Дӯзандагӣ монанди пазандагӣ ҳунари заруриву доимист. Мо, бачагон Асолатҷон Эргашеваро, ки танҳо бо духтарон машғулият мегузаронд, дар таълимгоҳ кам медидем.
Рӯзе дар машғулияти навбатӣ мошинҳои дарздӯзиро тафтиш мекард. Духтарон низ ба ӯ ёрӣ расонда, муоинакунон мошинҳоро аз гард пок карда, ба сӯзани онҳо ресмон мегузаронданд. Баъде, ки ҳамааш тайёр шуд, онҳо ба машғулият шурӯъ намуданд. Ин дарси алоҳидаи духтарона буда, дар он ҳунарварони оянда, ғайр аз дӯхтудӯзи либос, тарзу усулҳои рӯзгордориро низ меомӯхтанд.
Оре, то ба ин дараҷаи касбу ҳунар расидан Эргашева бисёр кӯшиш кард. Баъди хатми мактаб чун хатмкардаи илму маърифат ӯро муаллимаи синфҳои ибтидоӣ таъин карданд. Дертар Эргашева дар омӯзишгоҳи педагогии Чуст курси муаллимтайёркуниро аз рӯйи вазифааш ба охир расонд.
Ба насли наврас дарс доду бо муаллимӣ маҳдуд нагардид. Дилаш боз ба такмили касбу ҳунараш рафт. Модараш Саломатҷон низ дӯзанда буд. А.Эргашева дар собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ хонда, боз малакаашро такмил дод. Бо ҳамкорони собиқадор таҷриба иваз намуд.
Дар деҳа Хонаи хидмати маишӣ ва филиали навташкили фабрикаи дӯзандагии шаҳри Чуст ба фаъолият шурӯъ намуд ва занону духтарони сершумори бекорро ба оғӯш гирифт.
– Ман, албатта, худро шогирди модар меҳисобам. Модарам – устодам, – нақл кард фарзанди калонӣ Сабоҳатҷон Соҳибова, – ман аз синфи дуюм ба модарам ёрӣ медодам. Модарам ба либос тарҳ меандохтанд. Ман онро медӯхтам. Барои мардон, занону бачагон либосҳои ҳархела медӯхтем, ҳатто тарҳу дӯхти ҷома ҳам аз дасти мо мебаромад. Асосан, ману хоҳарам Дилбарой ҳунари модарамро давом додем. Дилбарой дар мактаб дарс ҳам дод. Дигар хоҳаронам низ бо либосдӯзӣ машғуланд.
– Ман, дугонаю ҳамкоронам Меҳриҷон, Лутфиҷон, Дилобар, боз чанд нафар шогирдон либосдӯзиро аз Асолатҷон Эргашева ёд гирифтем, – даври мактабиашро ба хотир овард собиқадори меҳнат Бозорбибӣ Абдулатифова, – пойдевори дӯзандагии мо аз он кас аст. Баъд ба устоди дигар Қутбинисо шогирд шуда, ҳунар омӯхтем. Якҷо дар Хонаи хидмати маишии деҳа кор кардем. Шахсан ман дар ягон ҷойи дигар ба дӯзандагӣ нахондаам.
Дар ҷараёни фаъолияти педагогии худ Эргашева дарк намуд, ки маълумоти олӣ барои бурдани корҳои таълиму тарбия нафъи ҳамаҷониба доштааст. Барои ин Асолатҷон Эргашева дар оянда соҳибмаълумоту соҳибкасб кардани дилбандонро ба худ мақсад кард. Муаллима бо омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Соҳиббой Ёқубов дар давоми издивоҷи 53-солаашон фарзандони сершуморро ба роҳи ҳаёт равона намудаанд. Модар 10 нафарро тарбияю маълумотдор кардааст. Дилбандонаш Сабоҳатҷон – муаллими забони русӣ, Ҳабиба – омӯзгори география, Шаҳодат – муаллими забони англисӣ, Замира – фелдшер, Фотимаҷон – ҳамшираи тиббӣ, Дилбарой – муаллимаи таълими меҳнату нақшакашӣ, Самиҷон – омӯзгори кимиё, Набиҷон – ҳисобчӣ, Дилмурод – ходими идораи милитсия ва Ороста (шодравон) – муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик. Хуллас, панҷ духтару як писар соҳаи таълимро интихоб намуда, ҳамкасби падару модар гардиданд.
Аксари фарзандон имрӯз нафақахӯр мебошанд.
Асолатҷон Эргашева (манзили охираташ обод бод!) аз занони хушбахт буд. Меҳри дурахшон дошт ба оила, фарзандон, инсон, касб ва ҷамъият.
Ш. МИРЗОЕВ,
деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.