Риштаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз решаҳои таърихӣ сарчашма гирифта, солҳои охир равобити байниҳамдигарии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд баромад, ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун густариш ёфтанд.
Дар пояи ин ҳамкориҳо равобит дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва санъат низ таҳким ёфта, мунтазам чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳои илмию эҷодӣ, намоишгоҳ, барномаҳои консертӣ доир мегарданд.
Инчунин, ба узвияти Иттифоқи нависандагон ва Иттиҳоди журналистони ду кишвар пазируфта шудани адибон ва рӯзноманигорон низ падидаи наву шоёни эътироф аст, ки дар партави ин шарикӣ ба амал омада, барои рушди робитаҳои адабиву фарҳангии дуҷониба мусоидат мекунад.
Дар чанд соли охир даҳҳо нафар адибу рӯзноманигорони маъруфи тоҷики Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи нависандагон ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, ҳамзамон чанд нафар адибу журналистони Тоҷикистон ба узвияти ин ниҳодҳои мӯътабари Ӯзбекистон пазируфта шуданд.
Чун идомаи ин анъанаҳои неку наҷиб чанде пеш боз се нафар адиби тоҷики Ӯзбекистон – нависандаи баркамол, устод Чоршанбеи Деҳнавӣ, эҷодкори хушбаён Саодат Сангинова ва шоири соҳибсалиқа Илҳоми Насафӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардиданд.
Чоршанбеи Деҳнавӣ (Бойбусинов) зодаи ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё буда, дар ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баробар эҷод мекунад. Тӯли фаъолияти чандинсолаи эҷодӣ як қатор асарҳо, аз қабили “Акс садо”, “Баҳор дар пеш”, “Чашмасор”, “Шабе, ки осмон фирў рафт”, “Талоши зиндагӣ”, “Лайлатулқадр”, “Соясини эркалатган аёл”, “Ангези ҷарасҳо”, “Вазифаи хонагӣ”-ро пешкаши аҳли адаб намудааст. Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аст.
Омӯзгори ташаббускор, ровии хушбаён, бонуи фарҳангдӯсту худогоҳ Саодат Сатторӣ (Сангинова) низ аз эҷодкорони сермаҳсул буда, дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев. То кунун рисолаи дастурии “Дарс ва намудҳои он”, маҷмӯаҳои шеърии “Субҳи Саодат”, “Пайроҳаи сабз” (Душанбе), маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳои “Дидор” ва “Духтари сеюм”-и адиб мунташир шудаанд.
Илҳом Насафӣ (Эшонқулов) яке аз шоир ва олимони номвари тоҷик аст, ки дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Муаллифи қариб 70 асари илмӣ, таълимӣ ва публитсистӣ, инчунин, маҷмуаҳои шеърии “Сабзаи фарвардин”, “Муғаннии ишқ” (Душанбе) ва,“Як қофила шеър” (Эрон) мебошад.
Бояд гуфт, ки дӯстии адабӣ заминаи дӯстии абадӣ мебошад ва умед дорем, ки минбаъд низ чунин иқдоми неку шоиста идома меёбанд ва сафи аъзоёни иттифоқ боз ҳам меафзоянд.
(Мухбири худамон).