9 июн Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба мамлакати мо омад.
Меҳмони олимақомро дар Аэропорти байналмилалии Тошканд Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосии сафар имрӯз, 10 июн баргузор мегарданд.
Тибқи барномаи сафар мулоқоти раҳбарони ду кишвар, баргузории чорабиниҳои расмӣ ва тиҷоратӣ ва имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Булғория масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла афзоиши гардиши мол, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар маҷмааи агросаноатӣ, саноати фармасевтӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонӣ, густариши мубодилаи сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ мекунанд.
Президенти Булғория дар Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд низ ширкат хоҳад кард.