Дар маҳаллаи Асавейи ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм маросими кушодашавии маскани оила ва занону духтарон баргузор гардид.
Фаъолияти маскани нав ба мустаҳкамсозии оила, дастгирии бонувон ва рушди фаъолнокии иҷтимоии онҳо нигаронида шудааст.
Дар ин ҷо хонаҳои омӯзиш ба касбу ҳунар, мағулотҳои омӯзишии кумак ба соҳибкорӣ, маслиҳатхонаҳои психологиву ҳуқуқӣ мавҷуд аст.
Дар маскани оила ва бонувон машғулиятҳо доир ба омодасозии ҷавонон бо ҳаёти оилавӣ, омӯзонидани илмҳои маънавиву ахлоқӣ, психологиву тиббӣ ва ҳуқуқӣ ба узви оилаҳое, ки ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, кумак ба таъмини муҳити иҷтимоиву маънавии солим баргузор мегардад.
Маскани нав ҷиҳати мустаҳкамсозии оила, расондани кумаки тиббиву ҳуқуқӣ ба бонувон ва таъмини шуғли онҳо хидмат мекунад.
Суратгир: Б. Саидов (ӮзА).