Соли 1969 зиёда аз 100 нафар толибилмони мактабҳои Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии ба номи Садриддин Айнии Самарқанд супорида, 37 нафарашон донишҷӯй шуданд.
Соли 1973 баъд аз соҳиби диплом шудан ҳар яке ба ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ раҳсипор шуда, ба кор шурӯъ карданд. Онҳо дар муддати 52 сол риштаи дӯстиро наканда, ҳар сол ба шаҳри азими Самарқанд омада, аз солҳои донишҷӯйиашон ёдовар мешаванд.
Ҳамсабақон аз вохӯрда аввал ҷойҳои таърихии Самарқандро зиёрат карданд. Дар бораи таърихи сохта шудани масҷиди Хоҷа Абдуи Берунӣ маълумоти кофӣ гирифтанд. Аваз Нарзиқулов, Ҷавлон Отақулов, бинои нави сеқабата сохташудаи масҷиди навро аз назар гузаронида, аз имоми масҷид маълумоти кофӣ гирифт. Баъд ҳамсабақони собиқ канал (Ҷӯйи калон)-и Дарғомро, ки аз ҳудуди ноҳияи Самарқанд мегузарад, тамошо карда, дар бораи кай боз ҷорӣ шудани канал ва таърихи он маълумот гирифтанд.
Муҳаррам Ҳамидзода бошад, аз давраи пахтачинӣ дар Пасдарғом ва хӯроки баракпазиашон нақл кард.
Аваз Нарзиқулови сӯхӣ бошад, дар бораи таълимдиҳии устодон Салоҳиддин Аслиддинов, Абдумӯъмин Фаттоев, Шавкат Шукуров, Салим Кенҷа, Абдувосеъ Қосимов нақл кард. Ҳамсабақони собиқ Мақсуда, Раҳматҷон, Саломат ва дигарон аз давраи донишҷӯиашон хотирраҳо нақл намуданд. Ҳамсабақони собиқ дар яке аз гӯшаи дилнишини зебоманзари, «Лаби ҳавз» суҳбати дӯстона ва базми шеъру сурудхонӣ карданд.
Тоҳир Зокиров бо сурудҳои дилнишини худ давраро мунаввар кард.
Толиб Юнусзода.
Вилояти Самарқанд.