ДАР БОРАИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МИҚДОРИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА, СТИПЕНДИЯ ВА КУМАКПУЛИҲО

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади васеъ намудани миқёси чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ, давом додани сиёсати пай дар пай зиёд кардани даромади шаҳрвандон ва пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии онҳо нигаронида шудаанд:

I. Зиёд кардани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо

1. Аз 1 июли соли 2025 миқдори нафақа ва кумакпулиҳо, инчунин, ҳаҷми нафақаи бачагонаи оилаҳои камтаъмин ва пардохти ёрии моддӣ 10 фоиз зиёд карда шавад. Дар ин ҳолат:

(а) миқдори ҳадди ақали нафақаи синнусолӣ – моҳе 918 000 сӯм;

(б) миқдори ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ – моҳе 1 012 000 сӯм;

(в) миқдори моҳонаи нафақаи бачагон барои оилаҳои камтаъмин:

 (i) барои як нафар фарзанди хурдсоли то 3-сола – 360 000 сӯм, барои як фарзанди аз 3 то 18-сола – 275 000 сӯм;

(ii) барои фарзанди дувуми оила ба таври илова – 165 000 сӯм;

(iii) барои фарзанди сеюми оила ва ҳар як фарзанди баъдина ба таври илова – 110 000 сӯм;

(г) миқдори моҳонаи ёрии моддӣ барои оилаҳои камтаъмин – 420 000 сӯм;

(д) миқдори дигар нафақа ва кумакпулиҳое, ки ба шаҳрвандон пардохта мешаванд, мувофиқи замима муқаррар карда шавад.

2. Аз 1 августи соли 2025 миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 10 фоиз зиёд карда шавад.

II. Муайян кардани миқдори ҳисоби базавӣ

3. Инҳо:

(а) Аз 1 июли соли 2025 миқдори ҳисоби базавии нафақа –  моҳе 471 000 сӯм;

(б) аз 1 августи соли 2025:

(i) миқдори камтарини музди меҳнат– моҳе 1 271 000 сӯм;

(ii) миқдори ҳисоби базавӣ – 412 000 сӯм муқаррар карда шавад.

III. Захираҳои молиявӣ

4. Хароҷоти вобаста ба зиёд кардани музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди нафақаи ғайрибуҷетии назди Вазорати иқтисод ва молия пардохта мешавад.

IV. Ташкил, таъмин ва назорати иҷрои Фармон

5. Ба корфармоён тавсия дода шавад, ки баланд бардоштани миқдори  музди меҳнатро мутобиқи миқдори  ҳадди ақали музди меҳнат амалӣ намуда, пардохти музди меҳнатро на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнати муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ таъмин намоянд.

6. Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шавад, ки якҷоя бо Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Агентии ахбор ва  коммуникатсияҳои оммавӣ корҳоро оид ба васеъ инъикос намудани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур, натиҷаҳои пешбинишаванда дар воситаҳои ахбори оммавӣ, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил кунад.

7. Масъулияти шахсӣ барои таъмини иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ.А. Қӯчқоров гузошта шавад.

8. Муҳокимаи рафти иҷрои Фармони мазкур, амалӣ намудани мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ба иҷрои онҳо масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистан   Ш. МИРЗИЁЕВ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: