Садриддин Айнӣ дар қисми якуми «Ёддоштҳо»-и худ дар бораи падараш маълумоти мукаммал додааст. Албатта, дар симои падари Айнӣ мо хислатҳоеро мебинем, ки дар падари мо низ дида мешавад.
Падар бузургтарин ва меҳрубонтарин шахс дар ҳаёти мост. Сутуни хонадон аст. Мо бояд падари худро эҳтиром кунем ва нагузорем, ки ғамгин шавад. Дар баъзе оилаҳо дар баробари фарзандони хубу тарбияёфта фарзандоне ҳастанд, ки бо рафтори бад на боғ, балки доғи падару модар мегарданд. Дар бораи падар чӣ қадар ҳарф занем, кам аст. Садриддин Айнӣ дар қисми якуми «Ёддоштҳо»-и худ дар бораи падараш маълумоти мукаммал додааст. Албатта, дар симои падари Айнӣ мо хислатҳоеро мебинем, ки дар падари мо низ дида мешавад. Шахсан ман, ҳангоми хондани ин асар аксари хислатҳои падари худро дар падари ӯ дидаам. Аввалан, падари Айнӣ – Саидмуродхоҷа шахси бофазлу босавод буд. Як муддат дар мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ҳам кардааст. Дар ин бора худи ӯ чунин гуфтааст:
«Ман барои хондан ишқу ҳаваси бисёр доштам, бинобар ин, намехостам, ки хонадор шуда аз хондан боз монам. Аммо дидам, ки падар ва модарам пир шудаанд ва баъд аз ин бе ёрии ман зиндагониашон душвор аст, ночор ин корро қабул кардам. Тобистон бо модарам дар Соктаре истода деҳқонӣ карда сардарахтиҳоро меғундоштем ва дар зимистон дар деҳаи Маҳаллаи Боло бо падар зиндагонӣ карда, чархиосиётарошӣ ва бофандагӣ менамудам. Лекин бо ҳамаи ин шавқи хонданро ҳеч аз ёд набаровардам: «Мо худ нарасидем, ту шояд бирасӣ» – гӯён тағоят – Мулло Деҳқонро, ки ҳарфшинос буд, дарсҳои ибтидоӣ хонондам ва якчанд нафар бачагони деҳаро саводхон карда, ҳамаашонро ба Бухоро бурда, дар мадраса ҷойгир кунондам. Тағоият хонданро давом кунонд, аммо дигаронашон, баъд аз ду-се сол дар мадраса истодан, ба саҳро баромада, ҳар кадом дар деҳе имом шуда мардумфиребиро ривоҷ доданд. Меҳнатҳои ман сӯхт». [Саҳ. 12]
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки падари Айнӣ шахси илмдӯст, адабиётпарвар ва инчунин ҳунарманд будааст. Вай, бо вуҷуди илмдӯст буданаш, ба чархиосиётарошӣ ва бофандагӣ сарукор доштааст. Дар бораи ҳунармандии ӯ Айнӣ чунин менависад:
«Дере нагузаштааст, ки аввал модари падарам ва баъд аз ду сол падараш вафот карданд. Аммо падарам баъд аз сари онҳо ҳам истиқомати дуҷоягиро тарк накардааст – тобистон дар Соктаре бо деҳқонӣ ва бофандагӣ машғулӣ намудааст ва зимистон дар Маҳаллаи Боло бо чархиосиётарошӣ ва бофандагӣ. Бофандагии падарам фақат барои пӯшок ва кӯрпа-болиши хонавода буда, чархиосиётарошӣ барои фурӯш буд». [Саҳ. 13]
Чи хеле ки дар боло таъкид кардем, падари Айнӣ илмдӯст буд. Азбаски худ ба мақсад нарасид, мехост фарзандонашро соҳибилм кунад. Аз ин лиҳоз, нисбат ба фарзандонаш сахтгир буд. Чунончӣ, яке аз суҳбатҳои ӯ бо писари калониаш – Муҳиддинхоҷа собити ин гуфтаҳо шуда метавонад:
«Акаат ҳеч ҷой намеравад, ӯ дарсҳои якҳафтагиашро такрор карда, аз ёд накардааст. То ҳамон дарсҳояшро ёд карда, аз пеши ман нагузаронад, ман ӯро на ба тамошо ва на ба бозӣ – ба ҳеч ҷо рухсат намедиҳам. Худат равӣ, майлат, – гуфт». [Саҳ. 28].
Падари Садриддин одами бофарҳанг аст. Ба Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб ва Исо эҳтироми баланд дорад ва ҳамеша фикрҳояшро бо мисолҳо аз ашъори онҳо тақвият медиҳад. Падар одамони золим ва муфтхӯру фиребгарро девсор меномад ва аз онҳо эҳтиёт шудани мардумро бо ин суханони Саъдӣ қувват мебахшад: »Дев бо одам наёмезад, матарс, бал битарс аз одамони девсор».[Саҳ. 51].
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавед, то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Оре, ҳар падар мехоҳад, ки писараш дар вақти пириаш асои ӯ шавад. Аз ҳамин нуқтаи назар дар даврони кӯдакию бачагии фарзандонаш, падар кӯшиш менамояд, ки писараш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва як шахси ҳалолкор шавад. Ё дар дил орзу дорад, ки фарзандаш дар оянда шахси бузург шуда, ба халқу Ватани худ содиқона хидмат кунад.
Падар сахтгап бошад ҳам, меҳрбон, ғамхор ва дуогӯй мебошад. Падари Айнӣ ҳам аз ҳамин қабил падароне мебошад, ки барои тарбияи фарзандонаш кӯшиш мекард. Шояд ӯ ин тавр намекард, Айнӣ инсони бузург намешуд. Инак, боз як панди дигар:
– Баъд аз ин ҳар чизро, ки мебинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту чизе гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам дубора пурсида ба ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеч гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном. Ҳоло ту гуноҳдор: якум он, ки гапи таъинкардаро аз ёдат баровардӣ, дуюм он, ки ба ҷойи он гапҳо аз худ дурӯғ гуфтӣ. Агар ҳамон вақт ту «гапҳои таъинкардаашонро фаромӯш кардаам» мегуфтӣ, ман туро ба пеши ин кас шарманда намекардам. Рав, бозӣ кун!» [Саҳ.130].
Падар танбеҳ кунад ҳам барои раҳнамоии фарзандаш мекунад. Аммо фарзанди бад доғи падар, вале агар ӯ хислатҳои бади худро партофта ба суханҳои падар ва калонсолон гӯш кунад, метавонад боғи падар шавад. Фарзандоне ҳастанд, ки ба падар дӯғу даранг карда, ӯро дашном медиҳанд, меҳру муҳаббати ӯро қадр намекунанд. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки гар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.
Мехоҳам дар ин ҷо ҳикоятеро биёрам:
Рӯзе фарзандон ба падар гуфтанд:
– Падар, шумо шабҳо хуррок мекашед, намемонед, ки мо бароҳат хоб кунем.
Падар лабханде зада гуфт:
– Не, фарзандҳоям, ман хуррок намекашам.
Фарзандҳо асабӣ шуданд ва ба ҳуҷраи худ рафтанд. Шаб хостанд, ки садои хурроки падарашонро дар телефон сабт кунанду саҳар ба падарашон собит намоянд, ки ӯ хуррок мекашад. Шаб шуд, онҳо хурроккашии падарро сабт намуданд. Субҳ хостанд, ки ба назди падар дароянду собит кунанд, ки ӯ хуррок мекашад, аммо, сад афсӯс, ки падар аз олам гузашта буд.
Дар ҳақиқат, вақте ки хурд будем, ба мо савол медоданд, ки падаратро дӯст медорӣ ё модаратро? Мо «модарамонро» мегуфтем. Зеро дар тарбияи мо модар бисту чор соат ҳамроҳи мо буд. Намедонистем, ки падар берун аз хона барои мо чӣ қадар заҳмат мекашад. Падари Айнӣ ҳам то охири умр талош мекунад, ки фарзандонашро фозилу доно ба камол расонад, вале умр вафо намекунад.
Саидмуродхоҷа образи падарест, ки бо меҳнати ҳалол, ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва поктинатӣ дар байни аҳолӣ эътибори баланд дорад ва писарони худро дар ҳамин рӯҳия тарбия менамуд. Суханҳои ҳикматноку пандомези падар ба Садриддин таъсири бузург бахшиданд, меҳру муҳаббати ӯро бо шеър, ба каломи бадеӣ зиёд намуданд ва ӯро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростӣ даъват намуданд. Васияти падар пеш аз марг муҳимтарин дастури зиндагии минбаъдаи Садриддин гардид: «Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!» [Саҳ. 149].
Бале, падар шаҳсутуни хона, дару дарвозаи кошона аст. Ман аз навиштаҳои устод Айнӣ ба хулосае омадам, ки падар дар ҳаёти фарзанд шахси бебаҳост ва ҷойи ӯро ҳеч кас гирифта наметавонад. Пас, биёед, падаронро эҳтиром намоем. Боғи падар шавем, на доғи падар.
Х. Ҳабибуллоева,
донишҷӯйи гурӯҳи журналистикаи ДДС.