МАВСИМИ ҲОСИЛҒУНДОРӢ ОҒОЗ ЁФТ

Соли ҷорӣ дар 94 ҳазору 300 гектар майдони вилояти Фарғона «Аср», «Давр», «Веха», «Антонино», «Алексеевич» ва «Базостая-100» – навъҳои серҳосил ва пешпазаки ғалларо парвариш карданд.

Алҳол мавсими дарави ғалла оғоз ёфт. Пеш аз оғози дарав дар ноҳияи Ёзёвон бо иштироки ҳокимони ноҳияҳо, мутахассисони соҳа семинари намоишӣ ташкил шуд. Иштирокчиён аввал бо  рафти тайёрии ҳосилғундории хоҷагии фермерии «Баҳромҷон»-и ҳудуди Фарғонаи марказӣ шинос шуданд ва ба оғози ғалладаравӣ старт доданд. Сипас, таҷрибаи хоҷагии фермерии «Мезон»-ро, ки дар асоси истифодаи технологияҳои Чин ба нишондоди баланд ноил гардидааст, аз назар гузарониданд. Дар семинар оммавӣ гардондани таҷрибаи хоҷагии номбурда дар ҳудудҳо таъкид гардид.

Суратгир: М. Сулаймонов. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: