Дар ноҳияи Қарокӯл низ сафи ташаббускорону соҳибкорон меафзояд. Азима Раҳмонова аз ҷумлаи онҳост.
Ӯ дар маҳаллаи «Тинчлик» тадбиркориро бо як мошини дарздӯзӣ оғоз карда буд. Имрӯз ӯ аз ҷумлаи соҳибкорони муваффақ мебошад. Дӯзандаи моҳир барои маъракаҳои нишоти ҳамдиёрон, оила ва хонадонҳои онҳо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла кӯрпаву кӯрпача, болин ва ғайраро омода мекунад. Ба наздикӣ бо тавсияи ёвари ҳокими ноҳия дар маҳалла барои инкишоф додани кори дӯзандагӣ ва васеътар кардани фаъолияти тадбиркорӣ, ҳамчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба Азима Раҳмонова 30 миллион сӯмина воми бонкӣ ҷудо карда шуд. Зеро ҷойҳои нави корӣ баҳри бо манбаи даромади доимӣ таъмин кардани аҳолии маҳалла хидмат мекунанд.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.