ИФОДАИ АМАЛИИ СИЁСАТИ ХАЛҚПАРВАР

Дар кишварамон тамоюли «инсон – ҷомеа – давлат» дар сатҳи қонунгузории конститутсионӣ ва амалияи конститутсионӣ мустаҳкам гардидааст. Аз ин рӯ, дар 7-8 соли охир талаботи асосии давлати иҷтимоӣ пурра дар амал татбиқ шуда истодааст.

Хусусан, ҳамчун як давлати иҷтимоӣ, шаҳрвандони мо имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаи худ ислоҳотҳоро амиқ эҳсос мекунанд, ки ба таълими босифат, кумаки тиббии баландихтисос, дастгирии ҳамаҷонибаи оилаҳо, кӯдакон, занон, пиронсолон ва шахсони  маъюб, таъмин намудани ниёзмандон бо манзил, фароҳамсозии шуғл, муҳайё кардани шароити бехатари меҳнат ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ равона шудаанд.

Инро  метавон дар мисоли ислоҳоти соҳаҳои тиб ва маориф равшан мушоҳида кард. Дар 7 соли охир маблағгузорӣ ба соҳаҳои тиб ва маориф 6-7 маротиба афзуд. Низоми мукаммале фароҳам оварда шудааст, ки хидматрасониҳои ибтидоии маҳалларо бо хизматрасониҳои ихтисосёфта мепайвандад. Имрӯз зиёда аз 400 ҷарроҳии технологии олӣ, ки қаблан танҳо дар пойтахт анҷом дода мешуданд, дар вилоят ва ноҳияҳо ба субут расонда мешаванд. Масалан, ҷарроҳии кӯчонидани гурда ҳоло дар минтақаҳо низ гузаронида мешавад. Дар гузашта шаҳрвандон маҷбур буданд, ки барои чунин амалиёт маблағ ва вақт сарф намуда, ба пойтахт ё ҳатто ба хориҷи кишвар раванд.

Инчунин, дар мактабҳо қариб 1 миллион ва дар кӯдакистонҳо 1,5 миллион ҷойи нави таълимӣ таъсис дода шуд. Сатҳи фарогирии кӯдакистонҳо 3 баробар афзуда, ба 78 фоиз расид. Бар асоси меъёрҳое чун малака, донистани забон, низоми нави баҳогузорӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ барои омӯзгорон зиёда аз 10 намуди иловапулиҳо ҷорӣ гардид. 60 ҳазор омӯзгор, ки аз ин имконият самаранок истифода бурданд, ҳоло аз 8 то 12 миллион сӯм маош мегиранд. Маоши мураббиёни кӯдакистонҳо 65 фоиз афзуда, ба сатҳи маоши омӯзгорони мактаб баробар гардид.

Ғайр аз ин, ба таҳсили фарзандони оилаҳои ниёзманд ва камбизоат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳар сол хароҷоти таҳсили 2 ҳазор нафар занон барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ пурра пардохта мешавад. То ба қарибиҳо, аксари кӯдакони имконияташон маҳдуд аз муҳити иҷтимоӣ канор монда, дар шароити ҷудогона таҳсил мекарданд. Бо ташаббуси Президенти кишварамон, имрӯз барои иштирок ва таҳсили чунин кӯдакон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ муҳити дастрас ва шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин доираи дастгирии шаҳрвандоне, ки даромад ва саломатиашонро аз даст дода, ба вазъияти душвори иҷтимоӣ гирифтор шудаанд, тадриҷан васеъ мегардад. Барои мутобиқсозии шахсони  маъюб ба ҷомеа, ҳаҷми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кумаки иҷтимоӣ васеъ карда мешавад.

Боз як тағйироти муҳим — беҳтар гардидани имкониятҳои иқтисодии аҳолии мост. Ҳанӯз панҷ сол пеш, даромади 23 фоиз ё 7,5 миллион нафар аҳолии кишварамон ҳатто ба ҳади камбизоатӣ намерасид. Дар давраи гузашта барои 3,5 миллион шаҳрванди мо имконияти дарёфти даромад муҳайё карда шуд ва сатҳи камбизоатӣ то 11 фоиз коҳиш ёфт. Барои се соли оянда ҳадаф гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда то 7 фоиз поён бурда шавад. Хусусан, бо мақсади коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, дар буҷети соли ҷорӣ 500 миллиард сӯм маблағ равона карда шудааст. Яке аз навгониҳои муҳим ин аст, ки аз аввали сол марҳила ба марҳила низоми ягонаи «Кортҳои иҷтимоӣ» ҷорӣ шуда истодааст, ки тамоми хидматрасониҳо, кумакҳо ва имтиёзҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Илова бар ин, чораҳои ҷиддӣ барои пешгирии истифодаи меҳнати кӯдакон, таъминсозии ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои шахсони маъюб  ва калонсолон, таъмин намудани гурӯҳҳои ниёзманди иҷтимоии шаҳрвандон бо манзил ва муайян кардани ҳадди ақалли музди меҳнат низ аз ҷумла ин тағйироти муҳим  мебошанд.

Бо мақсади тавсеаи чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, идомаи сиёсати афзоиши мунтазами даромади шаҳрвандон ва тақвияти ҳимояи иҷтимоии онҳо ба қарибӣ  Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Дар бораи зиёд намудани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендияҳо ва кӯмакпулиҳо»  қабул гардид.

Ин фармон дар соли ҷорӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини баробарии иҷтимоӣ ва коҳиш додани фарқияти даромадҳо аҳамияти бештар касб мекунад.

Бар асоси Фармон, аз 1 июли соли 2025 миқдори нафақа ва кумакпулиҳо, аз ҷумла кӯмакҳои моддӣ ва кумакпулиҳои кӯдакона барои оилаҳои камбизоат 10 фоиз зиёд карда мешаванд. Ин ташаббус на танҳо барои таъминсозии ниёзҳои хӯрокворӣ, балки барои хароҷоти доруворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ ба қисми зиёди аҳолӣ, воқеан кумаки хуб хоҳад шуд.

Хусусан, афзоиши маблағи нафақаҳои кӯдакона ба буҷети оилавӣ сабукии назаррас меорад. Масалан, оилае, ки се фарзанд дорад, ҳадди ақалл  моҳе 740 000 сӯм  нафақа дарёфт хоҳад кард. Барои донишҷӯёне, ки бо стипендия рӯз мегузаронанд, барои китоб, нақлиёт, хӯрок ва дигар эҳтиёҷот маблағи иловагӣ фароҳам меояд.

Бешак, ҳамаи ин амалҳо бозгӯи равшани онанд, ки раванди «Ӯзбекистони нав — давлати иҷтимоӣ», ки имрӯз ҳамчун меъёри конститутсионӣ таҳким ёфтааст, дар ҳамаи соҳа ва самтҳои ҳаёт ба таври возеҳ инъикос меёбад.

Гулнорахон АБДУВОҲИДОВА,

узви Кумитаи масъалаҳои меҳнат, ҳифзи сиҳҳат ҷамъият Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: