Имрӯзҳо дар замири мусобиқаҳои варзишӣ, чемпионатҳои дохилӣ, “Олимпиадаи панҷ ташаббус”, “Қуллаҳои олимпии Ӯзбекистони Нав”, ки дар кишварамон гузаронида мешаванд, тарбияи авлоди нави варзишгарони бомаҳорат ниҳон аст, ки метавонанд шаъну шарафи Ватани моро дар арсаи байналмилалӣ, махсусан дар Бозиҳои олимпӣ сазовор ҳимоя кунанд.
Дар муаррифии лоиҳаи қарор, ки дар Вазорати варзиш доир гардид, оид ба омодасозии маҷмӯии варзишгарони Ӯзбекистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ, ки соли 2028 дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА гузаронида мешавад, сухан рафт.
Вазири варзиш Адҳам Икромов аҳамияти ба даст овардани самарадориро дар мусобиқоти варзишие, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии варзишӣ гузаронида мешаванд, таъкид намуда, доир ба зарурати таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои асосии омодагии варзишгарони кишварамон ба Бозиҳои олимпии «Лос-Анҷелес-2028» ибрози назар кард.
Дар муаррифӣ саркотиби Кумитаи миллии олимпӣ Ойбек Қосимов ва муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ Шерзод Тошматов, мутахассисони Вазорати варзиш ва масъулини сохторҳои дахлдор ба масъалаҳои дар лоиҳаи қарор пешбинишуда ва вазифаҳое, ки ҷиҳати таҳкими натиҷаҳои “Париж-2024” анҷом дода мешаванд, таваҷҷуҳ намуданд.
Дар чорабинӣ вазифаҳои афзалиятноки омода намудани варзишгарони Ӯзбекистон ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ баррасӣ гардида, аз рӯйи ин масъалаҳо ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.
Тўлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА