғаи «Туҳфа аз китобхонаи «Овози тоҷик», ки барои ҷоизадори ҷойи якум пешбинӣ шуда буд, ба мудири китобхонаи боргоҳи таълимӣ Малик Назаров супорид.

– Мактаби мо дар марҳилаи аввали пурсишнома дар байни мактабҳои тоҷикии вилояти Ҷиззах ғолиб шуда, дар бораи он дар шумораи 23-юми рӯзнома мақола таҳти унвони «Порашт бошад макони аҳли фарҳанг» чоп гардид, – гуфт ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатӣ Рамазон Азизов. – Дар марҳилаи ҷамъбастӣ низ ҷамоаи мактаб ва аҳли деҳа аз як гиребон сар бароварда, сарҷамъона ҳаракат кардем ва пирӯзиро ба даст овардем. Албатта дар ин раванд мардуми деҳаҳои ҳамсоя, фарзандони ҳамин кӯҳпоя, ки ҳоло дар гӯшаву канор ҳастанд, моро дастгирӣ карданд, ки барои ин сипосгузорӣ менамоем. Ин иқдоми рӯзнома барои ҳалли як мушкили мактаб – норасоии китобҳои бадеӣ хидмат кард. Умед дорем, ки дар оянда низ таҳририяти рӯзнома боз ба чунин ташаббусҳо нек даст мезанад, озмуну аксияҳои гуногун ташкил мекунад.

«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: