МАҚСАД – РОҲ ЁФТАН БА БОЗОРҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ҳоло муносибати шарикии фарогири стратегии байни Ӯзбекистон ва Италия мустаҳкам мегардад, ки барои рушди иқтидори иқтисодии вилояти Бухоро низ имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.

Чунончи, соли гузашта табодули мол дар байни вилоят ва Италия тақрибан ба 5 миллион доллар расид. Ҳаҷми содироти маҳсулоти бофандагӣ ва кишоварзӣ дар бозорҳои ин мамлакат ба ҳадди 500 ҳазор доллар наздик шуд. Маҳсулоти корхонаи коркарди шири Lattico, ки дар шаҳри Бухоро ҷойгир аст, низ дар Италия харидорони худро пайдо кард.

– Бо дарназардошти он ки амнияти хӯрокворӣ дар Ӯзбекистон масъалаи асосӣ ба шумор меравад, соли 2022-юм мо дар ҳаҷми 8 миллион доллар сармоя ҷалб намудем ва дар пойгоҳи бренди итолиёӣ корхона ташкил кардем, – мегӯяд роҳбари шуъбаи корхонаи мазкур Ҷамшед Ҷамилов. – Тамоми таҷҳизот автоматӣ кор мекунанд, ки имкон медиҳад дар як шабонарӯз 30 тонна маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда шавад. Мо 60 фоизи бозори маҳаллиро фаро гирифтаем.

Дар идомаи кори мазкур дар Ӯзбекистон лоиҳаи бузург бинобар расонда додани маҳсулоти рақобатбардор ба бозорҳои аврупоӣ  татбиқ карда мешавад.

– Тамоми таҷҳизот барои ин корхона аз ҷониби ширкатҳои машҳури итолиёӣ махсус истеҳсол шуданд. Маҳсулоти ширӣ бо фермаҳои махсус дар корхонаҳо коркард мешаванд, асолати онҳо бо кӯмаки технологияҳои пешқадам ҳифз мегарданд. Низоми рақамии идоракунӣ корро сабук мекунад, суръат ва сифати истеҳсолотро баланд мебардорад. Ҳоли ҳозир шарикони итолиёӣ ба мо бобати тайёр кардан ва бастубанди панирҳои итолиёиву фаронсавӣ, йогуртҳои юнонӣ кӯмак мерасонанд. Ин маҳсулот бинобар муҳлати мадиди нигаҳдориашон барои ба бозорҳои осиёӣ ва аврупоӣ содир кардан имкониятҳои васеъ доранд, – мегӯяд сартехнолог Галина Дремаретска.

Lattico дар пояи меъёрҳои аврупоӣ тақрибан 50 хели маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад. Корхона ният дорад иқтидори истеҳсолиро то охири сол аз ҳисоби вусъат додани ҷуғрофияи содирот зиёд кунад.

– Дар корхона 80 корманд дар ду навбат кор мекунанд, – мегӯяд муовини директори он Дамир Рафиқов. – Маҳсулоти шириро дар Ӯзбекистон таҳлил намуда, шарикони итолиёиамон ба мо технологияҳои дахлдорро расонда доданд. Мо ягон намуди иловагии шири хушк ва омехтаҳои тайёрро истифода намебарем, ба шарофати ин ба маҳсулотамон талабот зиёд аст. Агар ба натиҷаҳои мониторинг эътибор диҳем, метавон мушоҳида кард, ки мо дар 10 вилояти Ӯзбекистон харидорони худро дорем. Татбиқсозии лоиҳаи нави содиротӣ барои бозорҳои осиёӣ ва аврупоӣ идома дорад.

Ба шарофати имкониятҳои зиёде, ки дар кишвари мо фароҳам оварда шудаанд, корхона сертификати сифати дараҷаи байналмилалиро ба даст овард, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Италия ба комёбиҳои бузург муваффақ гардид. Мо бо ин қонеъ намешавем, ҳоло бобати ба даҳгонаи маҳсулоти беҳтарини Аврупо дохил кардани панири Ӯзбекистон тадқиқоти илмӣ бурда мешаванд.

Зариф Комилов, хабарнигори ӮзА.

Суратгир: А. Истадов (ӮзА).      

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: