Дар Донишгоҳи давлатии Урганҷ ба номи Абурайҳон Берунӣ маросими кушоиши бинои нави Маркази захираи ахбор, ҳамчунин Маркази математикаи Пекин – Урганҷ баргузор шуд.
Иншоот метавонад дар як вақт ба 1000 нафар хидмат расонад. Дар китобхона Маркази математикаи Пекин – Урганҷ, толори фаъолони дорои 506 ҷойи нишаст, ҳамчунин осорхонае, ки таърихи донишгоҳ ва мероси илмии онро фаро мегирад, толорҳои таълимии ба номи мутафаккирони бузург, ки дар ҳар ошёна ду адад мебошанд, мавҷуданд.
Марказ нафақат ба толибилмон, балки барои профессорону омӯзгорон, ҷавонони муҳаққиқ низ ба сифати маскани муфиди илмӣ хидмат хоҳад кард.
Суратгир: Б. Саидов (ӮзА)