КӮДАКИСТОНИ «ПАРВОЗ» – ПАРВОЗИ ОРЗУҲОИ КӮДАКӢ

  • КӮДАКИСТОНИ «ПАРВОЗ» – ПАРВОЗИ ОРЗУҲОИ КӮДАКӢ
  • КӮДАКИСТОНИ «ПАРВОЗ» – ПАРВОЗИ ОРЗУҲОИ КӮДАКӢ

Зиёда аз панҷ сол мешавад, ки дар маркази ноҳияи Самарқанд, дар шаҳраки зебои Гулобод кӯдакистони «Парвоз» бо муҳити гарму самимӣ ва шароити муосир фаъолият дорад.

Ин муассисаи тарбиявӣ ба як гӯшаи дурахшони кӯдакон табдил ёфтааст, ки дар он муҳаббат, дониш ва шодмонӣ ҳамеша пойдор аст. Кӯдакистон барои 125 нафар пешбинӣ шуда, кӯдакон аз синни 1,5 сола қабул карда мешаванд.

Роҳбари заҳматкашу ғамхори кӯдакистон Маматқул Шарифов, бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд барои ободиву пешрафти он заҳмат мекашад. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки муҳити тарбиявӣ зебо, тоза ва барои рушди кӯдакон мусоид бошад.

Мураббияи варзида ва меҳнатдӯст – Наталя Владимировна, ёрдамчии мураббия Моҳигул Ҳоҷиева ва ҷонишини директор Зайнура Шарипова бо муҳаббат ва сабру таҳаммул ба кӯдакон хату савод, одобу ахлоқ ва забон меомӯзанд. Дар кӯдакистон маҳфилҳои каратэ, омӯзиши забони англисӣ фаъолият дорад.

Чанде пеш дар «Парвоз» чорабинии «Хайр боғча» бо як рӯҳияи баланд ва тантанаи хотирмон баргузор гардид. Бачаҳо бо маҳорати воло шеърҳо қироат карданд, рақсу намоишҳоро рӯи саҳна гузоштанд, бо суханони самимии худ қалбҳоро тасхир карданд. Ин рӯз барои волидон, омӯзгорон ва худи кӯдакон ба як иди хотирмон табдил ёфт. Зеро 25 нафар кӯдак бо кӯдакистони ҷонаҷонашон хайрухуш карда, сӯйи мактаб раҳсипор мешаванд.

Кӯдакистони «Парвоз» бо муҳити гарм, мураббиёни меҳрубон ва шароити созгор, воқеан сазовори номаш аст – ин ҷо парвози кӯдаконаи орзуҳо оғоз меёбад!

Дилрабо НАСИМӢ.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: