СОҲИБИ ИСТЕЪДОДИ СЕРПАҲЛӮ БУД

Дар яке аз ҷамъомадҳои муаллимон директори мактаби рақами 13-уми ноҳияи Чуст Машраббой Ҳомидов ба мо, ҳамкасбон изҳор дошт, ки дар ноҳия 33, дар шаҳри Чуст 80 фоизи аҳолӣ тоҷик будаанд. Барои ҳамин як саҳифаи рӯзномаи «Чуст ҳақиқати» минбаъд ба тоҷикӣ чоп мешавад. Метавонед ба рӯзнома обуна шавед ва саҳифаеро ба забони худ хонед, дар он навиштаҳои худро нашр кунед.

Ин мужда ба мо, ҷавонон, шодию фараҳ бахшид.

То ин дам мо рӯзномаи тоҷикии сӯхиёнро ҳавас мекардем. Аламзада ҳам будем, ки чаро мо, чустиён, чунин нашрия надорем!

Бо вазидани боди демократия дар Ӯзбекистони нимаи дуюми солҳои 80-уми асри бистум як саҳифаи чанде аз рӯзномаи ноҳияҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ нашр шуданд. Чопи саҳифаи навтаъсиси тоҷикии «Чуст ҳақиқати» низ оғоз шуд. Дар ҳар нашри он муаллимону хонандагони ноҳия, воқеан, фаъол иштирок карданд.

Боре ба идораи рӯзнома даромада, Муҳаммад Ҳакимро бо ин рӯйдоди фарҳангӣ табрик гуфтам.

Муҳаммад Ҳаким масъули саҳифаи тоҷикӣ муддате котиби масъули созмони ноҳиявии Иттиҳоди рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ва узви кумитаи топонимии ҳокимияти ноҳияи Чуст низ буд. Солҳои аввали истиқлол бо саъй, мулоҳиза ва пешниҳодҳои ӯ номҳои таърихии маҳалли Бибиона ва хиёбони Чилдухтарон эҳё шуданд. Бибиона ин зиёратгоҳи қадимӣ аст. Аҳли оилаи Муҳаммад Ҳаким аз ҷумлаи сокинони он маҳаллаю кӯча мебошанд. Ба номи Чилдухтарон универмаг ҳам буд ва он аз байн рафт. Ба ҷойи он нуқтаҳои савдою хидматрасонӣ кушода шуданд.

Муҳаммад Ҳаким 5 июни соли 1945 дар маҳаллаи ҳозираи Бибионаи шаҳри Чуст таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаро дар ҳаминҷо гирифт. Соли 1966 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм намуд. Ду сол дар совхоз-техникуми шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)-и Тоҷикистон ҳамчун муаллим кор кард. Баъди хидмати яксолаи ҳарбӣ дар омӯзишгоҳи педагогии Чуст аз фанҳои забон ва адабиёт сабақ дод.

Ҷамъияти «Дониш», равишомӯзи кумитаи партиявии ноҳия, муовини мудри шуъбаи тарғибу ташвиқот ва мудири кабинети сиёсии ин идораи ҳизбӣ буд.

Адиб ба арсаи адабиёт бо ҳаҷвияҳо дохил шуда, пас ҳикоя, очерк ва қиссаҳо навишт. Аввалин китоби ҳаҷвии ӯ «Ҳақиқатни гапир, жигарим» («Ҳақиқатро бигӯ, ҷигарам») ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ чоп шудааст. Адиб минбаъд китоби дастҷамъии илмиву оммавии «Чуст тарихи», китобу маҷмӯъаҳои «Шаҳло», «Чуст адиблари» (тазкира), «Саховат» (ҳар ду бо ҳаммуаллифӣ), «Умр сабоқлари», «Қисмат», «Калаванинг учи» («Сари калоба»), «Сотим Улуғзода», «Ҳаж жозибаси» (сафарнома), «Фидоийлар», бо ҳаммуаллифӣ, «Огоҳлик қӯнғироғи» («Зангӯлаи огоҳӣ», ӯзбекӣ ва тоҷикӣ), «Маънавият сарчашмаси» («Сарчашмаи маънавиёт», тазкира) ва ғайраро навишта чоп кард. Асарҳои вай хонандаю муштариёни хешро пайдо карданд.

– Ман баъди номаи камол гирифтан, – гуфт собиқадори меҳнат, раиси Маркази маданию миллии тоҷикони вилояти Намангон Абдусаттор Ғафуров, – солҳои 60-уми асри гузашта дар хоҷагии ҷамоавии «1 май» (пас «Сабзазор») кор сар кардам. Дар ин ҷо сардори бригада, ҳисобчӣ, сариқтисодчӣ будам, баъдан раиси хоҷагии ҷамоавӣ шудам. Бо Муҳаммад Ҳаким дар як маҳалла зиндагӣ мекардем, ба ман доир ба роҳбарӣ маслиҳатҳои хуб медоданд. Шояд аз ин бошад, депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудам. Муҳаммад Ҳаким ҳам дар корҳои иҷтимоӣ боғайрат буданд. Яке аз онҳо ташкил кардани Маркази маданию миллии тоҷикони вилоят буд. Ба маркази навташкил ман раис шудаму Муҳаммадҷонако ҷонишин буданд, дар ин вазифаи масъулу ҷамъиятӣ фаъолияти нағз доштанд.

Муҳаммад Ҳаким, ки шахси дилкушо, ҳазлкаш буд, дӯстон, ҳамкорон, ҳатто ҳамсараш – Муҳаббатро ҳам бо ҳазлу шӯхӣ руҳбаланду шод менамуд. Ҳамсараш гоҳо мепурсид:

– Бо ман барои чӣ ин хел ҳазл мекунед?

– Ман ҳаҷвнигорам, ту ҳам ба ман бо ҳаҷв ҷавоб гардон, – мегуфт ӯ.

Завҷааш ҳазлҳои ӯро хуш қабул мекард. Аз онҳо кайфияти хуб мегирифт, гарчи баъзан ҷавоби мувофиқ гардонда натавонад ҳам.

Муҳаббатапа гуфт:

– Шавҳарам номи зиёратгоҳи Бибионаро бароварда, машҳур карданд. Номи кӯчаи мо Комсомол буд. Онро ҳам ҳамноми зиёратгоҳ карданд, ки ҳоло ба номи Бибиона аст.

– Мо чор писарем, – гуфт писари хурдӣ Маъмурҷон.  – Калонӣ Музаффар – гаҷкор, дуюмӣ Муродҷон – наққош, баъдина Маҳмудҷон – бинокор мебошанд, ман – тоҷир.

Хабар дорем, ки Муҳаммад Ҳаким бо орзую ҳавас барои он, ки ба забони модариашон таҳсил гиранд, фарзанди сеюм –  Маҳмудҷонро дар техникуми бинокории Истаравшан ва чорумӣ – Маъмурҷонро дар техникуми хӯроквории Исфараи Тоҷикистон хононда буданд. Фақат Мунаввара пайи падарро зер карда, муаллими забон ва адабиёт шуд. Онҳо мутахассисони хуби соҳаи худ шуданд.

– Падарам бо ҳаҷву лутфашон давраю нишастҳои оилавию наздиконро метасфонданд. Худо ба дилашон андохта будааст, пеш аз вафот фарзандон, набераю абераҳоро ҷамъ карда, зиёфат дода, моро мамнун карданд. Ба хаёли ягонтои мо наомада буд, ки зуд аз олам мегузаранд. Худо раҳмат кунад.

Меҳнату заҳматҳои падар бо медали «Меҳнат фахрийси», нишонҳои сарисинагии 10 ва 20-солагии истиқлол, Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ, муаллими тоифаи олии забон ва адабиёт тақдир гаштааст, – мегӯяд Маъмурҷон.

Дар боғи маданият ва истироҳати шаҳри Чуст ба номи Мавлоно Лутфуллоҳ осорхонаи таърихӣ месозанд, чунин осорхонаро дар маҳаллаи Бибиона ҳам ташкил карданианд. Бо дархости мутасаддиён аҳли хонаводаи Муҳаммад Ҳаким ният доранд, ки як гӯшаи ин осорхонаҳоро бо сурат, маълумот ва китобҳои падарашон оро диҳанд.

Ш. МИРЗОЕВ.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: