ПРЕЗИДЕНТИ БУЛҒОРИЯ БА ЁДГОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ГУЛЧАНБАР ГУЗОШТ

Ёдгории Истиқлолият рамзи озодиву суботи давлати мост. Дар он таърихи чандинасраи давлатдории миллӣ, чеҳраҳои донишмандони бузург ва ниёи ҷаҳонгарди мо инъикос ёфтааст. Дар болои ёдгорӣ мурғи Ҳумо тасвир шудааст.

Ёдгории Истиқлолият рамзи озодиву суботи давлати мост. Дар он таърихи чандинасраи давлатдории миллӣ, чеҳраҳои донишмандони бузург ва ниёи ҷаҳонгарди мо инъикос ёфтааст. Дар болои ёдгорӣ мурғи Ҳумо тасвир шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба мамлакати мо қарор дорад, ба боғи “Ӯзбекистони Нав” рафт.

Ба меҳмони олимақом Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ҳамроҳӣ кард. Пешвои Булғория ба пояи ёдгории Истиқлолият гулчанбар гузошт.

Румен Радев бо таърихи бунёди ин боғи муаззам шинос шуд. дар бораи алломаҳои бузург, саркардаҳои номдор ва ҷаҳонгирон, ниёи ҷадиди мо, ки дар ёдгорӣ тасвир шудаанд, маълумот дода шуд.

Ҳайати намояндагон ба паҳлуҳои ғоявӣ ва меъмории маҷмааи “Ӯзбекистони Нав” диққат карданд. Ҳамоҳангии боғ – дарахтони нодир ва гулу гулзор, амфитеатр, фаввораҳо эътироф гардид.

Чорабиниҳои асосии сафар имрӯз, 10 июн баргузор мешаванд.

Тибқи барномаи сафар мулоқоти раҳбарони ду кишвар, баргузории чорабиниҳои расмӣ ва тиҷоратӣ ва имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Президенти Булғория Румен Радев дар Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд низ ширкат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: