ДАР ДЕҲА ФАҚАТ НОМАТ МОНД

Духтари сеюми ман Фархунда ҳамин соли хониш хатмкунандаи синфи 11 буд. Сад дареғ, ки хатми мактаб барояш насиб нагардид. 11 сол хонду ба ҷойи шаҳодатномаи хатми мактаб маълумотномаи даҳшатнокеро соҳиб шуд.

20 ноябри соли 2007 чун дигар рӯзҳо бо хушу хурсандӣ оғоз ёфт. Он сол ману духтари калониам Фарангис дар мактаби рақами 54 омӯзгор будем. Ҳар ду чун ҳарвақта бо табъи хуш сӯйи мактаб равон шудем ва намедонистем, ки ҳамин рӯз чӣ пешомади мудҳише моро интизор аст.

Духтари сеюми ман Фархунда ҳамин соли хониш хатмкунандаи синфи 11 буд. Сад дареғ, ки хатми мактаб барояш насиб нагардид. 11 сол хонду ба ҷойи шаҳодатномаи хатми мактаб маълумотномаи даҳшатнокеро соҳиб шуд.

Ҳамон рӯз, соати сеюми дарс тамом шуда, омӯзгорон дар ошхонаи мактаб ҷамъ омадем. Ва ҳамин вақт ҳамсояамон шодравон Маҳмадкарим Авазов хабари нохуше овард. Дар назди мактаби рақами 10 Фархундаи маро мошине зада буд.

Аз мактаб баромада сӯйи мошине, ки моро нигарон буд, мебоист расида оям. Вале на маҷоли қадамзанӣ доштаму на ёрои сухане гуфтан. Фақат аз муаллимҳое, ки маро ҳамроҳӣ мекарданд, гаштаву баргашта мепурсидам: «Фархундаи ман зинда аст?» Онҳо маро таскин бахшида мегуфтанд, ки Фархундаро ҳеч чиз нашудааст, ҳатто рӯяш ягон захме надорад.

Ба беморхонаи Бойсун расида омадем, духтарчаамро дида, гӯё каме тасаллӣ ёфтам, чунки ягон ҷояш захме надошту хоб рафта буд. Он рӯз ман намедонистам, ки Фархунда дигар ба ҳуш намеояд, на илоҷи аз ҷой хестану на гап задан дорад.

Момоям мегуфтанд, ки доғи фарзандро ба сангҳои лаби дарё ҳам нишон надиҳад, Парвардигор. Чунки сангҳо реза-реза мешудаанд гӯё. Ман пеш аз Фархунда дар бадали ду сол ду писарчаамро аз даст дода, дилам реш-реш гашта буд. Фархунда бошад, ба дили реши ман гӯё марҳам шуда буд. Сад афсӯс, ки ин марҳам муваққатӣ будаасту пас аз 19 сол дили реши маро хуншор карда рафт.

Дар беморхонаи ноҳия 2 рӯз, дар беморхонаи вилоят 33 рӯз, дар клиникаи нейрохирургии Тошканд 18 рӯз Фархундаро табобат кунондем, вале ҳама бесамар. Табъи баланд ҷисму ҷони духтарамро гӯё месӯхт. Дар Тошканд ман фаҳмидам, ки сари духтарам сахт зарб хӯрдаасту майнаи сар ба хушкидан сар кардааст. Лекин дар бадали 5 моҳе, ки гоҳ дар хонаву гоҳ дар беморхона мегузашт, ман умедамро намекандам. Бори охир 22 рӯзи дигар дар касалхонаи марказӣ табобат кунондем. Рӯзи охирин бори аввал табъи духтарам мӯътадил шуд ва акнун сиҳат ёфтанаш мумкин гуфта, моро ба хона ҷавоб доданд.

Вале сад дареғ, ки 21 апрел баъд аз беҳушии панҷмоҳа дили духтарам аз задан монд. Умедҳоям барбод шуд, духтари 19-солаамро аз даст додам. Ман аз касе гила надоштам, ба қазову қадар боварӣ доштам, лекин ин доғу дардро бардоштан осон набуд. Шабу рӯз мегиристаму менолидам, гуфтаҳои зер аҳёнан аз дилам мегузашт:

Нодида давронам, бачам, Фархунда,

Дилат пурармонам, бачам, Фархунда.

Рафтию дар деҳа фақат номат монд,

То ҳол гирёнам, бачам, Фархунда.

Барои модар ин воқеаҳоро навиштан, нақл кардан осон нест. Лекин 17 сол боз доғи ҷудоӣ маро азият медиҳад. Ман пеш аз рӯй додани ин воқеа яке аз фаъолони рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Садои Сурхон», «Бохтар» ва «Ховар» будам. Хонандагонамро ба ин рӯзномаҳо обуна мекардам, навиштаҳои онҳоро таҳрир карда, ба таҳририят мефиристодам, худам ҳам мақолаву хабар ва лавҳаву ҳикояҳо менавиштам. Фархунда қалами маро шикаст ва дигар 17 сол боз ягон ҷумла рӯйи коғаз оварда натавонистам. Дар дилам захме буду имрӯз кафид, дардҳоро гуфта гӯё каме сабук шудам.

Илоҳо! Ягон модарро ба доғи фарзанд наозмой! Марги падару модар мерос, марги фарзанд – теғи алмос, гуфтаанд. То зиндаам Фархунда дар ёди ман аст.

Парвардигоро, ба духтарҷони ман, илоҳо, аз ҷаннат ҷой дода бошӣ!

Қурбоной ҲАКИМОВА,

сокини маҳаллаи «Дарбанд»-и ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: