БО РӮЗНОМА ҲАМКОРИИ МУСТАҲКАМ ДОШТ

Арбоби давлат ва ҷамъият, археологи шинохта, писари собиқ сармуҳаррири “Овози тоҷик” Абдулло Ҳакимов – Зафар Ҳакимов дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Зафар Ҳакимов 14 августи соли 1942 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Соли 1964 Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм карда, фаъолияти худро ба омӯзиши мероси фарҳангӣ бахшидааст. 

Дар давоми фаъолият беш аз 50 кори илмӣ, аз ҷумла, монография ва мақолаҳои илмиро оид ба таърих, археология ва меъморӣ рӯйи чоп овард.

Бояд гуфт, ки Зафар Ҳакимов бо рӯзномаи «Овози тоҷик» низ робитаи қавии ҳамкорӣ дошт.

Азбаски падараш Абдулло Ҳакимов аз нимаи солҳои панҷоҳум то нимаи солҳои 62-юми асри гузашта сармуҳаррири рӯзномаи “Ӯзбекистони сурх” (ҳоло «Овози тоҷик») буд, ӯ аҳли таҳририятро хуб мешинохт.

Худ низ дар мақолае таъкид кардааст, ки “он гоҳ таҳририят дар қабати чаҳоруми бинои хиштини кӯчаи “Правда Востока” ҷой дошт. Ман хонандаи мактаби рақами 10-уми пойтахт будам ва аз мавзеи Лабзак пас аз дарс ба трамвай нишаста, ба бозори Пиён, ки ҳозир сайргоҳи “Гунбади кабуд” ном дорад, меомадам. Ҳар гоҳ гувоҳи “читка” – ҷамъшавии ходимон дар атрофи мизи иловагии хонаи васеи падарам мешудам. Мӯҳсин Умаров, Шавкат Ниёзов, Ҳамид Қличев, Қамариддин Шамсиев рӯзномаро бо навбат овоз бароварда мехонданд. Дар як кунҷи хона бонуе машғули ҳуруфчинӣ мешуд. Чунин ҷараёни кор то нисфи шаб – то ба чоп супоридани шумораи навбатӣ идома меёфт, ки ман чӣ гуна пурмашаққат будани касби журналистиву муҳарририро ҳамон вақт дарк намуда будам.

Падарам рӯзи дигар – пас аз чоп шуда, ба фурӯш баромадани рӯзнома ба хона бармегаштанд”.

Зафар Ҳакимов «Овози тоҷик»-ро ҳамчун рӯзномаи бонуфуз ва соҳиби мавқеи иҷтимоиву сиёсӣ эътироф карда, нақши онро дар таҳкими робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва баланд бардоштани маънавияту маърифати ҳамдиёрон муҳим меҳисобид.

Ӯ вақти зиёди худро дар назди падараш, ки шахси бомаърифат ва соҳиби фазилатҳои наку буд, мегузаронд. Дар суҳбатҳои пурмазмуни қиблагоҳаш бо намояндагони соҳаҳои гуногун, аз қабили Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ғафур Ғулом, Мақсуд Шайхзода, Чустӣ, Ҷумъаниёз Ҷабборов, Иброҳим Раҳим, Саъдулло Кароматов, Мухтор Ашрафӣ, Фазлиддин Шамсиддинов, Сосон Беняминов, сарояндагони машҳур Маъмурҷон Узоқов, Ҷӯрахон Султонов, Муҳаммадҷон Мирзоев, Тавур Ҷумъаев, Амнер Бараев, Мукаррама Турғунбоева ширкат мекард.

Дертар бо ин ҳама эҷодкорон, ки дар вохӯрӣ ва чорабиниҳо ба шарофати падараш шинос шуда буд, робитаи дӯстиву рафоқатро пойдор намуда, ҳамкориҳо кард.

Идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” барои инсони дарёдил, меҳнатдӯст, ботамкин Зафар Ҳакимов аз масканҳои дӯстдошта маҳсуб меёфт.

Ҷамоаи рӯзномаи "Овози тоҷик" аз даргузашти ӯ сахт андӯҳгин буда, дуогӯи он ҳастанд, ки Худованд хонаи охираташро пурнур гардонад ва барои пайвандонашон сабри ҷамил ато намояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: