Ба қарибӣ китоби «Тарбияи фарзанд» дар нашриёти «Mahorat»-и Самарқанд бо теъдоди 1000 нусха рӯйи чопро дид. Муаллифони маҷмӯа Акрами Муҳаммадусмон ва Хусрав Маҳмудов мебошад.
Китоб махзани донишу савод, дӯсти беҳтарин ва сарвати бебаҳост. Нақши он дар тарбияи фарзанд муҳим аст. Мутолиаи китоб низ сабаби дастовардҳои беназири аҷдоди мост, ки дар фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ба қарибӣ китоби «Тарбияи фарзанд» дар нашриёти «Mahorat»-и Самарқанд бо теъдоди 1000 нусха рӯйи чопро дид. Муаллифони маҷмӯа Акрами Муҳаммадусмон ва Хусрав Маҳмудов мебошад.
Китоб аз понздаҳ боб иборат буда, дар он масъалаҳои умумӣ, инкишофи кӯдаки навзод, тарбияи кӯдак, аз таваллуд то шашсолагӣ, масъалаҳои муҳими тарбия, насиҳат ва одоб, хусусиятҳои хоси тарбия, тайёрӣ ба бунёди оила, бунёди оила, оилаи нав, масъалаҳои рӯзгордорӣ, ҷудошавӣ, хусусиятҳои кор ва зиндагӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ, оила дар шароити ҷаҳонишавӣ, масъалаҳои нозуки оила ва пандҳои бузургон гирд омадаанд.
Дар китоб самимияти гуфтору нақли муаллифон бештар эҳсос мегардад, ки ин муштариёнро бефарқ намегузорад. Муҳтавои китоб хонандаро ба омӯхтани илму дониш, хислатҳои неки инсонӣ, шукргузорӣ, меҳнат-дӯстӣ, эҳтиром ба падару модар, саҳмгузорӣ ба рушду равнақи ҷамъияту Ватан ва ба инсофу диёнат даъват менамояд. Ин омилҳо барои тарбияи ҷавонон дастурамали хубест.
Ба қавли Акрами Муҳаммадусмон «Ин китоб ба масъалаҳои тарбияи фарзанд аз давраи ҳомиладории зан то таваллуд, аз давраи ширмакӣ то ба балоғат расидан, интихоби ҳамсар ва бунёди оила (хонадоршавӣ) бахшида шудааст. Аксарияти мардуми мо дар масъалаи тарбияи фарзанд саводи кофӣ надоранд ва мехоҳанд фарзандони худро чуноне ки онҳоро падару модарашон тарбия кардаанд, тарбия намоянд. Ин дониш барои тарбияи фарзанд кофӣ нест. Барои ин хел падару модарон мехоҳам суханҳои як донишмандро хотиррасон намоям: «Фарзандонатонро чуноне ки волидонатон шуморо тарбия кардаанд, тарбия накунед, зеро замони шумо аз замони онҳо фарқ мекунад». Инчунин падару модарони мо дар зери мафҳуми тарбия фақат одоб омӯхтан ва насиҳат карданро мефаҳманд. Имрӯз мо усулҳои анъанавии тарбияи аҷдодро истифода бурда, метавонем кӯдаки боадаб, гапдаро ва боинтизомро тарбия намоем. Албатта инҳо хислатҳои хубанд ва ба тарбияи ин хислатҳо бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Лекин тарбия дигар паҳлӯҳои худро низ дорад, ки хонанда бо онҳо дар рафти мутолиаи китоб ошно мешавад».
Фикр мекунем, ки ин китоб барои падару модарон дастури муфид хоҳад шуд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».