ОСУДАГИИ ВАТАН ОСУДАГИИ МОСТ

Аввали моҳи феврали соли 2023 дар чандин вилояту шаҳрҳои Туркия зилзилаи сахт рӯй дод. Дар байни чанд дақиқа баъзе шаҳрҳои бостонию назаррабои ин диёр ба хароба табдил ёфтанд.

Камина пас аз чанд ҳафтаи ин офати табиӣ ба шаҳри Ғозиёнтеп рафтам. Дар он ҷо духтарам бо аҳли оилааш кору зиндагӣ мекунад ва бо чашмони худ дидам, ки зилзила ба шаҳру иқтисодиёти он чӣ қадар хисорот ва талафоти азим расондааст, манзилу макони мардум, як қалъаи 6-7 ҳазорсола ба хок яксон шудаанд.  Аз ҳама таассуфангезаш ин офат ба ҳаёти беш аз 50 ҳазор нафар зомин шуд.

– Зилзила, – мегӯяд як турки куҳансол,  чашми моро кушод, аз хоби ғафлат бедор кард. Офати табиӣ ба қадри осудаҳолӣ расидан, шукр гуфтанро  омӯзонд. Чӣ қадр  ғанимат будани ҳаёти осоиштаро собит кард.

Аммо ҳикояе, ки он рӯзҳо аз духтарам Малика шунидам, маро боз бештар ба ҳайрат  овард. Фикр мекунам, он барои ҳар яки мо  ҳикматангез аст.

– Пас аз зилзила  дар  ҳавои сарди февралӣ, чанд рӯз  бо бачаҳо зери барфу борон дар кӯча  мондем.  Мардҳо асосан ба ҷустуҷӯи одамон аз зери вайронаҳо ва ба хок супурдани майитҳо машғул буданд.  Ба хонаи худамон даромадан манъ буд,  ҳарчанд ба он зилзила хисороте нарасонида буд, ба дарҳо мӯҳр зада буданд. Ниҳоят пас аз чанд рӯз  ҳокимияти ноҳия дар боғе хаймаҳо рост кард. Дар як хайма то бист нафар хоб мерафтем. Фарш нам буд, хӯрок намерасид. Дар шафати мо як оилаи ночори иборат аз 4 нафар ҷой гирифтанд. Баъд аз чанде оилаи дигаре омаду бо дидани  оилаи ҳамшафати мо доду фарёд бардошта, аз онҳо узр мепурсид. Сонитар фаҳмидам, оилае, ки пештар ҷой гирифта буд, дар хонаи он  оилае, ки акнун ҷой мегирифт, дар иҷора зиндагӣ  мекардааст. Соате пештар аз  рӯй додани зилзила онҳоро ба сабаби  саривақт  надодани иҷорапулӣ аз хонааш берун карда будааст. Акнун онҳо, яъне хонаводаи камбағал ва соҳиби чанд хонаву ҷой зери як хайма дар як ҳолат буданд. Сарвари оилаи сарватманд  сахт пушаймон шуда, аз даргоҳи Худованд истиғфор мепурсид.

Оре, чун балою офате бархезад, сарватманду камбағалро ҷудо намекунад. Тавре ки дар урфият мегӯянд, оташ чун аланга гирифт, тару хушк баробар месӯзад. Вале табиати инсон чунин аст, то аз ягон неъмат маҳрум нашавад, ба қадри он намерасад. Устод Лоиқ чӣ барҳақ фармудааст:

То ҷӯйи пуроби дари хонет нахушкад,

Зинҳор нагӯйӣ, ки беҳ аз баҳри дамон буд...

Дар боло оид ба  асорати зилзила нақл кардем. Маълум аст, ки зилзила як  ҳодисаи сейсмикӣ, офати табиист. Он ба омили инсонӣ иртиботе надорад. Лекин дар сайёраи Замин офатҳое низ сар мезананд, ки айнан ба омили инсонӣ вобастаанд.

Кураи Замин  ба як сайёраи хурд шабоҳат дорад. Ягон бало дар гӯшае содир шавад, он дарҳол ба сокинони тамоми сайёра дахолат мекунад.

Як мисоли оддӣ. Ба наздикӣ муддате дар байни Ҳиндустону Покистон муноқиша ба амал омад ва бар оқибати  амали террористӣ чанд нафар кушта шуданд. Хавфи сар задани ҷанги байни ду давлати дорои силоҳи ядровӣ пайдо шуд. Он рӯзҳо зуд дар  шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори дунё бо мазмуни зер хабарҳо паҳн шуданд: «Бинобар пӯшида шудани хатсайри осмонии Покистон  баъзе самолётҳои Ӯзбекистон  хатти ҳаракати худро тағйир доданд, ки ин боиси тӯл кашидани вақти парвоз мегардад».  Ё ки «самолёте, ки аз Тошканд ба шаҳри Ня Чанги Ветнам парвоз мекард, акнун хатсайри худро дар ҳудуди ҳавоии Қазоқистону Хитой амалӣ мекунад» ва ғайра ва ҳоказо. Ҳол он ки Покистону Ҳиндустон ба Ӯзбекистон чандон наздик несытанд. Он рӯзҳо  парвози чандин самолёт аз Тошканд ва ба Тошканд мавқуф гузошта шуданд.  Таъсири ҷангу ҷидолҳои дигар минтақаҳо, ки ҳар рӯз сабаби кушта шудани садҳо ҷавонмардон, кӯдакону занон мешавад, ба ҳама аён аст.

Шайх Саъдӣ ҳам чандин қарн муқаддам маҳз чунин ҳолатҳоро пайгирӣ намуда, авлиёсифат фармудааст:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дур нарафта, лаҳзае ҷанги хонумонсӯзеро, ки бар асари дахолати давлатҳои абарқудрат дар сарзамини Афғонистони ҳамсоя рӯй доду чандин даҳсола идома ёфт, ба ёд оваред... Ҳазорон ҷавонони ӯзбеку тоҷик ҳам бо баҳонаи «адои қарзи байналмилалӣ» ба ин ҷанг сафарбар шуданд, садҳо нафари онҳо куштаву боз ҳазорон нафарашон бепову бедаст, маъюбу маслух ба ватан баргаштанд ва то ба имрӯз аз доғи он рӯзҳо азият мекашанд.

Дар кишвари дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-ум дар оқибати ҷанги дохилӣ анқариб 150 ҳазор  нафар куштаву беш аз як миллион нафар ҷилои макону манзилашон карданд. Зарари маънавии ин ҷанг андоза надорад.

Камина ба ҳайси хабарнигор ба Афғонистони ситами ҷанги бемаъниро дидаву кашида, чор маротиба сафари эҷодӣ доштам.  Моҳи ноябри соли 2002, вақте дар Мазори Шариф будам, аз ҷавони мусаллаҳи тахминан 22-25-сола пурсидам, ки дар куҷо таҳсил кардааст ва касбу пешааш чист. Ростӣ, аз ҷавоби он ҷавон ба суолам  хиҷолат кашидам.

– Оғо,– гуфт ӯ, – беш аз 20 сол аст, ки дар ватани азизи мо ҷанг идома дорад. Қабл аз ҷанг ман даҳ сол доштам. Аз ҳамон замон  «калашникуф» дар китфам аст. Дар куҷо, чӣ  рақам таҳсил мекардам? Дар умри худ бидуни ҷанг чизеро намедонам».

Ҳоло ин ҳақиқати зиндагии он бечораро, ба ҷавонони худамон бигӯем, гумон аст, ки бовар кунанд. Чашм нарасад, мамлакатамон осудааст, ки маъвои ҳар кадоми мо осудааст. Фақат, баъзан аз он хеле  афсӯс мехӯрам, ки дар зиндагӣ ашхосе бар иллати камбудиҳои ноқис: набудани барқ ё газ, нархи  баланди баъзе анво, сӯзишворӣ ҳамеша шикоят мекунанд. Оё дар ин дунё кишваре ҳаст, ки зиндагӣ дар он ҷо идеалӣ бошад? Ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёт давом дорад. Коррупсия,  лоқайдӣ, бемасъулиятии баъзе шахсон табиист, ки  боиси норозигии одамон мешавад. Аммо дар зиндагии кунунии мо аз камбудӣ комёбиҳо бештаранд, ки бояд шукрона гӯем. Мардуми мо фаромӯш кардаанд, ки чоряк аср ё сӣ сол пеш саҳар соати чор хеста, барои ба даст овардани ду кило гӯшт, як шиша рӯғани пахта, дуто собуну 2 кило шакару орд  соатҳо нав батпоӣ мекардем.

Дар замоне, ки  ба мардуми кишварҳои гуногун хавфу хатарҳои зиёд таҳдид доранд,  қувваҳое ҳастанд, ки  мамлакати моро низ мехоҳанд қурбони ҳадафҳои геополитикӣ кунанд. Дар чунин вазъият таъмин сохтани сулҳу истиқрор дар кишвар ва минтақа кори саҳлу осон нест. Бо ташаббусу ибтикори сарвари давлати мо Шавкат Мирзиёев  бо кишварҳои ҳамсоя муносибати хубу боэътимод ба роҳ монда шуд. Хусусан, мулоқоти сарварони се кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷамъ омаданд, ба сулҳу неруҳои созандагию ҳамкориҳои муттасил таҳкими бештар бахшиданд.

Ҳаёт зебост, фақат бояд ба қадраш бирасем. Ҳарчӣ дорем, бахусус, неъмат ва хотирҷамъиро ғанимат донем, эҳтиёт кунем.

Шоқаҳҳор Салимов,

узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: