Соли ба институт қабул шудани мо (1976) нависанда Саттор Турсун ҷавонмарди сисола буд.
Мешунидем китобҳояш «Дили гарм» ва «Сукути қуллаҳо» (дар оғози солҳои ҳафтодум) баробари рӯйи нашр дидану ба дӯконҳо бароварда шудан ба фурӯш рафтаанд. Чунин ҳолат ба маҷмӯаи нави қиссаву ҳикоёти ӯ «Камони Рустам» низ рӯй дод. Ба чӣ тавр гирдашро печондан ва дастхат гирифтани мухлисонаш гувоҳ шудаем.
Кушодчеҳра буд, нигоҳаш гарм, мӯйсарашро бо ҳавсала шона мезад, зебо мепӯшид. Он солҳо ба шоиру нависандагон мардум дигархелтар менигарист, ба эҷодкорони машҳур чун ба ситорагони кино таваҷҷуҳ медод.
Нависандаи он вақт ҷавон дар баробари асарҳои ҷолиб, тавре ишора рафт, бо симои дилкаш, муомилаву муносибати ба «ҷентелменҳо»-и воқеӣ хос диққати дӯстдорони адабиётро ба худ мекашид.
Ҷавондухтарони аз адабиёт дур ҳам ба вай наздикӣ меҷустанд.
Шунидем аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Нороҳатӣ ҳис кардем.
Ба худ гуфтем сабаби ҷудоӣ эҳтимол рашк – шояд ҳамон занҳое, ки бо баҳонаи мухлисӣ баҳудаву беҳуда занг зада, байни ӯву завҷааш хунукӣ афтондаанд.
Аз байн чанд сол гузашт. Гуфтанд устод Саттор бо шарики нави ҳаётиаш хуб ба сар мебарад. Хотирҷамъ шудем. Мехостем ин бор бахти оилавиаш пойдор бошад.
Аммо дар ин бобат боз омад рӯй тофт – бори дувум хонавайрон гашт...
Суҳбатамон бо як марди сурхондарёӣ – ҳамдиёри устод Саттор дер давом кард. Вай дар бораи фаъолияти ибратбахши нависанда бо ифтихор сухан ронд. Гуфт устод Саттор сари баланди мо, бойсуниҳост.
Ҳарфҳои муҳаббатомези мусоҳибам диламро гарм тапонд. Устод Саттор пеши назарам падидор гашт. Аз он ки дар ҷодаи пурпечутоби эҷод бароям раҳнамо гашт, чун устод маслиҳатҳои беғаразонаашро дареғ надошт ва дар рӯйи чоп дидани баъзе навиштаҳоям ёрмандӣ намуд, ман ҳам бо ҳисси эҳтирому сипос дар бораи ӯ ҳарф задам. Гуфтам: «Ҳамдиёри шумо яке аз дӯстдоштатарин нависандагони ман».
Одам гоҳо дар таъсири бода ё чизи дигар, дар ҳолати ҳаяҷон, ба чизи хуб аз буда зиёд баҳо доданаш мумкин. Вале ман фикр мекунам дар бораи Саттору эҷодиёти ӯ дар ҳама гуна ҳолат чунин ҳарфҳо ё суханони ба ҳамин монандро ба забон оварданам мумкин.
Саттор Турсун ҳанӯз овони донишҷӯйӣ ба адабиёт ворид гашт. Соли 1967 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аввалин ҳикояаш чоп шуд ва ба назарҳо афтод. Баъди хатми донишгоҳ бо ҳидояти устод Турсунзода ва дастгирии Убайд Раҷаб ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин гардид. Ҳис мешуд боз як истеъдоде дар пайроҳаи адабиёт қадам мезанад, ки ояндадор аст.
Саттор Убайд Раҷабро устод мешумурд, ҳамчунин Турсунзодаро. Аз устод Турсунзода боз аз он сипосгузор буд, ки «ду бор хона додааст».
«Ситораи корвонкуш», «Нисфирӯзӣ», «Раъду барқ», «Қиссаи чашмони сиёҳ», «Як даста гул», «Шабе дар роҳ», «Падар» барин ҳикояҳо, ки Саттор Турсун ҳануз дар ҷавонӣ (то сисолагӣ) навишта буд, имрӯз ҳам аз беҳтарин ҳикояҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд. Онҳо аллакай дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми қарни сипаришуда ба чанд забони дунё тарҷума ва дар маҷаллаҳои бонуфуз нашр шудаву дар шакли китоб баромада, эътибори дӯстдорони адабиётро ба худ кашида буданд.
Хаёл мекунам қариб ҳамаи асарҳои дар солҳои гуногун иншонамудаи адиб («Камони Рустам», «Пайванд», «Обдорӣ», «Барф ҳам мегузарад», ҳикояву новеллаҳое, ки дар «Дувоздаҳ ҳикоя» ва «Дарахти ҳазорсола»-и ӯ гирд омадааанд), «Санг дар бағал ба тӯфон» ва ғайраҳо) ба қалбам наздик, вале «Сукути қуллаҳо» ва «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх» ном қиссаҳои то андозае тарҷумаиҳолиаш, ҳамчунин романи ӯ «Се рӯзи як баҳор» ба дилу вуҷудам боз наздиктар. Хондаам онҳоро, боз мехонам. Меомӯзам, чизе кашф мекунам.
Аз рафиқи сурхондарёӣ пурсидам:
– Ба шахси Саттор чӣ тавр баҳо медиҳед? Аз наздик шиносед?
Табассум кард:
– Бо устод чанд вақт дар як квартира (хонаи иҷора) зиндагӣ кардаем.
Дар донишҷӯӣ.
Ҳайрон шудам:
– Чӣ тавр?
Воқеан ҳайратангез. Ин марди назди устод Саттор «кӯдак» чӣ тавр бо вай дар як хонаи иҷора зиндагӣ карданаш мумкин?
– Рӯзҳои сарсонӣ-саргардонии устод баъди нотинҷиҳо дар оилааш буд, – фаҳмонд он рафиқ. – Аз хона баромада рафтааст. Гоҳ ин ҷо, гоҳ он ҷо. Ба хона таклиф кардам, аввал розӣ нашуд, бо донишҷӯён чӣ тавр мешавад, гуфт хиҷолатманд. Ҳамдиёрон ба ҳолу ҷонаш нагузоштем, хона овардем, хидматашро кардем.
– Аҷиб, баромада рафтааст? Чизе нагирифтааст?
– Ҳатто китобҳояшро, ки барояш бисёр азиз буданд. Китобҳо барои писарам, гуфтааст.
Бехонагиву саргаштагӣ, аз ноилоҷӣ дар хонаи иҷораи донишҷӯёне, ки чандин сол аз худаш хурданд, рӯз гузаронидани як нависандаи машҳурро ба ақл ғунҷонда наметавонистам.
Зиндагӣ зӯр аст. Ба чӣ рӯзҳое дучор намекунад одамро. Ҳатто инсонҳои бузург назди тақдир чӣ қадар оҷиз.
Дар Тошканд ба ин гуна рӯз афтодани Шоири мардумии Ӯзбекистон Рауф Парфиро низ гувоҳ шудаем.
Хайрият ҳам сарсонии устод дер давом накардааст. Давлат хона додааст. Баъдтар масъалаи аз нав хонадор шуданаш низ, хушбахтона, ҳалли худ ёфтааст.
Кӣ будааст ҳамсари наваш?
Як мухлиси адиб, ки баъди ҳамқисматӣ бо ӯ ин тавр иқрор шудааст:
«Тамоми асарҳои Саттор Турсунро мехондам. «Се рӯзи як баҳор»-и ӯ ҳамеша дар таги болинам буд».
Зандида будан, аз занҳои аввала фарзанд доштани нависанда он занро нороҳат намекардааст? Хушбахт будаанд?
Он зан, ки Ҷавҳар ном доштааст, мегуфтааст: «Вақти ҳамсари ӯ шудан ман ҳам як ҷавонзани аз бахти аввал наосуда ва модари ду фарзанд будам, чӣ будани хонавайрониро хуб медонистам. Саттор Турсун пеш аз ман якто не, ду зани дигар дошт, вале ин ба хушбахт шудани мо монеъ нагашт».
Дигар, фарзандони Саттор ба он зан дӯстона муносибат мекардаанд. Зани наву ҳамсари дувуми Саттор, ки Фарангис ном дошта, ҳатто дугона будаанд. Нависанда аз бачаҳое, ки бо модарашон омадаанд, меҳри падариро дареғ намедоштааст.
Ҳар чизе дар бораи Саттору оилаи наваш ба гӯшамон мерасид, хушоянд буд, албатта. Бардавомии осудагӣ ва бахтнокии ин хонадонро илтиҷо мекардем аз Офаридгор.
Хуб ҳам адиби писандидаи мо дар солҳои охири ҳаёташ дар ҳаёти оилавӣ осуд. Ва хуб ҳам «Охирин рӯзи тирамоҳ» ном китобашро, ки ба тоҷикӣ дар Тошканд бо саъйи Олимҷон Давлатов ҷомаи табъ ба бар кард (2021), ба даст гирифт (китобҳои ӯзбекиаш пештар чоп шуда буданд).
Зимнан, «Охирин рӯзи тирамоҳ» яке аз беҳтарин ҳикояҳои ӯст, ки пурра аз диалог (гуфтугӯи ду нафар) фароҳам омада. Ҳайрон шудан мумкин: ҳикоя бо гуфтугӯи ду нафар? Хонанда зиқ намешавад?
Вақте нависанда боистеъдод аст, ин тарз ҳикоя ҳам шавқангез мебаромадааст.
«Охирин рӯзи тирамоҳ» – суҳбати зану шавҳари ҷудошуда. Зани марду шавҳари номард!
Нависандаи мардумии Тоҷикистон Саттор Турсун (1946–2023) 77 сол умр дида бошад, аз он наздик ним аср дар хидмати адабиёт буд. Нависандаи халқии Ӯзбекистон Эркин Аъзамов дар сарсухан ба «Охирин рӯзи тирамоҳ»-и дӯсти ҳамқаламаш, аз ҷумла, қайд кардааст: «Шубҳае нест, ки соҳиби истеъдоди бузург, адиби беназири дунёбин, қалби шоиронаи ноором дар тӯли ин ҳама солҳо бесамар ба сар набурдааст, ҳатман ба адабиёти ба ҷон баробараш бо осори гаронмояи худ ғано бахшидааст».
Муҳаммадҷон ШОДИЕВ.