ВОХӮРӢ БО ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУР ДАР ОСОРХОНАИ УСТОДИ САНЪАТКОРОН

Мужда расид, ки Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов бо аҳли оилааш ба зиёрати Самарқанд омада, баробари дигар ёдгориҳои таърихӣ Осорхонаи Устод Садриддин Айниро зиёрат кардааст ва акнун аз Осорхонаи Устоди санъати мусиқии Шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз боздид ба амал оварда, дар он ҷо бо дӯстони наздикаш мулоқот мекунад.

Мо ба ин осорхона, ки чанде пеш баҳри гирифтани маводи махсус барои  «Донишномаи Самарқанд» рафта будем, ин дафъа ҳамроҳи Наврӯзҷон боз ба ин манзил омадем.

Мутасаддиёни осорхона ба қабули меҳмон тайёрӣ медиданд. Чун моро диданд:

– Меҳмонҳо куҷоянд? – гуфта пурсиданд.

Ҳоло аз онҳо дарак набуд, лекин навозанда ва оҳангсози машҳури Самарқанд, устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии Самарқанд Равшан Ҳамроқулов,  доиранавози моҳир Аслиддин Сироҷеви мотрудӣ, ки бо дастаи шогирдони доирадасташ то Арктикаи Шимолии дурдаст рафта, ҳунари доиранавозиро намоиш додааст, шашмақомхони номӣ Ихтиёр Султонов, ки аслан аз Истаравшан – диёри Содирхони Ҳофиз ва Абдуқодир Ҳофиз мулақққаб ба Зебпарӣ асту чандин сол боз сокини Самарқанд буда, дар омӯзишгоҳи санъат ба шогирдон ҳунари шашмақомсароиро меомӯзонад, ҳамчунин чанд тан аз мухлисони  санъат пасу пеш  омаданд.

Ниҳоят устоди санъат бо аҳли оилааш таҳти роҳбаладии шогирди наздикаш Ҳасанҷон Нуруллоев вориди осорхона шуданд. Мо онҳоро бо кафкӯбиҳо истиқбол намудем.

Дар ибтидо ба рӯҳи поки гузаштагони ҳамин манзил, бахусус  устоди устодони ҳунари мусиқию сурудҳои Шашмақом, аз ҷумла «Ушшоқи Самарқанд», «Гулъузорам» ва боз чандин таронаҳои нотакрор Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов  аз Қуръони карим оятҳо тиловат карда шуд.

Банда меҳмонони олиқадрро ба ин осорхонаи санъат хайра мақдам гуфта, дар бораи Ҷӯрабек ва меҳри мардуми Самарқанд нисбат ба ӯ чанд сухан гуфтам. Иброз доштам, ки ба сафари нахустини ҳунарии Ҷӯрабек ба Самарқанд беш аз 60 сол шудааст. Ӯ соли 1964 баъди хатми Донишкадаи Хуҷанд дар ҳайати  ҳунарпешагони номии ҳамон давр Зафар Нозимов, Муслима Боқиева, Мирбобо Зиёев ва дигарон  ба Самарқанд омада, дар саҳнаи театри навбунёди опера ва балет ҳунарнамоӣ карда буд. Шуҳрати ӯ худи ҳамон рӯз ба тамоми Самарқанд паҳн шуда, донишҷӯёни бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз камина, ки ҳамон сол баъди хатми донишгоҳ фаъолияти омӯзгориро  дар  он ҷо оғоз карда будам, хоҳиш карданд, ки азбаски онҳо ба консерти ҳунарпешагони тоҷик иштирок карда натавонистаанд, хуб мешуд, санъаткорони тоҷикро ба факултет даъват карда, вохӯрие ташкил намоем.

Мо ин арзи донишҷӯёнро ба маъмурият расонида, аз номи ректори донишгоҳ, академик Воҳид Абдуллоев, ки низ шефтаи санъат буд, номаи расмӣ гирифтему онро ба сарвари дастаи ҳунарпешагони тоҷик расонидем.  

Дар натиҷа вохӯрӣ бо ҳунарпешагон дар толори факултети филология барпо гардид ва қариб ду соат давом кард, ки қисми асосии он аз сурудхонии Ҷӯрабеки ҷавон иборат буд.  Банда хуб дар ёд дорам, ки ӯ суруду таронаҳои ба Ватан, модар, ҷавонон, донишҷӯён бахшидашударо хеле моҳирона иҷро намуда, сазовори кафкӯбиҳои бардавоми донишҷӯён гардида буд.

Пайвандии Ҷӯрабек, ки бо Самарқанд аз ҳамон вақт ибтидо гирифта, то ҳол идома дорад, мустаҳкаму пойдор аст. Зеро Ҷӯрабек ҳанӯз аз ҳамон сафари кӯтоҳаш дар Самарқанд мухлисон ва дӯстони зиёде пайдо карда буд.

Аз он дам то ҳол бештарин тӯю маъракаҳои аҳли Самарқанд бо иштироки Ҷӯрабек Муродов пурфайзу мутантан мегузаранд. Ҷӯрабек Муродов бо дастаҳои ҳунарии Филармонияи Тоҷикистон дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик ва сафари ҳайатҳои расмии ҳукуматӣ  борҳо ба Самарқанд ташриф овардааст.  

Ба шарафи 50-солагии зодрӯзаш дар майдони Регистон шаби эҷодии ӯ ба вуқӯъ пайваста, бо қарори ҳокими вилояти Самарқанд Пӯлод Абдураҳмонов ба Ҷӯрабек Муродов гувоҳномаи «Шаҳрванди ифтихории Самарқанд» тақдим гардида буд...

Сипас, камина доир ба мақоми Ҳоҷӣ Абдулазиз дар таърихи мусиқии Самарқанд, хидматҳои ӯ бобати пос доштану такмил додани «Шашмақом» ва эҳтироми ин оҳангсозу овозхони нотакрор аз ҷониби шогирдон, ҳамзамонон ва мухлисони минбаъдаи ӯ сухан гуфтам. Дар бораи навишта шудани чандин китоб оид ба Ҳоҷӣ Абдулазиз, аз ҷумла қиссаи ҳуҷҷатии нависанда Абдурофеъ Рабиев «Рӯзгори соҳибдилон», филми мустанади ӯ дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазиз, китоби хотираҳои  шифокру санъаткор Аминҷон Шарифов «Дар роҳҳое, ки ҳофиз гашта буд» ва ғайра ҳарф зада, изҳор кардам, ки ҳоло санъаткори варзидаи самарқандӣ Аслиддин Сироҷев дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазиз китоби пурмуҳтавое навиштааст.

Сипас Аслиддин Сироҷев доир ба китоби тозанашри худ вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳоҷӣ Абдулазиз чанд сухан гуфт.

Устод Ҷӯрабек ба ӯ китоби «Сурудҳои Ҷӯрабек»-ро, ки дар он 380 суруди ӯ бо нотаҳои мусиқиашон сабт шудааст, тақдим кард.

Равшан Ҳамроқулов ва Ихтиёр Султонов дар бораи дар мактабҳои олӣ ва махсуси мусиқӣ таълим дода шудани эҷодиёти Ҳоҷӣ Абдулазиз суханронӣ намуданд.

Баъд риштаи суханро худи Ҷӯрабек Муродов ба даст гирифта, дар бораи мақоми Ҳоҷӣ Абдулазиз дар таърихи санъати тоҷик ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, ки то солҳои 70-уми асри гузашта, ҳарчанд номи ҳофиз ва бастакори маъруф Ҳоҷӣ Абдулазиз дар ёдҳо буданду оҳангу сурудҳои нотакрори эшон аз ҷониби ҳофизон суруда, оид ба ӯ суханҳои нек гуфта мешуданд, дар куҷо будани қабри ӯро намедонистанд, ба ёди касе ҳам нарасида буд, ки онро пайдо карда, обод намоянд. Банда бо ҳамин ният ба маъмурияти шаҳри Самарқанд муроҷиат кардам ва  бо сайъу эҳтимоми марди равшанзамир Акрам Худойқулов, ки аз роҳбарони маъруфи вақти Самарқанд буд,  қабри устод, ки дар мазористони Ҳазрати Хизри  Шоҳи Зинда ҷойгир аст, обод ва кам бошад ҳам, барои зиёрат мувофиқ карда шуд. Ин манзиле, ки мо ҳоло зиёрат мекунем, ҷойи зисту кулбаи эҷодии устод буд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ӯзбекистон ба осорхона табдил ёфт.

Воқеан, он солҳои истиқлол аз нав тармим гардида, ҳоло дар харитаи  зиёратгоҳҳои сайёҳони ватанию хориҷӣ мавқеи махсус дорад.

Ҷӯрабек Муродов самимияти худро нисбат ба аҳли фарҳангу адаб ва мардуми эҷодкор изҳор дошта, аз ҷумла гуфт: 

– Ҳукмдорон, роҳбарон, сарватмандон мегузаранд, эҷодкорон – аҳли адаб ва ҳунар бо осори худ боқӣ мемонанд. Ин аст, ки мо бо аҳли оила – ҳамсари меҳрубонам, писарам Парвизҷон ва келину набераам имрӯз ба ҳурмати ёди ҳунарпешаи бузурги санъати савту суруд Ҳоҷӣ Абдулазиз ба зиёрати осорхонаи эшон қадам ранҷа кардем.

Сипас устод Ҷӯрабек бо ҳамовозии шогирдаш Ҳасанҷон Нуруллоев ва Ихтиёр Султонов сурудҳои «Бозургонӣ» ва «Гулъузорам»-ро дар оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазиз иҷро кард.

Меҳмонон асбобу ашёҳои осорхонаро, ки аз замони зиндагии Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов мондаанд, тамошо карданд ва барои хотира аксбардорӣ намуданд. 

Фарзанди устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов – Парвизбек ҳозиринро ба тамошои Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов дар Хуҷанди бостонӣ даъват кард.

Дидор ва мулоқот бо устоди санъат ва дӯсти қадрдони мо Ҷӯрабеки Мурод ба ҷамъомадагон як олам ҳаловат бахшид.  

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,

Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: