Шифохонаи бисёрсоҳавии шаҳр. Новобаста аз барвақт будани рӯз аллакай дар пушти дари шуъбаи терапевтӣ пирамарду пиразан, марду зан, модарони кӯдакдор ҷамъ омада буданд. Аксари онҳо ба назар парешонҳол мерасиданд ва аз тарҳи рухсораашон пай бурдан душвор набуд, ки бо мушкиле шифохона омадаанд.
Яке дар телефон сӯҳбат мекард, дигаре аз ҳамроҳаш ҳол мепурсид, саввумӣ пойбанди сад хаёл буд…
– Кӣ аз ҳама охир? – марде бо нигоҳи пурсиш ба онҳо муроҷиат кард.
– Ман, – гуфт зани қадпасти фарбеҳ. – Аз ман пеш вай марди шапкадор, – ба ҷавонмарде ишора кард.
– Баъди Шумо ман, – гуфт мард. Чанде нагузашта як ҷавонзан омад ва беэътибор аз байни одамон ҷониби дар ҳаракат кард. Аз ин рафтори ӯ зани қадпасти фарбеҳ ҳайрон шуда, бо овози баланд гуфт:
– Ҳа, духтарам, куҷо?
– Ба духтур савол дорам, – гуфт ва бепарвоёна ба пеш ҳаракат кард.
– Мо ҳам ба духтур кор дорем, – аз дасти ҷавонзан кашид ва оташин илова кард:
– Ҳеҷ кас дар ин ҷо беҳуда намеистад. Дар навбат истед.
– Кори зарур ҳаст. Тез мебароям.
– Ҳама кор дорад, келинпошшо. Дар ҳама хонаву ҷой, кору бор ҳаст. Дар ин ҷо бобою бибӣ, занони бачадор ҳам навбат мепоянд. Сабр кунед, навбататон ояд, медароед.
Ҷавонзан ноилоҷ қафо гашт. Канортар рафту ба касе занг зад. Аз оҳанги гуфтораш аён буд, ки асабонӣ мешавад. Телефонро хомӯш карду ба дар наздик омад. Ҷавонзан маккорона ба атроф чашм давонд ва аён буд, ки нақшаи фиребро мекашад, то чорае ёфта ба дарун дарояд. Даме нагузашта садои телефонаш баланд шуд. Ҷавонзан дубора ба канор рафт. Ин дафъа сӯҳбати онҳо зуд анҷом ёфт ва фурсате нагузашта аз дарун ҳамшираи шафқат баромада, овоз баланд кард:
– Соатова!
– Ман, – телефонашро ба ҷайб андохта, ба дар наздик шуд ҷавонзан.
– Биёед, дароед, – гуфт парастор ва ба эътирози одамон эътибор надода, ӯро ба дарун даровард.
Афсӯс, ки имрӯзҳо бо чунин ҳодисаҳо бисёр рӯ ба рӯ мешавем ва аҷаб нест, шумо ҳам аз сар гузаронида бошед. Гоҳо аз беадолатӣ эътироз кунем, аксар вақт аз ноилоҷӣ хомӯш мемонем. «Ҳар кӣ тавонад, дар намонад» гуфта, худро таскин медиҳем. Оё ин рафтор дуруст аст?
– Чанд сол боз ҳамчун нотариус кор мекунам, – гуфт нотариуси Идораи давлатии нотариалии рақами 1-уми шаҳри Самарқанд К.Раҳимова. – Ҳар рӯз корафтодагони зиёд бо масъалаҳои гуногун меоянд. Аз тарзи гуфтору рафтори онҳо пай бурдан душвор нест, ки аз кадом қишри ҷомеа ҳастанд. Гоҳо мизоҷоне меоянд, ки дар наздатон одам бошад ҳам, беибоёна медароянд ва хоҳиш мекунанд, то корашонро зудтар ҳал кунем. Агар гӯед, ки «навбат гиред», ҳар хел баҳона пеш меоранд. Ноилоҷ дағал мегӯед ва аз ин зуд лаб ба шиква кушода, ҳатто дашном медиҳанд. Тӯли фаъолият пай бурдам, ки одамон сол то сол бесабр мешаванд. Эҳсоси худбинӣ дар онҳо боло меравад. Мекӯшанд, ки пеш аз ҳама кори онҳо ҳал шавад. Манфиати худро аз ҳама чиз боло мегузоранд ва барои дар фурсати кӯтоҳ, пеш аз ҳама ҳал кардани кори худ, ба ҳама кор омодаанд. Ҳатто барои порадиҳӣ.
Бояд гуфт, ки дар навбат истодан ҳам аз сатҳи маданият ва маърифати одам гувоҳӣ медиҳад. Шахсе, ки худро эҳтиром мекунад, албатта дар муносибат бо атрофиён низ одобро нигоҳ медорад ва намехоҳад, боиси ранҷурии хотири дигаре гардад. Дар навбат истодан аз одам пеш аз ҳама сабр, иродаи мустаҳкамро талаб мекунад ва аз доираи сабр берун по ниҳодан, ин ба ҳаққи дигаре ноадолатӣ хоҳад буд.
– Ман аз рӯйи масъалаҳои гуногун зуд-зуд ба ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ меравам, – гуфт сокини шаҳри Тошканд Н.Тағоев. – Хурсандиовар аст, ки дар аксар корхонаву ташкилотҳо навбати электронӣ ба роҳ монда шудааст. Лекин дар баъзе муассисаҳо ба навбат риоя намекунанд. Ҳатто дар баъзе шифохона ва корхонаҳо худи корафтодагон рӯйхат тартиб дода, аз рӯйи он амал мекунанд. Аммо гоҳо баъзе одамони «шохдор» ба навбат эътибор намедиҳанд. Агар пеши роҳи онҳоро гиред, зуд ба тағо ё амаки «болонишин»-и худ занг мезананд. Бинед, ки пас аз чанд дақиқа худи роҳбар ё коргузорони ӯ «шохдор»-ро бенавбат қабул мекунанд. Агар аз тарафи калонсолон, ки солхӯрдаанд ва зуд хаста мешаванд, навбат вайрон шавад, фаҳмидан мумкин. Мутаассифона, дар аксар маврид ҷавонон ба навбат муносибати беписандона менамоянд.
Савол ба миён меояд: чаро одамон сол то сол бесабр мешаванд? Барои чӣ нафъи шахсии худро аз манфаати ҷамъиятӣ боло мегузоранд? Чаро эҳтироми байниҳамдигарӣ коста мешавад? Сабаби ин дар чист?
Хонандаи азиз! Тасаввур кунед, ки Шумо бо чунин ҳол рӯ ба рӯ омадед. Чӣ гуна роҳро интихоб мекунед? Ҷавоби шумо аниқ: сабр карда, навбати худро интизор мешавед. Дуруст мекунед. Чунки агар баръакс амал кардед, дар назари одамоне, ки тӯли соатҳо навбат мепоянд, бад менамоед ва ҳамаи онҳо дар ҳаққи шумо «дуоҳои нек» мекунанд. Ва дар бораи падару модаратон низ фикрҳои «нағзу пурмағз»-ро дареғ намедоранд.
Бинобар ин, дар ҳар кор босабр бошем ва ҳеҷ гоҳ эҳтироми байниҳамдигариро гум накунем. Охир, Бадриддин Ҳилолӣ беҳуда нафармудааст:
Ба сабр аз корҳо берун равад банд,
Шавад най шаккару шаккар шавад қанд.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик»