ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО

  • ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО
  • ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО
  • ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО
  • ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО
  • ЧАҲОР НОМБАРДОРИ КӮҲИСТОНИ НУРАТО

Дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ҷашни мавлуди чаҳор адиби тоҷик Бекназар Тӯйназар, Паймон (Тӯхтамиш Давлатзод), Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар баргузор гардид.

Аз қадим мардуми кӯҳистони Нурато бо меҳмоннавозиву меҳмондории худ ном баровардаанд. Дар арафаи нишасти адабию фарҳангии  маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд», ки таҳти сарпарастии Бунёди фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» ва Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах бахшида ба 75-солагии рӯзноманигор ва нависанда Бекназар Тӯйназар, 70-солагии шоирон Паймон ва Абдулло Субҳон, 60-солагии нависанда Юнуси Имомназар дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ташкил шуд, меҳмонон аз Тоҷикистон бо сарварии ҷонишини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, рӯзноманигори шинохта Қироншоҳ Шарифзода ва рӯзноманигор Меҳрофарин Наҷибӣ ташриф оварданд.

Субҳи 30-юми моҳи май онҳо аз мактаби рақами 30-юм ва пасон мактаби рақами 43-юм боздид ба амал оварданд.

Дар назди мактаби рақами 43-юм шоирон Паймон ва Абдулло Субҳон, нависандагон Юнуси Имомназар ва Шариф Халил, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», раиси Бунёди фарҳангии тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» Тоҷибой Икромов ва дигар меҳмонон ба ҳам пайваста, роҳ ба тӯйхонаи «Сетора», ки рамзи дӯстии мардуми ин кӯҳистон аст, гирифтанд. Он идона оро дода шуда буд. Меҳмононро он ҷо бо нону намак истиқбол карданд.

Ба тӯйхона барои табрики соҳибҷашнҳо меҳмонон – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, профессор Аслиддин Қамарзода, ҷонишини ректори Донишгоҳи давлатии Навоӣ, профессор Таваккал Чориев, раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ Баҳриддин Садриддинов, шоир, муҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода, ҷонишини ҳокими ноҳияи Нурато Шӯҳрат Вафоев ва дигарон аз Тошканду Чирчиқ, Сурхондарёву Сирдарё, Навоию Самарқанд ҳозир буданд.

Маҳфилро омӯзгор Дилмуроди Қӯзӣ оғоз бахшида, суханро ба шоир Асадулло Исмоилзода дод. Асадулло оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоирон Паймон ва Абдулло Субҳон маълумот дода, эътироф кард: «Ман бо камоли эътиқод ва итминон ин ду шоирамонро ҳамчун ду шоҳсутуне мебинам, ки имрӯз боми бошукӯҳи адабиёти тоҷикро дар қатори ҳамтоёни худ бо виқор мебардоранд».

Шояд хонандаи закиро муаррифии шоирону нависандагон зарур набошад, вале доир ба фаъолияти эҷодии онҳо ҷоиз донистем маълумоти мухтасар диҳем. Ин чаҳор нафар идомадиҳандагони анъанаҳои Баҳром Фирӯз ва Ҷонибеки Қувноқ мебошанд.

Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) 24 феврали соли 1955 дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Шариф Раҳимов (ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб»)-и ноҳияи Сайҳунобод ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби рақами 38-уми ноҳияи Нураторо, ки дар он устодон Ҷонибек Қувноқ ва Бекназар Тӯйназар низ таълим гирифтаанд, хатм намуда, соли 1973 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад, онро соли 1977 тамом мекунад. Муддати шаш сол дар мактаби рақами 38-ум аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Аз соли 1982 то ҳол дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба сифати паёмнигор ва муҳаррири бахши фарҳанг фаъолият дорад.

Паймон узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон (соли 1984), узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон (соли 1995) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 2010) мебошад. Осори Паймон дар кишварҳои хориҷа чандин бор дар баёзу китобҳои шеърии мунташиршуда дар Эрон, Фаронса ва Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Паймон муаллифи китобҳои шеърии «Санги навишта» (Душанбе, «Адиб», 1991), «Шабовез», (Тошканд, «Ёзувчи», 2000), «Шабоҳанг» (Тошканд, «Шарқ» 2012), «Даҳ пурсишу даҳ посух», (Тошканд, 2019), «Девон», ҷилди аввал (Тошканд, «Адабиёт», 2021), «Шабогард» (2022), «Даҳ пурсишу даҳ посух» (Тошканд, 2024) ба ҳуруфи форсӣ ва дигарҳо мебошад.

Паймон дар тарҷумаи бадеӣ низ маҳорат дорад. Асари машҳури «Назм-ул-ҷавоҳир»-и шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишери Навоиро ба тоҷикӣ баргардондааст.

Паймон дорандаи медали «Шӯҳрат», орденҳои «Дӯстлик»-и Ӯзбекистон ва «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон, «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барандаи нишони «Сухан»-и Тоҷикистон мебошад.

Агарчи Абдулло Субҳон 2 марти соли 1955 дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё дида ба дунё кушода, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли 1976 онро хатм намудааст, аслан, мисли Паймон, реша дар кӯҳпояи Нурато дорад. Чанд сол дар мактабҳои зодгоҳаш аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ мақолаю шеърҳои ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба табъ мерасиданд. Аз соли 1989 то ба имрӯз дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба ҳайси мудири бахши адабиёт ва ҳунар фаъолият дорад.

Осори шоир тавассути китобҳои «Мушки субҳ» (Душанбе, «Адиб», 1988), «Нидои сарбадор» (бо алифбои форсӣ, Тошканд, «Ҳоҷӣ Сотимхон» 1992), «Уфуқи пиндор» (Тошканд, «Меҳнат», 2000), «Гарди анҷум» (Тошканд, «Ӯзбекистон», 2007), «Марзи хуршед» (Тошканд, «Turon zamin ziyo», 2015), «Фарёди сукут» (Тошканд, «Тамаддун», 2023) ба дасти хонандагон расидааст.

Ашъори Абдулло Субҳон дар чандин маҷмӯаву баёз дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба чоп расидаанд.

Абдулло Субҳон узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, барандаи медали «Шӯҳрат» дар Ӯзбекистон мебошад. Боиси хурсандист, ки рӯзи ҷашн Абдулло Субҳон аз ҷониби ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод бо нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Доир ба ҳаёт ва осори нависандагон, устод Бекназар Тӯйназар ва Юнуси Имомназар нависанда ва хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил маълумоти муфассал дод.

Бекназар Тӯйназар, бемуҳобот тақрибан ба ҳамаи кормандони имрӯзаи рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳаққи устодӣ дорад. Равшан Махсумзод, ки худ зодаи воҳаи Сурхон аст, эътироф намуд, ки нависанда Бекназар Тӯйназар дар ташаккули фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нависандагии ӯ саҳм гирифтааст.

Бекназар Тӯйназар дар деҳаи Эҷи кӯҳистони Нурато таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби овозадори Синтоб дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ таҳсил гирифтааст. Ӯ аз соли 1974 то бознишастагӣ дар идораи «Овози тоҷик» ҳамчун муҳаррири шуъбаи давлату ҳуқуқ ифои вазифа мекунад. Мақола ва ҳикояву тарҷумаҳои устод Бекназар дар саҳифаҳои матбуот аз соли 1967 инҷониб ба табъ расидаанд. Намунаҳои эҷоди устод дар китобҳои «Саргузашти Амонбой ва Давлатбой», «Чакомаи пирӯзӣ» ва «Хумчойнак» чоп шудаанд. Нахустин китоби мукаммали устод бо номи «Бори дил» соли 1999 аз тариқи нашриёти «Ӯзбекистон» ба табъ расида буд. Китоби дигари ӯ бо номи «Дар кӯчаҳои шаҳр», ки байни хонандагон хеле маҳбубият пайдо намудааст, тариқи нашриёти «Тафаккур қаноти» соли 2013 чоп шуд.

Юнуси Имомназар ба шасти камолот расид. Ӯ дар деҳаи Эҷ ба дунё омада, дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаб ба шуъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ Юнус чанд сол дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омӯзгорӣ намудааст. Моҳи апрели соли 1996 ӯро барои кор ба шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ ба Тошканд даъват мекунанд. То соли 2000-ум дар ҳамин шуъба фаъолият дошт.

Юнус дар ҳавзаи адабиёти Ӯзбекистон ҷойгоҳи худро дорад. «Аз санг сахт аз гул нозук» (2010), «Ҷоми саргардон» (2014), «Деҳаи зархез» (2016), «Се барги сабз», (дар ҳаммуаллифӣ, 2019), «Хирмани сухан» (Китоби якум, Тошканд, 2019), романи «Сабзу сурх» (Тошканд, «Тамаддун», 2020) номгӯйи нопурраи осори бадеӣ ва тарҷумавии Юнуси Имомназар мебошанд. 

Юнуси Имомназар ҳамчун як эҷодкори шинохта ба корҳои нек даст мезанад. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар байни мактабҳои тоҷикии навоҳии Нуратои вилояти Навоӣ ва Фориши вилояти Ҷиззах маҳфили «Хирадманд» баргузор мегардад, ки шогирдони мактабиро ба китобхониву эҷоди осори бадеӣ водор мекунад. Дар дили наврасон шавқу завқро нисбат ба эҷод ва адабиёт афзун месозад.

Дар нишасти адабию фарҳангӣ сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода соҳибҷашнҳо ва иштирокдорони олимпиадаи забон ва адабиёти тоҷикро байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз вилоятҳои Навоӣ ва Дизах бо сипоснома ва ҳадяҳо тақдир намуд.

Толибилмони мактабҳо аз ашъори адибон шеъру суруд хонда, аз осори насрии онҳо саҳначаҳо гузоштанд, ки хеле хотирнишин   буд. Боиси таҳсин аст, ки бо сарварӣ ва ташаббуси намояндаи ҳокимияти ноҳияи Нурато Воҳид Қобилов хонандагони мактаби рақами 35, ки таълим ба забони қазоқӣ аст, шеърҳои Паймон ва Абдулло Субҳонро дар тарҷума ба забонҳои қазоқӣ ва ӯзбекӣ қироат намуданд.

Бешубҳа, иди мавлуди адибон дар сатҳи баланд гузашт ва ба ҳозирин таассуроти хуби маънавӣ гузошт.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: