САМАРҚАНДИ АСРИ XIX АЗ НИГОҲИ РАДЛОВ

Дар илми шарқшиносии ҷаҳон, хусусан, этнографияи халқҳои туркнажод китоби «Аз Сибир» мавқеи муҳим дорад. Муаллифи он Василий Василевич Радлов аст. Ӯро дар ҷодаи шарқшиносӣ ба сифати яке аз туркологҳои машҳур мешиносанд.

Радлов аслан олмонитабор буда, соли 1837 дар шаҳри Берлин ба дунё омадааст. Номаш Фридрих, насабаш Вилгелм буд.  Соли 1854 ба факултети фалсафаи донишгоҳи Берлин дохил шуд. Дар давоми ду семестр дар Донишгоҳи Галл маърӯзаҳои профессор А. Поттро оид ба забонҳои ҳиндуевропоӣ шунида, ба илми шарқшиносӣ завқ пайдо кард. Омӯхтани забонҳои сокинони Урал ва Олтойро касб кард. Аввал забони русиро омӯхта, соли 1858 ба Русия, ба шаҳри гаҳвораи шарқшиносони рус – Санкт-Петербург омад. Бо тавсияи дипломат П.Мейендорф ба омӯзишгоҳи кӯҳии Барнаул омада, аз забони олмонӣ ва лотинӣ ба шогирдон дарс дод. Акнун ӯ дар муҳити забонҳои мардумони Олтой нафас мекашид, зиндагӣ мекард. 11 майи соли 1859 шаҳрвандии Русияро қабул намуд.  Ҳамсараш Паулина Августовна Фроммро ҳам ба Барнаул овард. Сипас, Фридрих номи Василийро гирифт.

Бояд гуфт, ки Радлов ба ҳамон мақсаде, ки дар наздаш гузошта буд, расид. Забону лаҳҷаҳои туркии муқими кишвари Олтой, Сибири Ғарбӣ, даштҳои Ҷунгария, Поволже, хусусан, этнографияи уйғурҳо, олтоиҳо, телеутҳо, тувагиҳо, хакасиҳо, тотору бошқирдҳо, чиниҳоро муфассал омӯхт. Навиштаҷоти рӯйисангии урхун-энасойро ҳам тадқиқ кард. Аввалин китобаш бо номи «Намунаҳои адабиёти халқии қабилаҳои туркӣ» соли 1866 (ҷилди якум) нашр шуд. Умуман вай муаллифи беш аз 150 асари илмӣ мебошад. Радлов солҳои зиёд ба Осорхонаи антропология ва этнографияи Академияи илмҳои Русия раҳбарӣ кардааст. Ӯ 12 майи соли 1918 дар Санкт-Петербург вафот кард.

Аз байни асарҳояш «Из Сибири» («Аз Сибир»). «Саҳифаҳои қайднома»-и ӯ ба муаллиф шуҳрат овард.  Ин китоби дорои маълумоти нодир соли 1884 ба забони олмонӣ дар шаҳри Лейпсиги Олмон чоп шудааст. Он аввали асри ХХ ба забони русӣ тарҷума шуда, борҳо ба табъ расидааст. Нашри соли 1989 аз силсилаи «Китобхонаи этнографӣ»-и Академияи илмҳои СССР интишор ёфта, аз 10 боб, замимаи профессор С.И. Вайнштейн, рӯйихати номҳои ҷуғрофӣ, этникӣ, ҷамъ аз 749 саҳифа иборат аст.

Боби Х бо номи «Водии Зарафшони Миёна» айнан дар бораи сафари Радлов ба Туркистон (соли 1868), ба шаҳрҳои Ҷиззаху Самарқанд, Панҷакент, Ургут, Каттақӯрғону Қӯшработ, Бухоро ва атрофи он нақл мекунад.  Муаллиф дар қисмати аввали ёддоштҳояш дар бораи обёрии сунъии ин водии зархез маълумоти хеле аҷиб медиҳад. «Ҳамаи деҳаҳои водии Зарафшон боғу роғи сермева, пур аз дарахт доранд ва аз якдигар фарқ намекунанд», менависад ӯ. Сипас дар бораи сохти хонаву манзилгоҳҳо, бозорҳо, масҷиду мадрасаҳо ҳикояҳои ҷолиб мекунад. Чун навбат ба тасвири шаҳрҳо расид, Радлов аввал дар бораи Панҷакент, баъд оид ба шаҳри Самарқанд нақл менамояд. «Шаҳри Самарқанд, менависад вай, пойтахти давлати Амир Темур буд, Маккаи Осиёи Миёна ба шумор меравад». Сипас, дар бораи ҷиҳатҳои умумии ин шаҳр бо дигар шаҳрҳои минтақа сухан ронда, зимнан қайд мекунад, ки «Фарқи ягонаи Самарқанд аз дигар шаҳрҳо аз ёдгориҳои меъморӣ ғанӣ будани он аст». Аз ба харобаҳо табдил ёфта истодани ин ёдгориҳо афсӯс мехӯрад. «Баъди таҷовузи русҳо ва ба шаҳр даромадани аспсаворони мусаллаҳ аҳолӣ, хусусан олимон бо нафрату надомат аз шаҳр гурехта, бозорҳо холӣ монданд».

