Пас аз мутолиаи хабари «Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми байналмилалӣ гирифт» («Овози тоҷик», 28-уми майи соли 2025, №43) хеле шод гаштам. Ин иқдом қобили дастгирист.
Чанд соли охир тавассути «оинаи нилгун» аз рафти ин озмун дар Тоҷикистон бохабар ҳастам. Озмуни мазкур дар Тоҷикистон давоми сол фаъолият намуда, синну соли мухлисони гуногунро дарбар мегирад. Бо баъзе аз иштирокчиёни озмун суҳбат низ намудаам. Ҳама аз иштирок мамнунанд. Бисёр ҷавонон дар ҷодаи илм, аллакай, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гаштаанд. Ғолибон соҳиби туҳфаҳои моливу пулӣ шудаанд. Дар як барнома хонандаи синфи 7-ум иброз дошт, ки 78 номгӯи китобҳои бадеиро пешкаш намудааст ва тайёр аст, ки бо ҳакамон саволу ҷавоб намояд. Хуб мешуд, зери таъсири ин иқдом шогирдони мо низ китобхон шаванд. Муаммои ҷиддие, ки имрӯз дар байни хонандагон ва ҳатто омӯзгорон доман паҳн намудааст, дурӣ аз китоб аст.
Тасаввур кунед, ки дар маскани илму маърифат кор мекунеду дар он на хонанда китоб мехонаду на омӯзгор. Ба фикрам, шармандагӣ ҳамин аст. Ин нуқсон ба қавле «мода» шудааст. Ин иқдом ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2017 аз тарафи сарвари давлатамон пешкаш гардида буд. Ба ин иқдом на ҳама муассисаҳои таълимӣ ҷиддӣ назар намуданд.
Мо китоб нахонем, фарзандони мо намехонанд ва фарзандон нахонанд, табиист, ки набераҳои мо низ намехонанд. Пас чӣ мешавад? Камсаводӣ, камшуурӣ....
Аз ин рӯ, озмуни мазкур бояд дар ҳамаи муассисаҳои дахлдор, алалхусус, муассисаҳои таълимӣ ба таври оммавӣ гузаронида, ба ин кор ҳомиён ҷалб карда шаванд. Ин иқдом ягона василаест, ки моро дубора ба китоб ошно мегардонад ва аз вартаи бесаводӣ мераҳонад.
Аз қадим имрӯз китоб ҳамчун воситаи густариши маънавият, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани дониш ва ғайра хизмат намуда омадааст. Имрӯз дар замони мо китоб хор аст.
Барои чӣ? Чаро? Шахси китобхон чӣ дар гуфтор, чӣ дар рафтору фикру муомила, фаҳмиши шахсӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ менамояд. Мехостам озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...» дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шавад ва ба тоифаву мавқеи омӯзгор таъсиррасон бошад. Бо дастгирӣ кардани ин озмун мо ба олами китоб ворид мешавем. Кӣ будани худро, ниёгонамонро мефаҳмем.
Китоб дӯсти беҳтарини инсон ва ҳатто беҳтар аз дӯст аст. Пас, биёед «китобхон» бошем.
Сулаймон Содиқ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.