Кирмакпарварони диловари вилояти Бухоро дар ҷумҳурӣ аввалин шуда нақшаи солонаи пилласупориро иҷро карданд. Боиси хурсандист, ки дар вилоят сол то сол истеҳсоли пилла афзуда, бобати пешравии соҳа мактаби таҷриба ташаккул ёфтааст.
Соли ҷорӣ дар инкубатсияҳои ҳудуд 52 ҳазору 388 қуттӣ тухмӣ – кирмакҳои абрешимӣ ҳосил карда шуда, баъди нигоҳубинии оқилона натиҷаи дилхоҳ дастрас гардид. Ба пунктҳои қабул ба ҷойи 3143 тоннаи нақша 3186 тонна ҳосил ворид гардид. Дар давоми мавсим дар 5-то кластери пиллаистеҳсолкунӣ: ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Romstar», «Kumushkent ipagi», «Gijduvon ipak tola», «Silk seriyes», «Silk lile», хоҷагиҳои фермерии ҳамкор, звеноҳои оилавию хонакорӣ қариб 110 ҳазор нафар аҳолӣ бо кор таъмин шуданд.
Звеноҳои оилавию хонакорон дар давоми меҳнати аз як моҳ зиёдтари худ беш аз 130 миллиард сӯм даромади умумӣ гирифтанд. Ба онҳо дар аввали мавсим 26 миллиарду 200 миллион сӯм маблағи пешакӣ дода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз ҳар як қуттӣ ба ҳисоби миёна 65-70 килограммӣ ҳосил гирифтанд.
Ба комёбии вилоят кирмакпарварони ноҳияҳои Олот, Рометан, Шофиркон, Когон, Пешкӯ, Бухоро, Вобканд ва Қарокӯл саҳми арзанда гузоштанд.
Дар вилоят фароҳам оварда шудани пойгоҳи боэътимоди кирмакпарварӣ – захираи ниҳолҳои тут омили муҳими муваффақият гардид. Пешбинӣ шудааст, ки баъди коркарди такрории ҳосил ба андозаи 12 млн. доллари ИМА содироти ашёи хоми абрешим ба ҳамкорони хориҷӣ сурат мегирад. Комёбии ҳосили аввалини сол, бешубҳа, заҳматкашони соҳаи кишоварзии вилоятро баҳри иҷрои нақшаҳои ғаллаю пахта рӯҳбаланд месозад.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.