Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 13 декабр таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба натиҷабахшии корҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2025 баргузор шуда буд, вазифаҳои марбут ба ташкили курсҳои омодагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои довталабон ва фарзандони синфи хатмкунандаи оилаҳои камбизоат ва ниёзманд муайян гардиданд.
Дар асоси ин супориш, дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав, воқеъ дар вилояти Сурхондарё, курси фанни биология таъсис дода шуд. Барои баланд бардоштани дониши фарзандони оилаҳои ниёзманд аз фанҳои умумитаълимӣ бо ҳамкории шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Деҳнав, тақрибан даҳ нафар хонанда, ки ба фанни биология завқ доранд, ба ин курс ҷалб гардиданд. Профессорон ва устодони кафедраи биология ва технологияҳои маҳсулоти кишоварзии факултаи фанҳои дақиқ ва табиии донишкада барои онҳо шароити иловагӣ фароҳам оварда, сирри фанро амиқ омӯзонданд. То ба ҳол чор нафар аз онҳо аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта, соҳиби сертификати миллӣ гардиданд, ки дар имтиҳони дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ имтиёз медиҳад.
– Имсол мактабро хатм мекунам. Ба фанни биология бисёр шавқ дорам, – мегӯяд хонандаи мактаби таълими умумии рақами 89-уми ноҳия Мадина Маматқулова. – Ташкили курси омӯзишӣ аз ҳамин фан дар донишкада барои ман як имконияти бузург аст. Дар вақти холӣ дар донишкада устодон дарсҳои иловагӣ гузаштанд ва дар муҳлати кӯтоҳ дониши худро мустаҳкам намудам. Аз рӯи сатҳи дониши фан соҳиби сертификати миллӣ шудам, ки барои дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олӣ имтиёз медиҳад. Аз ин хеле шодам. Ҳоло бовари ман ба таҳсил дар самти касбе, ки аз кӯдакӣ ба он шавқ доштам, боз ҳам бештар гардид.
Хонандагони мактаби рақами 22-юми ноҳия Таҳмина Ҳамидова ва Зофина Муродқулова, ҳамчунин хонандаи мактаби рақами 3-юм Робия Ашӯрова низ соҳиби сертификати миллӣ шуданд.
– Ҳанӯз дар соли аввали фаъолиятии курс натиҷаҳои хуб нишон дода истодааст, – мегӯяд омӯзгори кафедраи биология ва технологияҳои маҳсулоти кишоварзии донишкада А. Боллиев. – Шунавандагони мо бо шавқи зиёд асрори фанро меомӯзанд ва орзуи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олиро доранд. Дар оянда ният дорем, ки фаъолияти ин курсро густариш диҳем ва ҷавононро бештар ҷалб намоем.
Ректори донишкада Ойбек Рӯзиев ба донишомӯзоне, ки дар курс дониши амиқ гирифтанд, сертификати миллӣ ва туҳфаҳо тақдим намуда, ба таҳсил ва ҷустуҷӯҳои минбаъдаашон бурдбориҳо таманно кард.
Холмуъмин МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.