Радлов ёдгориҳои меъмории шаҳрро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: мадрасаҳо, масҷидҳо ва мақбараҳо. Ба ҳамин минвол дар бораи турбати Амир Темур ва авлоди вай ҳикоя мекунад ва зимнан ба навиштаи Вамбери ишора карда мегӯяд, ки аксари ин ёдгориҳоро устоёни эронӣ сохтаанд. Инчунин, ба шарҳи сохти мақбараи Амир Темур, сониян, мадрасаи Бибихонум, мадрасаи Шердор, Тиллокорӣ, Мирзо Улуғбек, зиндагии муллоҳо дар ин мадрасаҳо ҳикоя менамояд. Зиёда аз ин иншоотҳои беназири таърихӣ, вай мақбараи Ҳазрати Шоҳизиндаро алоҳида тасвир кардааст. Муаллиф ба зебоию бетакрории мадрасаи Хоҷа Аҳрор, мадрасаи Алӣ дар роҳи сӯйи Бухоро, масҷиди Қаландар моту мабҳут мешавад.  В.Радлов дар бораи тарзи зиндагии яҳудиёни муқими Самарқанд ва беш аз ҳазор нафар будани онҳо маълумот додааст. Шаҳри Каттақӯрғон ҳам аз назари ин олими европоӣ дур намондааст.

«Аз лиҳози забон, – навиштааст муаллифи «Аз Сибир», – аҳолии тамоми водии Зарафшонро ба ду гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст: 1) қабилаҳое, ки ба забони туркӣ сухан мегӯянд ва 2) қавмҳое, ки ба забони форсӣ ҳарф мезананд... Ҳамаи онҳоеро, ки ба форсӣ гуфтугӯ мекунанд, тоҷик меноманд: зиёда аз ин сокинони бесаводи деҳот ва кулли кӯчманчиён забони форсиро «тожик тили» мегӯянд. Аксари тоҷикон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд ва ағлаби онҳо бо савдо ва ҳунармандӣ машғуланд. Ба таркиби онҳо форсҳое, ки аз қадимулайём ин ҷо маскун буданд ва форсҳое, ки ба ин тараф муҳоҷир будаанд ва инчунин форсҳои ғулом, ки туркманҳо ҳамасола ба хонигарӣ мефурӯшанд, дохил мешаванд. Форсҳои навомадаро эронӣ мегӯянд, як қисми онҳоро шиамазҳаб меноманд, гарчанде худи онҳо ин ҳақиқатро пинҳон медоранд».

Ҳамин тавр муҳаққиқ ва сайёҳи европоӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа ва Ҷиззах низ зиндагӣ кардани тоҷиконро қайд кардааст.  Муаллиф дар бозорҳо бештар шунида шудани муколамаи тоҷикиро таъкид мекунад.

«Ба гумони ман, мегӯяд ӯ, ҳамин забони форсие, ки дар ин ҷо мардум бо он ҳарф мезананд, аз забони форсии адабӣ фарқи кам дорад».  Муҳаққиқ ва сайёҳ дар бораи нуфузи забони форсӣ дар муносибатҳои байи бекҳо, амлокдорон нақл карда, аз ҷумла чунин навиштааст: «Дар ҳама ҷо, ҳатто дар Қӯқанд, забони форсӣ забони мукотиба, ҳуҷҷатҳо ва амрҳои ҳукуматӣ ва ғайра ба шумор меравад».

Сипас муаллиф дар бораи гурӯҳи забонҳои туркии аҳолии маҳаллӣ маълумоти бештар медиҳад.

В.Радлов бо таассуф қайд мекунад, ки дар мадрасаҳо асосан маълумоти динӣ медиҳанду омӯхтани дигар илмҳо, хусусан фанҳои дунявӣ барои шогирдон манъ аст.

Радлов мумсикию чашмгуруснагии мардуми савдогар ва дар айни вақт соддадилӣ ва ҳалолии сокинони деҳаро ба таври аҷиб ба қалам додааст. Ӯ ба зоҳири антропологии тоҷикон ва ӯзбекон низ эзоҳ додааст. Фарқи дигар мардумонро ҳам   муфассал баён кардааст. Муҳимияти ин асар боз дар он аст, ки муаллиф дар бораи сабабҳои ақибмонии кишвар, идоракунии маъмурӣ, молпарастии бекҳои маҳаллӣ, бори вазнини андозҳои сершумор, лашкари бекҳову аморати Бухоро фикрҳои аниқ овардааст.

Хонандаи китоб инчунин дар бораи бекигарии Шаҳрисабз, Хатирчӣ, Зиёвуддин, Қӯқанд низ соҳиби маълумот мешавад.

Иловаи китоб оид ба этнография, топономикаи минтақа эзоҳоти хеле муҳимро дар бар гирифтааст, ки имрӯз низ барои муҳаққиқони таърих қимати худро гум накардаанд.

Шоқаҳҳор Салимов,

муаррих-журналист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: