Сарвазири Ҷумҳурии Словакия ба ёдгории Истиқлолият гулчанбар гузошт

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Словакия Роберт Фитсо бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад.

9 июн меҳмони баландмақом ҳамроҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хӯҷаев ба боғи «Янги Ӯзбекистон» ташриф оварда, ба пояи ёдгории Истиқлолият гулчанбар гузошт.

Ҳангоми шиносоӣ бо маҷмаа  ба ҳайати вакилони Словакия дар бораи консепсия ва ҳалли меъмории ин ансамбл маълумот пешниҳод гардид.

Боғи «Янги Ӯзбекистон» ва ёдгории Истиқлолият ба муносибати 30-солагии истиқлолияти кишвари мо бунёд гардидаанд. Таърихи давлатдории миллӣ дар сарзамини мо зиёда аз се ҳазор солро дар бар мегирад — решаҳои он чунон амиқанд. Агар ба ёдгорӣ бо диққат назар андозем, инъикоси ҳунарии ин таърихи пуршукӯҳро дидан мумкин аст.

Гулгузорӣ ба пояи ёдгории Истиқлолият дар доираи сафари меҳмонони олимақом ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ ба кишвари мо ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Аъзои ҳайат ба образҳои муаррифигарии донишмандони мо, фармондеҳону ҷанговарони бузург ва маорифпарварони ҷадид, ки дар маҷмаа инъикос ёфтаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Тасвири парандаи Хумо, ки рамзи сулҳ, озодӣ ва некист, ҳамчун гулдӯзи ин маҷмааи пуршукӯҳ эътироф гардид.

Мувофиқи барномаи будубош музокироти сатҳи олӣ баргузор мешаванд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Словакия баррасӣ мегарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: