Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи шахсии рассом ва ороишгари саҳна Аҳмадҷон Ӯринов зери унвони «Ҳафт макон» ташкил карда шудааст.
Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд, бахшида ба 70 солагии омӯзгор, дотсенти кафедраи «Театр ва рангтасвир»-и Донишкадаи дизайн ва рассомии миллии ба номи Беҳзод, рассом ва ороишгари саҳна Аҳмадҷон Ӯринов намоишгоҳи шахсӣ кушода шуд, ки дар он қариб 60 намуди эҷодиёти рассом акс ёфта, зери унвони «Ҳафт макон» ташкил карда шудааст.
Дар маросими кушодашавии намоиш таъкид гардид, ки «Ҳафт макон» на танҳо як рақам, балки рамзи роҳи камолоти маънавӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ҳангоми гузаштан аз ин роҳ, инсон аз худпарастӣ ба худшиносӣ, аз ҷаҳолат ба маърифат ва аз зоҳир ба ботин ҳаракат мекунад.
Дар намоиш аксҳои гуногун ҷой доранд: корвонсарой, гунбаз, чеҳраҳои мардон ва занон, ҳунармандон, меъморон, бозорҳо, мусаввараҳои рассомон ва саҳнаҳои театрӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар намоишгоҳ экспонатҳои «Абӯалӣ ибни Сино», «Модар-замин», «Анор», «Висол», «Корвон», «Хотираҳои кӯдакӣ», «Роҳи бузурги абрешим», «Бухоро», «Соҳил» ва боз як қатор намунаҳои эҷодӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Рассом дар ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд таваллуд шудааст. Дар Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд таҳсил гирифта, дар театрҳои ҷумҳурӣ, ширкати телевизион ва радиои Тошканд кор кардааст. Чандин маротиба намошгоҳи шахсии рассом ташкил карда шудаанд.
Ҳасан Абдуназаров.